logo

ҳуқуқ

ТЕРРОРИЗМ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ОН ТАДБИРҲОИ ДАСТАҶАМЪОНАРО ТАҚОЗО ДОРАД

Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ  шуда, фаъолияти онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо - Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардондааст.
Зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои динию мазҳабӣ сурат мегиранд, ба дини мубини ислом иртиботе надоранд, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ мешаванд.
Ҳар рӯз тавассути расонаҳои хабарӣ, шабакаҳои телевизионӣ аз амалҳои террористии гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқу Сурия ва дигар кишварҳо хабару гузоришот дарҷу пахш мегарданд. Сокинони сайёра ваҳшонияти ҷангиёнро, ки худро ҳомии ислом хонда, мардуми бегуноҳро катли ом мекунанд, қотеона маҳкум менамоянд.
Дигар ҷиҳати воқеан ташвишовар он аст, ки бо вуҷуди ваҳшонияти гӯшношуниди террористон дар сафи онҳо шаҳрвандони кишварҳои пасошӯравӣ низ меҷанганд. Мутаассифона, аз Тоҷикистони мо ҳам. Ва ин дар ҳолест, ки давлати ҷавони мо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шуд ва пиру ҷавон бо чашми сар ҳама даҳшату ваҳшат ва харобкориҳои онро диданд. Яъне, баъди ин сабақи талхи таърихӣ мо бояд миллате бошем, ки ҷангро чашми дидан накунем ва танҳо дар як ҳолати истисноӣ - ҳимояи Ватан силоҳ ба даст бигирем.
Пас чаро як идда ҷавонони тоҷик ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд? Зимнан, то ҷое маълум аст, аксари кулли онҳо ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия будан ба Сурия рафтаанд. Ба ин савол, аз ҷумла чунин посух мегӯянд, ки барои пулкоркунӣ рафтаанд. Яқин, ки онҳо фирефтаи таблиғоти гумоштаҳои ин гурӯҳи террористӣ ва сомонаҳои он, ки “кӯҳи тиллоӣ” ваъда медиҳанд, шуда бошанд. Бехабар аз он, ки онҳоро дар он ҷо на пули калон, балки марг интизор аст.
Дар ин иртибот, як масъалаи муҳимро зикр кардан зарур аст. Солҳои охир дар диёри орому осоиштаи мо бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои хурду калони зиёд мавриди истифода қарор гирифтаанд, то ки ҷавонон ҳар чи камтар ба муҳоҷират рафта, рӯзгорашонро дар Ватан бо меҳнати ҳалол обод созанд. Яъне, Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирҳоро андешида истодааст, ки мушкилоти иқтисодию иҷтимоиро пайваста ҳал карда, сатҳу сифати зиндагии мардумро баланд бардорад. Як мисол. Танҳо соли гузашта дар шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ 125 иншооти нав ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ ба истифода дода шуда, зиёда аз 20 ҳазор нафар соҳиби ҷойи кор гардид.
Дигар ҷиҳати нигаронсози масъала он аст, ки иддае аз ҷавонони гумроҳ, бинобар дониши казоӣ надоштан гирифтори тарғиботу дасисаҳои экстремистӣ мегарданд. Ва ин дар ҳолест, ки давлати дунявии мо барои шаҳрвандонаш он қадар масҷид бунёд кардаасту иҷозати сохтан додааст, ки дар ягон давру замон ба ин миқдор набуд ва ба хурду бузург дари онҳо кушода аст. Пас ҷурм дар куҷост? Дар он аст, ки иддаи ҷавонон намоз хонанд ҳам, Қуръон намехонанд (он борҳо ба забони давлатӣ нашр шудааст), аз фармудаҳои он, ҳадисҳои Паёмбар (с) огоҳ нестанд. Вагарна ҳеҷ набошад мефаҳмиданд, ки ҷиҳод ин на даъват ба ҷангу одамкушӣ, балки дониш андухтан, ба кори ҳалол машғул шудан, оилаи солим бунёд кардан, фарзандони солеҳ парвардан, хизмати падару модар ва Ватанро ба ҷо овардан аст. Дар масҷидҳо ходимони дин бояд ин фаризаҳоро ба ҷавонон талқин кунанд.
Соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардид, ки ин эътимод ба имрӯзу фардои неки насли ҷавон аст. Ин неруи бузурги созанда, ҳамчунин, бояд сипари боэътимоди Тоҷикистони шукуфои мо аз ҳама гуна хатарҳои терроризму экстремизм бошад.  Ба ин хотир таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд ҳамеша дар хотир дошт: «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Мубориза бар зидди даҳшатафканию ифротгароӣ фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳама кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.
Ҳусейн ҲАМИДЗОДА,
мудири бахши таъминоти ҳуқуқии
Хадамоти зиддиинҳисории назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2017    №: 105    Мутолиа карданд: 601

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед