logo

ҳуқуқ

Маводи мухаддир ҳамкориҳо дар самти мубориза тақвият меёбанд

Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар заминаи ҳамкориҳои ҳамоҳангшуда ва боварии мутақобилаи сохторҳои зиддимухаддиротии кишварҳои минтақа асос ёфтааст.

Ин нуктаро Шерхон Салимзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Конфронси 34-уми байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир (IDEC XXXIV), ки чанде пеш дар шаҳри Пуанта Канаи Ҷумҳурии Доминикан баргузор гардид, баён намуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти агентӣ, дар ин ҳамоиши сатҳи баланд, ки намояндагони воломақоми ниҳодҳои зиддимухаддиротии як қатор кишварҳои ҷаҳон, назири Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷопон, Канада, Колумбия, Австралия иштирок доштанд, Шерхон Салимзода оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҳукумати Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Директори агентӣ мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро яке аз ҷузъҳои муқобала бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла терроризми байналмилалӣ арзёбӣ намуда, таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба иқдом ва дастовардҳои кишвар дар соҳаи мубориза бо маводи мухаддир ҷалб сохт. Мавсуф таҳким ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла амалҳои ҳамоҳангшудаи ҷонибҳои манфиатдор ва созмонҳои байналмилалиро ба мақсад мувофиқ донист.
Дар Конфронси байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир ба саҳми Тоҷикистон дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар баҳои баланд доданд.
Сафаргул АЛИМОВА,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2017    №: 105    Мутолиа карданд: 862
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед