logo

фарҳанг

РИСОЛАТИ БУНЁДӢ. ОЗМУНИ "ҶУМҲУРИЯТ" ҶАМЪБАСТ ШУД

Дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ, ки Тоҷикистон гирифтори муноқишаҳои дохилӣ гардида, фазои ошуфтагӣ, бенизомиву бесуботӣ ҳукмронӣ мекард, умед танҳо ба шахсияте буд, ки бо фазли Илоҳӣ дар роҳи расидан ба саодати миллӣ ҳодиву раҳнамои халқи вомонда бошад. Ба иқболи мардуми тоҷик дар чунин давраи сангини таърих, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳнаи сиёсиву давлатдорӣ зуҳур намуд ва бо талошҳои пайгиронаи ин сиёсатмадори тавонманд ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима ёфта, сулҳу ваҳдат дар мамлакат тантана кард.
Ин матлаб дар маросими бошукӯҳи ҷамъбасти озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон-рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бахшида ба 20 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум эълон шуда буд, баён гардид. Ҷамъбасти озмун, ки рӯзи 25 май дар ноҳия Рашт баргузор гашт, доираҳои васеи илмию адабӣ, шоиру нависандагон, таърихнигорону дигар аҳли зиёро ба ҳам овард.
Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳар-рири рӯзномаи «Ҷумҳурият, изҳор дошт, ки "арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, таъмини саодати рӯзгор, сарсабзии мардуми сарбаланди тоҷик ва ҳамчунин, шинохти чеҳраи воқеии Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум аз ҳадафҳои аслии озмун буд.
Натиҷаҳои озмун нишон доданд, ки рӯзномаи "Ҷумҳурият" ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар иҷрои ҳадафҳои пешбинишуда муваффақ шуданд. Зеро маводи дар доираи озмун нашршуда, дар тақвияти андешаи давлатмеҳварӣ, худогоҳии миллӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ мусоидат хоҳад кард».
Қаноатшо Лоиқзода, раиси ноҳияи Рашт, зикр кард, ки маҳз бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ваҳдати комили миллӣ ба даст оварда, дар партави сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишвар дар мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Рашт корҳои созандагиву бунёдкорӣ идома доранд. Раиси ноҳия таъкид кард, ки маҳз сиёсати воқеъбинонаи Пешвои муаззами миллат буд, ки мо дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба арзишҳои таърихии миллати куҳанбунёди хеш рӯ овардем ва дар мисоли Нусратулло Махсум номи қаҳрамонони худро зинда кардем.
Дар озмун, ки аз 1 феврал то 25 майи соли ҷорӣ идома дошт, беш аз 70 матолиб дар қолаби жанрҳои мухталифи журналистӣ ворид гардида, 30 адади он бо салоҳдиди ҳайати эҷодӣ рӯи чоп омад. Ҳайати доварон баъд аз омӯзиши ҳамаҷонибаи матолиби нашршуда, Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон ва муаллифи матлаби «Ваҳдат оинаи башоратҳост»-ро ғолиби озмун донистанд. Тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон Абдукарим Мустафозода ва Худодод Зайниддин  сазовори ҷойи дувум, Ато Ҳамдам, Умари Шерхон ва Нуралӣ Нурзод ба гирифтани мақоми сеюм мушарраф гардиданд. Ҳамчунин, бо пешниҳоди доварон 5 нафар иштирокчии фаъол бо Ифтихорномаи «Ҷумҳурият» қадр шуд. Дар фазои тантанавӣ ба ғолибони озмун ва иштирокчиёни фаъол, диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои ҳавасмандӣ тақдим гардиданд.
Дар хотима пешниҳоди барномаи фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандони Филармонияи халқии ноҳияи Рашт ба номи Абдулазиз Расулов, ин маросимро рангину хотирмон кард.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.2017    №: 105    Мутолиа карданд: 446

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед