иқтисод
«ПОМИДОР. МАСЪУЛОН ЗИЁДУ МАСЪУЛИЯТ КАМ, ЧАРО?»
Мақолаи танқидию проблемавии Темуршоҳи Файзалӣ «Помидор. Масъулон зиёду масъулият кам, чаро?», ки 24 апрели соли равон дар Нашрияи расмии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№ 83) ба табъ расидааст, дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Муаллиф дар мақола баландшавии нархи помидорро дар бозорҳои дохилии минтақаи Кӯлоб дар соли 2016 аз ҳисоби пайдошавии ҳашароти куяи помидор маънидод намуда, дуруст нигоштааст, ки ин зараррасони дар шароити Тоҷикистон ба наздикӣ пайдошуда ба кишти помидори соли гузашта дар гармхона ва заминҳои кушод хисороти зиёд ворид намуд.
Бо мақсади пешгирии паҳншавӣ ва мубориза барои нест кардани куяи помидор 16. 08. 2016 фармоиши вазорат оид ба «Омӯзиши вазъи фитосанитарии зироатҳои сабзавотӣ ва роҳандозии чораҳои мубориза бар зидди зараррасонҳо» ба тасвиб расида, нақшаи тадбирҳо ҷиҳати мубориза ба ин ҳашароти зиёновар тартиб дода шуд. Дар баробари ин, аз ҳисоби мутахассисони вазорат ва олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъҷилан гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, вазъи гармхонаҳо ва киштзорҳои помидори шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, Файзобод, Шаҳринав, Ёвон ва Бобоҷон Ғафуров мавриди санҷишу омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифт. Сабабҳои пайдоиш ва паҳншавии зараррасон муайян карда шуданд. Гурӯҳи корӣ самаранокии биологии 6 намуд заҳрхимикатҳоро бар зидди куяи помидор дар мазраи помидори хоҷагии деҳқонии «Шумон» - и шаҳри Ҳисор санҷида, барои истифода заҳрхимикатҳои Аваунт, Асефид, Имидаклоприд, Моспилан ва гузоштани доми рӯшноиро тавсия дод.
Аз ҷониби вазорат дар асоси хулосаҳои гурӯҳи корӣ тавсияномаи «Тавсифи мухтасари куяи помидор ва чораҳои мубориза бар зидди он» омода ва ба кишоварзон дастрас карда шуд. Барои пешгирии паҳншавӣ ва мубориза бар зидди ин ҳашароти зараррасон дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ёвон, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар мавзӯи «Чӣ тавр майдони киштро аз куяи помидор муҳофизат кунем?» семинар – машваратҳои минтақавӣ баргузор гардиданд.
Ҳангоми гузарондани санҷишу мушоҳидаҳои навбатӣ дар гармхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то ин давра пайдоиши куяи помидор такроран ба қайд гирифта нашудааст. Дуруст ба роҳ мондани тадбирҳои муҳофизатӣ ва сард омадани обу ҳавои тирамоҳу зимистони соли гузашта ба паҳншавӣ ва инкишофёбии зараррасон таъсири манфӣ расонданд. Дар аксарияти гармхонаҳо барои муайян намудани парвози шапараки куяи помидор домҳои фермонӣ, ширешӣ ва барқӣ гузошта шудаанд.
Оид ба масъалаи муҳайё набудани шароити дурусти корӣ дар зерсохтори Бозрасии назорати давлатии тухмӣ дар минтақаи Кӯлоб иброз медорем, ки айни замон бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб дегхонаи марказии шаҳр ба ихтиёри Бозрасии назорати давлатии тухмӣ гузошта шудааст. Вазорат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар оянда ин бино пурра таъмир гардида, шароити кормандон беҳтар карда шавад.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкориҳои дуҷониба бо рӯзномаи «Ҷумҳурият» изҳори қаноатмандӣ намуда, умед мебандад, ки минбаъд низ ин ҳамкориҳои самарабахш баҳри рушди соҳаи аграрии мамлакат дар сатҳи баланд идома меёбанд.
Ҷамила САИДОВА, муовини вазири кишоварзӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.05.2017 №: 106 Мутолиа карданд: 588