logo

иҷтимоиёт

ҲАМОВОЗӢ. АНДЕШААМРО ДИГАР КАРДАМ

Матлаби «Ёфтаниҳо. Мо ба он чӣ гуна муносибат мекунем?» - ро аз рӯзномаи «Ҷумҳурият» (1 майи соли 2017) мутолиа кардам. Абдулқодири Раҳим, хабарнигори «Ҷумҳурият», воқеан, масъалаеро мавриди баррасӣ қарор додааст, ки пеш аз ин дар матбуоти кишвар дар ин хусус нахонда будам. Муаллиф барҳақ таассуф аз он хӯрдааст, ки «посухи мо дар маҷмӯъ дар ин маврид мусбат нест. Ҳарчанд ки бояд мусбат бошад». Таассуф боз аз он аст, ки ҳақиқату сифатҳои нек ва чунин қонунҳои навиштаву нонавишта ба тадриҷ аз миён мераванд. Ин масъала бошад, камтар касонро ба изтироб меорад. Ҳол он ки сухан аз пойдории беҳтарин анъанаҳо, расму оинҳои миллию динии мо аст.
Ман пас аз мутолиаи ин матлаб ба дурустӣ дарёфтам, ки мо дар мавриди ёфтаниҳо чӣ масъулияти бузурге доштаем. Пас чаро масъулиятшинос нестем? Посух ба ин пурсиш зиёду гуногун мебошад. Медонам, ки таъсири расму оинҳои зарарноки кишварҳои хориҷӣ ба фарҳанги миллию динии мо таъсирашро гузоштаву мегузорад. Оё ба ин ҳол мо дар гӯшае қарор бинишинему муҳри хамӯшӣ ба лаб бизанем? Не. Ҳар нафари огоҳ, зиёӣ бояд рисолаташро ба ҷо биёрад.
Магар барои намояндаи миллати мо, воқеан, айб нест, ки кас барои ёфтаниҳо маблағи калон талаб бикунад? Албатта, айб аст ва нобахшиданӣ. Фарҳанги волоямон бояд имкон надиҳад, ки ба ин гуна кирдорҳои номатлуб рӯ биёрем. Бо вуҷуди ин, як ҳодисае бо ман рух дод, ки пас аз он нигоҳу андешаам ба ин масъала ба пуррагӣ тағйир ёфт. Ҳуҷҷатҳои як нафарро пайдо кардам. Ба воситаи радио эълон додам, ки соҳибаш биёяду онро аз ман бигирад. Суроғаамро низ баён намудам. Таъкид кардам, ки барои ин аз соҳиби ҳуҷҷат ҳеҷ гуна ҳадяеро интизор нестам. Мутаассифона, соҳиби ҳуҷҷатҳо ба ҳуҷраи кориям бо як милитсионер омад. Туҳматам намуд, ки ман онҳоро дар ҳолати мастии ӯ аз ҷайбаш дуздидааму ба ин васила пул кор кардан мехоҳам. Хостанд аз болоям парвандаи ҷиноятӣ бикушоянд. Ба як шиносам, ки дар мақомоти болоӣ кор мекард, рӯ овардаму аз ӯ мадад хостам. Ҳамин тавр, агар ин шахс ба масъала дахолат намекард, намедонам кор ба чӣ меанҷомид. Ва ҳам гӯё некӣ кардаму барои худ дарди сар харидам. Ман мефаҳмам, ки чунин одамон, ки наметавонам онҳоро инсон ном бибарам, хушбахтона, каманд. Бо ин ҳама вазифа ва рисолати ҷонии мо аст, ки ёфтаҳоро ба соҳибонаш баргардонем. Оре, ин тасмими дуруст дар ман баъд аз хондани матлаби Абдулқодири Раҳим пайдо шуд ва хулосаамро аз он пас ба маънои мусбаташ дигар намудам. Аз ин рӯ, ба муаллиф ва рӯзномаи «Ҷумҳурият» барои нашри ин матлаб изҳори сипос менамоям.
Д. МАҶИДЗОДА, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2017    №: 106    Мутолиа карданд: 430

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед