logo

иҷтимоиёт

ЗИНДАГИИ БАЪД АЗ МАРГ

Зиндагинома, фаъолияти сиёсӣ ва санъати давлатдории Нусратулло Махсум ниҳоят рангину гуногунмазмун буд. Ӯ яке аз нахустин поягузорони давлати миллии тоҷикон дар солҳои 20 - и қарни ХХ маҳсуб меёбад. Ин марди бузург аз раиси Кумитаи инқилобии ноҳияи Ғарм то раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон сабзид. Фаъолияти ҳамаҷонибаи Нусратулло Махсум дар солҳои пурошӯби ҳаёти сиёсии давлати ҷавони шӯравӣ ва марзбандию таъсиси Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон хеле ибратбахш аст.
2 - юми августи соли 1924   Бюрои марказии КМ ҲК (б) ҳайати Комиссияи давлатии тақсимоти ҳудудӣ ва марзбандӣ дар Осиёи Миёна ва ташкили ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва мухторро тасдиқ кард. Дар рӯзҳое, ки ин комиссия дар Тошканд ба фаъолият сар карда буд, дар Душанбе (аз 1 то 5 сентябри соли 1924)  Анҷумани якуми депутатҳои халқии Бухорои Шарқӣ ҷараён дошт. Анҷуман доир ба ҳаёти Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ дар бораи то охир маҳв кардани ҳаракати босмачигарӣ, барқарор намудани хоҷагии халқ ва марзбандии миллӣ - ҳудудии Осиёи Миёна қарор қабул кард. Нусратулло Махсум ба ҳайси раиси КИМ-и Бухорои Шарқӣ ба Тошканд омада, бо қарорҳои Комиссияи давлатии тақсимоти ҳудудӣ ва марзбандӣ шинос шуда, ба КМ ҲК (б) нома навишт. Дар он, аз ҷумла омада буд: «…масъалае, ки ба манфиатҳои халқи тоҷик дахл мекунад, ғайриодилона ҳал карда шудааст. Қарор дар бораи ҳамчун вилояти мухтор эътироф шудани Тоҷикистон ҳуқуқи миллии тоҷиконро ба таъйини сарнавишташон вайрон мекунад, дар сурате, ин гуна ҳуқуқ ба дигарон дода шудааст».
Нусратулло Махсум аз КМ ҲК (б) хоҳиш намуд, ки қарори Комиссияи марзбандиро мавриди таҷдиди назар қарор диҳад. Пешниҳод намуд:
1. Дар бораи ба ҳудуди Тоҷикистон дохил намудани Ӯротеппа, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Сух, Риштон, Учқӯрғон ва дигар маҳалҳои ҳамҷаворе, ки сокинони онҳо бештар тоҷикон мебошанд.
2. Ба Тоҷикистон пурра имконият дода шавад, ки озодона дар асоси ҳамон принсипҳое, ки Ҷумҳурии Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис шудаанд, ташкил шавад ва ба Ӯзбекистон ягон тобеияте надошта бошад.
- Ҳангоми ҳалли ин масъала, - навишта буд Нусратулло Махсум, - бояд ба назар гирифт, ки то охири асри XlX бисёр маҳалҳои Тоҷикистон, масалан Дарвоз, Қаротегин, Кӯлоб, Шуғнон ва Рӯшон комилан мустақил ва ба хонигариҳои Бухоро ва Қӯқанд тобеъ набуданд. Фақат баъди тасарруфи Бухоро аз тарафи Русияи подшоҳӣ, амири Бухоро бо мадади подшоҳи Рус аҳолии Бухорои Шарқиро, ки то он  замон озод буд, мутеи худ гардонд.
Мавқеи Нусратулло Махсум ба муҳокима ва ҳалли минбаъдаи масъалаи ташкили давлати миллии тоҷикон таъсири мусбат расонд. Дар телеграммае, ки ба Бюрои Осиёмиёнагии КМ аз номи КИМ-и Бухорои Шарқӣ бо имзои Нусратулло Махсум ирсол гардид,  зикр шуда буд:   «Қарори КМ ҲК (б) дар бораи таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми дуруст дар ҳалли ҳам масъалаи миллӣ ва ҳам масоили хоҷагию иқтисодӣ мебошад, ки то имрӯз дар назди халқҳои сокини қаламрави Ҷумҳурии Бухоро истода буданд. Қарори КМ ба халқи тоҷик имкон медиҳад, ки дар ҳайати Иттиҳоди ҶШС мустақилона вуҷуд дошта бошад, аз ҳавои худ нафас гирад ва тақдири худро худаш ҳал намояд».  
Бо як ҳисси баланди ватансозӣ соли 1930 Нусратулло Махсум дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ба амал овард ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар ободии Ватан ва рушди давлати навини тоҷикон ҳамроҳи дӯстонаш заҳмат кашид. Маҳз дар ҳамин давра аз рӯи нақшаи давлатии панҷсолаи якум соҳаҳои иқтисодиёт,  маориф, тандурустӣ ва иҷтимоиёт рушд мекарданд.   Тадриҷан ба руши соҳаҳои саноат ва сохтмон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мешуд. 
Нусратулло Махсум барои ҷалби занон дар идораи давлатӣ талош мекард. Ӯ соли 1930 дар мақолаи «Шӯроҳо - ситоди озоди бахши занон», ки дар рӯзномаи «Советский Таджикистан» ба табъ расида буд, бо қаноатмандӣ навиштааст:  «Мо шоҳиди болоравии фаъолнокии занон мебошем. Шумораи занҳо дар шӯроҳо ва Кумитаи иҷроияи ҷумҳурӣ меафзояд. Таваҷҷуҳ ба дониш ва таҳсили онҳо даҳҳо ҳазор занонро ба муассисаҳои таълимӣ ҷалб месозад, онҳоро аз асорату ҷаҳолат берун меорад». 
Ин  марди бузург ба соҳаи кишоварзӣ бо назари нав нигоҳ мекард. Дар як муддати кӯтоҳ бо ташкили аввалин колхозҳо 1085 трактор дастрас гардид, майдони умумии кишт ба 785,9 ҳазор гектар расонда шуд. 
Маҳз қобилияти фавқулодаи роҳбарӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ғурури ҷавонмардии Нусратулло Махсум буд, ки бадхоҳони миллат пайт меҷустанд, ки номи шарифи ӯро доғдор намоянд. Ниҳоят душманон ба мақсад расиданд. 31 октябри соли 1937 фарзанди фарзона, ғамхори миллату Ватан Нусратулло Махсум ба ҷазои қатл маҳкум шуда, 15 ноябри соли 1938 ин ҳукм амалӣ гардид.
Боиси хурсандӣ ва сарфарозии  ҳар як фарди бедордилу равшанзамири кишвар аст, ки бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои фарзанди накуноми халқи тоҷик Нусартулло Махсум бо унвони олӣ - Қаҳрамони Тоҷикистон қадр гардид.
Маҳмадлоиқ НОСИРОВ,
директори китобхонаҳои системаи марказондашудаи бахши фарҳанги ноҳияи Рашт


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2017    №: 106    Мутолиа карданд: 566

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед