logo

илм

АЗ ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ ТО ИСТИҚЛОЛИ ИЛМӢ

Истиқлоли илмӣ ҷавҳари истиқлоли миллӣ маҳсуб мешавад. Дар иртибот ба ин мавзӯъ хабарнигорамон бо Аброр Мирсаидов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, ҳамсуҳбат шуд.

- Устод, назари Шумо дар мавриди истиқлоли илмӣ – ҷавҳари истиқлоли миллӣ чӣ аст?
- Ман бар ин гуфта мувофиқам. Ҳанӯз Алберт Эйнштейн, олими маъруфу сатҳи ҷаҳонӣ, дар даврони худ изҳор дошта буд, ки «аз кулли халқҳо ҳамон халқ доимо бузург мемонад, агар вай дар соҳаи тафаккуру дониш аз дигарон афзалият дошта бошад». Албатта, ин ҳақиқатро ба ҳазорсолаҳо пеш ниёгони шарафманди мо таъкид намуда буданд. Миллати моро дар ин дарозои таърих илму адабаш пойдор нигоҳ дошт ва ҳам дар ҷаҳон машҳур гардонд. Бо ба даст овардани истиқлоли миллӣ замина ва имконҳои зиёд барои истиқлоли илмӣ ва густариши он ба вуҷуд омадааст. Бояд аз ин имконот дуруст ва васеъ истифода барем. Чаро? Чунки андак ғафлат варзидан моро дар замоне, ки илм ба суръати кайҳонӣ пеш меравад, аз иҷрои мақсудҳои бузург ба қафо, ба дуртар мебарад.
- Яке аз масъалаҳои мураккаб, ки ниёз ба ҳалли саривақтӣ дорад, ба вуҷуд овардани забони илм ва рушди он аст. То ба куҷо муваффақ шудем?
- Ин масъала чандин сол боз дар маркази таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва дар ин бора дастур  ҳам доданд. Таъсиси Муассисаи давлатии «Комиссияи миллии  аттестатсионӣ»-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки се сол пеш сурат гирифт ва аллакай он самараи нек оварда истодааст, ба ин хотир буд. Ин кор барои миллати соҳибилму тамаддуни мо, фикр мекунам, ки душворие надорад, зеро сарчашмаҳо ва заминаҳои пурқувват вуҷуд доранд. Масалан, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар иртибот ба ин мавзӯъ ҳанӯз дар асри X гуфта буд, ки «Чи об ҷӯям аз ҷӯйи хушки юнонӣ?». Илми Юнон дар ин замон ва пеш аз он шуҳрат ёфта буд, вале бузургони мо узри нотавонӣ наоварданд. Онҳоро омӯхтанду дар банди он намонданд, балки пеш рафтанд. Дуруст аст, ки ҳолиё барои касби сатҳи забони илми тоҷикӣ хеле заҳматҳо бояд кашид. Агар барои мисол ба таърихи Русия сатҳӣ ҳам бошад, як назар бикунем, маълумамон мегардад, ки як муддат забони фаронсавӣ дар ин ҷо мақоми муайян дошт. Аммо бо ҷидду ҷаҳди абармардони илму адаби миллати рус бо сарварии М. Ломоносов аз ин варта, ки дар навбати худ хатари бузург ҳам дошт, раҳоӣ ёфтанд. Баъдан Русия чун як кишвари поягузори илми бунёдӣ дар ҷаҳон шинохта шуд. Президенти кишвар барҳақ таъкид доштанд: «Забонҳое, ки қудрату имконияти ғунҷоиши бозгӯии воқеияту ҳақиқати рӯзгори зудҳаракатро надоранд, ногузир маҳв мешаванд. Умед аст, ки ин пешомади ногувор забони тоҷикии форсиро фаро нахоҳад гирифт. Аммо танҳо бо умед будан ва хотири ҷамъ доштан пойдории забони Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Синову Носири Хусрави Қубодиёниро дар шароити глобализатсия кафолат намедиҳад».
- Тавре бармеояд, таъкид бисёр ҷиддӣ аст. Пас, чӣ бояд кард?
- Таълифи рисолаҳову асарҳои баландмазмуни илмӣ бо забони давлатӣ, фикр мекунам, ки доираи гунҷоиши забони тоҷикиро васеъ намуда, ба пойдории устувори он неру мебахшад ва низ мусоидат мекунад. Агар реферат ва ё фишурдаи мазмуни асарҳои илмиамонро ба забонҳои маъруфи ҷаҳонӣ тарҷума намуда, дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷой диҳем, пас ҳусни таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба тарҷумаи мукаммали он пайдо хоҳад шуд. Ба яқин, Комиссияи миллии аттестатсионӣ дар ин маврид дар амалӣ шудани ин мақсади муфид барои миллат ва забони давлатии он хизмати бузургро ба фарҷом расонда метавонад.
- То кадом андоза ин масъулияту рисолат шинохта шудааст?
- Олимони тоҷик бисёр возеҳ дарк намуданд, ки маҳз дар фазои Истиқлолияти давлатӣ имконияти васеъро дар роҳи таъмини шинохти илми тоҷик дар арсаи ҷаҳон пайдо кардаанд. Имрӯзҳо онҳо дар ҳамоишҳои бузурги ҷаҳонӣ фаъолона ширкат варзида, ақидаҳо ва матлабҳои ҷаҳонсози худро аз номи Тоҷикистон пешниҳод ва баррасӣ менамоянду барои ҷаҳонишавии илми тоҷик саъй ба харҷ медиҳанд.
- Суҳбатро мехоҳам дар бораи мавзӯъҳои илмие, ки таҳқиқ мешаванд ё бояд шаванд, идома бидиҳед.
- Бояд ин мавзӯъҳо, пеш аз ҳама, ба ҳалли он муаммоҳо ва кушодани гиреҳҳое бошанд, ки дар кишварамон мавҷуданд, равона гарданд.  Комиссияи миллии аттестатсионӣ имкон фароҳам меорад, ки координатсияи мавзӯъҳои илмӣ ё худ таҳқиқоти илмӣ хеле воқеиву амалӣ гардад ва  ба ташаккули мактабҳои илмии кишвар мусоидат намояд. Мо олимони асилу варзида дорем. Фурсат ҳам ҳаст, ки бо истифода аз неруи онҳо, азбаски синни онҳо аз 60 боло аст, ин сохторро таҳким бахшем. Дуруст аст, ки барои баъзе ихтисосҳо бинобар набудани олимони ин соҳа шӯроҳои илмиро наметавонем таъсис бидиҳем. Ин норасоиро метавон бо роҳи тайёр кардани олимони ин ихтисос дар кишварҳои хориҷӣ ва ё бо ташкили ҳимояи маротибавӣ дар шӯроҳои илмии амалкунандаи ба он ихтисос наздик бо даъвати олимони дигар кишварҳо рафъ намуд.
Муҳим ин аст, ки мо дар роҳи дурустем ва барои рушду густариши илм бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва шинохти рисолат олимонамон фаъолияти чашмрас доранд.
Мусоҳиб Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2017    №: 106    Мутолиа карданд: 2518

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед