logo

фарҳанг

"ВОСЕЪ МАРДИ МАЙДОН БУД". ПЕШНИҲОД ДУРУСТ ВА МУФИД АСТ

Матлаби «Восеъ марди майдон буд» - и Абдулқодири Раҳимро, ки 5 майи соли равон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба табъ расидааст,  мутолиа намудем. Муаллиф навиштааст, ки «соли оянда ба шӯриши халқӣ, ки таҳти сарварии Восеъ бар зидди истисмори амирӣ сурат гирифт,  130 сол пур мешавад.  Мавриди ёдоварии махсус аст, ки 100 – солагии он дар ноҳияҳои ҳамноми ӯ ва  Ховалинг дар сатҳи баланд ва хотирмон таҷлил гардида буд».
Дар ҳақиқат, таҷлили ин сана ҳанӯз ҳам аз хотирамон нарафтааст. Ба он омодагии зиёд гирифта будем. Фикр мекунам, ки дар боло бурдани ҳувияти миллӣ мусоидат намуд. Ба ин васила осорхонаи ин марди муборизи миллат дар Дараи Мухтор  бунёд гардид. Хушбахтона, қисме аз нигораҳо, ки бозгӯи он рӯзгоранд, дар осорхона маҳфузанд.
Дар он даврон зулму ситам нисбат ба мардуми одӣ аз ҳад гузашт. Ин буд, ки ҷувозкаши Дараи Мухтор  - Восеи диловар ба он муросо накард.
Дар бозори Ховалинг мардумро ба шӯриш даъват намуд. Шуҷоату диловарӣ ва корнамоии ӯ дар суруди халқӣ тавсиф шуд:
Восеъ ғазост имрӯз,
Ҷон мубталост имрӯз.
Ғавғои рӯзи маҳшар
Бар фуқарост имрӯз.
Ҳамон сол, яъне соли 1888 шӯришро зуд хомӯш карданд. Восеъро дар Шаҳрисабз ба дор овехтанд. Аммо ӯ ба пеши золимон сар хам накард.
Муаллифи мақола пешниҳод месозад, ки 130 – солагии ин шӯриши халқӣ бо сарварии Восеъ соли оянда таҷлил гардад. Албатта, таҷлили он аз аҳамият холӣ нест. Махсусан, дар замони истиқлол ба хотири шинохти бештару беҳтари таърихи миллат ва фарҳанги он зарур мебошад.
Амир Сайиди МУНКӢ, ноҳияи Ховалинг


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2017    №: 106    Мутолиа карданд: 483

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед