logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ. ЧАНД ПЕШНИҲОД

Дар давоми даҳ соли амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба он ду маротиба дар асоси дархосту муроҷиати шаҳрвандон ва пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба   тағйиру иловаҳои дахлдор вобаста ба тӯйҳои домодию арӯсӣ, хатнасур, маросимҳои азодорӣ, вақти баргузории маърака дохил карда шуд. Раванди амалишавии қонун, шароитҳои нави муносибатҳои ҷамъиятӣ ва пешниҳоду дархостҳои сокинони кишвар ҳангоми мулоқоту вохӯриҳо, далолат ба он дорад, ки зарурати бори дигар ворид намудани тағйиру илова ба миён омадааст.

Шаҳрвандон хоҳони онанд, ки баргузории ҷашну маъракаҳо мавсимӣ сурат гиранд: дар фаслҳои баҳору тобистон (аз 1 март то 31 август) дар рӯзҳои истироҳат аз соати 6:00 то 23:00, дар рӯзҳои корӣ аз соати 18:00 то 23:00 ва дар фаслҳои тирамоҳу зимистон (аз 1 сентябр то 1 март) дар рӯзҳои истироҳат аз соати 6:00 то 23:00, дар рӯзҳои корӣ аз соати 17:00 то 23:00 дар доираи се соат. Ин пешниҳод чунин асоснок карда мешавад, ки дар фасли баҳору тобистон субҳ барвақт медамад ва агар маъракаҳо барвақттар оғоз бигарданд,  шахсоне, ки дар саҳро кор мекунанд, метавонанд дар маърака ширкат намуда, баъдан аз пайи кор шаванд. Дар фасли зимистон, махсусан дар минтақаҳои кӯҳистон торикшавии ҳаво аллакай соатҳои  16 - 17 сурат мегирад, бинобар ин, ба мақсад мувофиқ аст, ки маъракаҳо аз соати 17 оғоз гарданд.
Яке аз мушкилоти дигари амалишавии қонун масъалаи баргузории маросими азодории чил бо иштироки 80 нафар ва маросими сол бо иштироки 100 нафар мебошад. Бояд иқрор шавем, ки дар аксар ҳолатҳо ин меъёр риоя намегардад, чунки дар маросимҳои азодорӣ ташрифи меҳмонон бе даъват зиёд ба мушоҳида мерасад. Аз як тараф чунин ҳолат ғайри хоҳиши соҳибмаърака сурат гирифта бошад ҳам, ваколатдори соҳа маҷбур аст нисбати соҳибмаърака чораҳои таъсиррасониро амалӣ намояд. Яъне, ба мусибат мусибати дигар зам мегардад. Бинобар ин, пешниҳод мегардад, ки маросимҳои чилу сол, ба монанди маросими се бо дуову фотиҳа ва шумораи номаҳдуди меҳмонон, вале бидуни таом пешбинӣ карда шавад ва ё   теъдоди иштирокчиёни маросими чилу сол зиёд карда шавад.  
Яке аз хизматҳои дигари қонун ба ҳисоботи оморӣ ворид гардидани ҷашну маъракҳо маҳсуб мегардад, вале дар қонун ин масъала зикр нагардидааст. Бинобар ин, барои ба қайд гирифтани тӯю маъракаҳо ва пешбурди ҳисоботи оморӣ соҳибмаърака бояд  ба мақоми ваколатдор ва сохторҳои он дар маҳалҳо муроҷиат намояд. Ин пешниҳод бо мақсади мушаххас намудани масъулияти соҳибмаърака дар баргузории ҷашну маросимҳо ва муқаррар намудани механизми ҳуқуқӣ  дар робита ба пешниҳоди тавсияҳо оид ба камхарҷ гузарондани тӯю маросимҳо мебошад.
Вақтҳои охир аз ҷониби хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ, гимназия, коллеҷ ва макотиби олӣ   баргузории маъракаҳои гуногун ба мушоҳида мерасад. Хуб мебуд оростани ҳар гуна зиёфатҳо ба муносибати хатми муассисаҳои таълимӣ манъ гардад, чунки баргузории онҳо боиси хароҷоти зиёдатӣ гардида истодааст.
Мутобиқи талаботи қонун феълан бастани шартномаҳои хизматрасонӣ дар маъракаҳо танҳо бо ҳунармандон пешбинӣ шудааст. Барои мукаммал намудани қонун пешниҳод мегардад, ки ҳама гуна хизматрасониҳои пулакӣ дар маъракаҳо, ба монанди хизмати навозандагон, барандагон, наворбардорон, аксбардорон  ва дигар шахсоне, ки дар тӯю маъракаҳо ба таври касбӣ хизматрасонӣ менамоянд, ҳамчунин, хизматрасониҳои маъмурияти муассисаҳои фарҳангӣ, тарабхонаҳо, тӯйхонаҳо, ошхонаҳо ва қаҳвахонаҳо дар баргузории тӯю маъракаҳо бояд дар асоси шартномаи тарафайн бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад. Ҳадаф аз  пешниҳоди мазкур ба замми ҳунармандон, инчунин, ба гурӯҳи номбурдаи шахсони воқеию ҳуқуқӣ пешбинӣ намудани талабот доир ба бастани шартномаи тарафайн аз талаботи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд, инчунин, ғанӣ гардондани буҷети давлат бармеояд.
 Дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он наздики як миллион шаҳрвандон сукунат доранд, вале теъдоди кормандони ваколатдори соҳа ҳамагӣ 12 нафарро ташкил медиҳад. Барои пурсамар намудани фаъолияти соҳа пешниҳод мегардад, ки шумораи кормандони бахшҳо оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳри Душанбе зиёд карда шавад, то ин ки фарогирии назорати қонун дар саросари пойтахти кишвар таъмин гардад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки имрӯзҳо тамоми мақомоти қудратии кишвар дар назорати амалишавии Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” саҳм гирифта истодаанд. Мутаассифона, вақтҳои охир баъзе мақомот дар алоҳидагӣ, бе мувофиқаи байниҳамдигарӣ рейд доир намуда истодаанд, ки боиси нороҳатии шаҳрвандон мегардад. Баъзан як маъракаро пайи ҳам се чор гурӯҳ назорат мебарад, ки боиси озурдахотирии сокинон мешавад. Пешниҳод мегардад, ки рейдҳои назоратӣ бо иштироки намояндаҳои сохторҳои гуногун дар якҷоягӣ бо ваколатдори соҳа гузаронда шуда, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ танҳо аз тарафи комиссияҳои доимӣ ба суд пешниҳод гарданд.
Тибқи қонун истифодаи 4 автомашина барои иштирок дар ақди никоҳ пешбинӣ гардидааст, ки баъзан ин меъ-ёр риоя намегардад. Дар аксар ҳолат соҳиби маърака шикоят аз он мекунад, ки ёру рафиқони домод худсарона ба қатора ҳамроҳ мешаванд, ки хилофи қонун мебошад. Пешниҳод мегардад, ки нисбат ба чунин ашхосе, ки худсарона бо мошинҳои худ ба қатора ҳамроҳ мешаванд, ҷазо татбиқ карда шавад.
Яке аз масъалаҳои мубрами рӯз дар баргузории тӯйи домодиву арӯсӣ, мушкилоти хариди ҷиҳози арӯс мебошад, ки сарбории вазнин барои волидайни арӯс гардидааст. Ҳоло барои хароҷоти тӯй ва ҳадя пешниҳоди миқдори муайяни маблағ аз тарафи домод маъмул шудааст вале падару модари арӯс бояд рахти хоб, ҷевон, телевизор ва ғайраро ба маблағи ду - се баробар зиёдтар харидорӣ намоянд. Ин сарбориҳо рӯз то рӯз бештар гардида истодаанд, ки боиси ташвиш буда, ҳалли онро бояд пайдо намоем.
  Ва ниҳоят, дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси дар барномаҳои муассисаҳои таълимии кишвар ба роҳ мондани омӯзиши ҳатмии Конститутсияву қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, саривақтӣ ва муфид мебошад. Зеро аҳли ҷомеа аз даргоҳи мубораки мактаб мегузаранд, дар сурати омӯзиш, аз нуктаҳои асосии Конститутсия ва қонунҳои миллӣ огаҳ мегарданд ва дар ҳаёти худ аз онҳо самаранок истифода мекунанд.
Дар ҳама ҷабҳаҳо кадрҳои баландихтисос асоси рушду нумӯи соҳаро таъмин менамоянд. Мутаассифона, аксари кормандони соҳа дар шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳо аз рӯи ихтисос ба вазифаҳои ишғолнамуда мутобиқат намекунанд. Барои соҳаи дин ва танзими ҷашну маросимҳо дар ягон муассисаи олии кишвар факултет ё бахш пешбинӣ нашудааст, ки онҳо донандаи хуби соҳаи ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ, фалсафа, қонунҳои миллӣ, забонҳои хориҷӣ, таърихи динҳои ҷаҳонӣ ва дини ислом ва махсусан мазҳаби Имоми Аъзам бошанд. Бисёр хуб мешуд,   масъалаи мазкур мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифта, дар ниҳояти кор қарорҳои дахлдор ба тасвиб мерасиданд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин мушкилот моро зарур аст, ки минбаъд низ ташвиқу тарғиби талаботи қонунро дар байни сокинони кишвар зиёд намоем, шаҳрвандонро бовар кунонем, ки талаботи қонуни мазкур танҳо барои фоидаи буҷети оилаи онҳо буда, риояи муқаррароти он ҳам фарз ҳасту ҳам қарз.
Азизулло МИРЗОЗОДА,
муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими
анъана ва ҷашну маросимҳои миллии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2017    №: 106,108    Мутолиа карданд: 455

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед