logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. ПАЙКИ НЕКИ МУНОСИБАТҲОИ ДӮСТИЮ БАРОДАРӢ

Вақтҳои охир дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон вазиши боди  муроду нарм ба мушоҳида мерасад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баҳри таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстию бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек кӯшиш ва ҳавасмандии зиёд нишон медиҳанд. Дар тӯли ҳамагӣ  беш аз ҳафт моҳ ба Тоҷикистон ташриф овардани вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдуазиз Комилов, фаъол гардидани комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дар ҳамин замина ба даст омадани тавофуқ ва оғоз ёфтани парвози тайёраҳо миёни Душанбеву Тошканд, ба вилояти Суғд омадани гурӯҳи соҳибкорони муваффақи ӯзбек, доир шудани намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе ва ахиран баргузор гардидани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи  иқдомҳои рӯҳнавоз ва умедбахш, ҳусни нияти неки дӯстӣ, ҳамсоягӣ ва ҳамҷаворӣ дониста мешавад.
Шамими насими гуҳарбори расидани давраи нав дар рушди муносибатҳои ду кишвар дар барқияи табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва анҷом додани суҳбати телефонии сарони ду кишвар зуҳур ёфта буд ва мардуми тоҷику ӯзбек  онро бо шодиҳои афзун пайки неки идомаи муносибатҳои дӯстию бародарӣ унвон карданд. Дар барқия, аз ҷумла омада буд: «Дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун пайрави рушди бемайлони муносибатҳои дӯстиву ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои гуногунсоҳаи кишварҳои мо медонанд ва ба шахсияти Шумо эҳтиром мегузоранд. Итминон дорам, ки идомаи ҳамкории судманду самаранок миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷавобгӯи манфиатҳои асили мардумони мо мебошад. Халқҳои моро анъанаҳои чандинасраи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила, ки аз даврони мутафаккирони бузурги Машриқзамин Ҷомӣ ва Навоӣ маншаъ мегиранд, ба ҳам мепайванданд». Ин сатрҳои самимӣ ба мардуми ҳар ду кишвар рӯҳбаландӣ ва умеди неку тозаро эҳдо карданд.
Воқеан, ҳусни ҳамҷаворӣ ва дӯстию эҳтироми халқҳои мо аз мутафаккирони бузургамон Ҷомию Навоӣ ибтидо гирифта, васфи ин дӯстӣ дар эҷодиёти адибони баъдӣ маънию мафҳуми тоза касб намудааст. Зеро ин ду халқи қадимӣ ва ҳамтақдир, ки дар дарозои таърих ҷабру ҷафои аҷнабиёнро баробар кашидаанд, на танҳо сурати ба ҳам монанд, балки ботини зебо, қобилияти воқеии мубориза бурдану зистан доранд. Чеҳраи кӯлобиёну тошкандиён, раштию фарғонагӣ, зарафшонию намангонӣ яксон зебою пурнур аст ва наметавон ба осонӣ миёни ин чеҳраҳо фарқ гузошт. Боқӣ Раҳимзодаи  бедордил ва зиндаёд дар як таронаи машҳураш ҳамин маъниро таъкид намуда, чунин хитоб карда буд:
Эй бародар, бигӯ, ту тоҷикӣ ё ӯзбек?!
Шоири тавоно ва муосири ӯзбек, муаллифи Суруди миллии Ӯзбекистон шодравон Абдулло Орипов шеъри машҳурашро бо унвони «Узбегим тожик билан» («Ӯзбекиям бо тоҷик аст») ба нашр расонда буд, ки оҳангсозон ба он оҳанг баста, ба суруди машҳури дӯстию вафодории ду халқ табдил доданд.
Акнун, ки ба шарофати сиёсати дурандешонаи сарони давлатҳо - Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев давраи нави инкишофи муносибатҳои неки ҳамсоягию ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон оғоз ёфтааст, ин бинои умед ва шодиҳо абадӣ устувор ва поянда хоҳад монд. Умед мекунем, ки аз расидани боди мурод дар баҳри бекарони дӯстию бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек муносибатҳо, ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ, анъанаҳои хешутаборӣ густариш меёбанд, муҳимтар аз ҳама, равуо ба кишварҳои ҳамдигар осону муқаррарӣ мегардад ва дастархони пурнозу неъмати дӯстӣ ва хешутаборӣ дар хонадони ҳар кадоми мо ороста мешавад.
Луқмон ҚУРБОН, нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.05.2017    №: 106    Мутолиа карданд: 795

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед