logo

фарҳанг

ИСТАРАВШАН. ЧАРО БОҒҲОИ ФАРҲАНГӢ БА ТАЛАБОТ ҶАВОБГӮ НЕСТАНД?

Мавсими тобистон фаро расида бошад ҳам, то ҳол ягон марказу нуқтаҳои фарҳангӣ - фароғатии шаҳри Истаравшан ба таври зарурӣ омодаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ нестанд. Сарфи назар аз он, ки дар солҳои охир шаҳр аз лиҳози бунёди иншооти гуногуни дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас муваффақ шудааст, аз мадди назар дур мондани  ҳолати марказҳои фароғатӣ барои шаҳре, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 250 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, касро ба андеша водор месозад.
Шиносоӣ аз чанд боғу қасри фарҳанги ин шаҳри бостонӣ бо роҳбаладии Маҳкам Додоев, корманди масъули бахши фарҳанги шаҳр, ба мо таассуроти нохуш ва басе нигаронкунанда гузошт. Ҳамон чанд нуқтаву марказҳои ба ном фарҳангиву фароғатӣ, ки имрӯз дар шаҳр амал мекунанд, дар баробари он ки ба мавсим омода нестанд ҳатто, ба одитарин талаботи рӯз ҷавобгӯ намебошанд.
Яке аз марказҳои фароғатии шаҳр боғи «Муборак» буда, ба Муборак Маъмурова тааллуқ дорад. Дар он аз омодагӣ ба мавсими нав ҳатто кӯшише ба назар намерасад. Атрофи боғро алафҳои бегона пахш карда, дастгоҳҳои идоракунии нуқтаҳои фароғатии тифлакону наврасон шикаставу паҳну парешон хобанд. Дар ягон самти боғ навиштаҷоте, ки воқеан ҳам ин ҷо маркази фарҳангиву фароғатист ба чашм намерасаду барои волидони бачаҳо ягон шароите муҳайё карда нашудааст.
Маҳкам Додоев баҳона пеш меорад, ки ин маркази фароғатӣ хусусӣ асту дар тавозуни идора нест ва ҷиҳати омодагӣ ба мавсим ба кори соҳибмулк дахолат карда наметавонанд.
Маҷмааи «Садбарг» - ро чун мавзеи фароғатӣ муаррифӣ кардаанд, ки куллан ба талаботи он ҷавобгӯ буда наметавонад. Ин маҷмаа, асосан, иборат аз тарабхонаву тӯйхона ва ошхонаҳо буда, ҳаргиз қобили қабул нест, ки он ҷо бачаҳои синни томактабӣ ва мактабӣ лаҳзаҳои фароғатӣ дошта бошанд.
- Чӣ ҳол дорад боғи машҳури ба номи Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, ки замоне бо сабзазорони гулафшон, фаввораҳои мусаффою чархофалакҳои сарбафалаккашидааш маҳбубтарин ва дӯстоштатарин макони фароғатии аҳолии шаҳру меҳмонони дуру наздик буд? – мепурсам аз М. Додоев.
- Боғ дар тавозуни мо нест, он ба тавозуни идораи хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр гузаштааст, - посух мегӯяд масъули бахши фарҳанг.
   Ин боғи фарҳангиву фароғатии як замон дилҷӯву зебо аз шаҳр берун не, дар марказ, дар паси садҳо растаҳои фурӯшандаҳо пинҳон монда,  қисман ба терминали нақлиёти мусофирбар ва гаштугузори одии ҳаррӯзаи одамон табдил ёфтааст. Нишона аз он боғи машҳур магар чархофалаки шикаставу ҷузъҳои алоҳидааш овезон, пайкараҳои шикаста ва анбӯҳи дарахтони сояафкани дасти инсон нодида асту халос. Аз мӯйсафеди роҳгузаре, ки худро Сайфулло Саъдуллоев муаррифӣ кард, пурсон мешавам, ки оё медонед, ки ин ҷо қаблан чӣ мавзее буд?
- Қаблан гулистон буду ҷойи фароғати мардум, ана бинед, акнун ба чӣ табдил ёфтааст, - бо таассуф посух мегӯяд, мӯйсафед. Солҳои охир шояд аз беназоратии масъулини шаҳр бошад, ки шаҳрвандон чанд гӯшаи боғро ғайриқонунӣ ғасб ва дукону манзил сохтаанду дигар иншооти иҷтимоӣ.
Чаро иншооти фарҳангии шаҳр ба чунин ҳолат рӯ ба рӯ шудаанд ва барои баромадан аз ҳолати кунунӣ чӣ тадбирҳо бояд роҳандозӣ шаванд? Саволест, ки аз масъулони шаҳри бостонӣ посух мехоҳад.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.05.2017    №: 107    Мутолиа карданд: 446

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед