logo

сиёсат

САБАҚИ СУЛҲИ ТОҶИКОН. ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ

Ба қадри сулҳ, дӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ миллате расида метавонад, ки соҳиби фарҳанги бою ғанӣ, хиради воло ва ниҳодаш аз гузаштагони хирадмандаш об хӯрда бошад. Қавми ориёӣ аз қадим бузургону пешвоёни худро дошту бо ҳидояти онҳо зиндагию амал мекард.
Боиси ифтихори миллати тоҷик аст, ки аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар аз тарафи аҷдодони қавму миллати тамаддунофари ориёӣ роҳандозӣ гардидааст. Ва ҳазорсолаҳо зери шиори «Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» ба сар бурда, бузургтарин давлатҳоро бо ҳудуди паҳноваре таъсис додааст.
Вале дар баробари ин, миллати тамаддунофари тоҷик аз ноомадиҳои сарнавишт низ дар канор набудаву ҳамеша душман дар камин доштааст, тӯли садсолаҳои таърих ҳамлаи Искандару арабу бодиянишинони беватан дар сарнавишти ин миллати куҳанбунёд осори харобиовари худро гузоштаанд. Ҳамин буд, ки ҳазор сол муқаддам тоҷик давлату давлатдории худро аз даст дод. Тайи ин муддат, ҳарчанд кӯшид, натавонист зафар ёбаду соҳибдавлат гардад. Вале бо дермонӣ ҳам бошад, бахт дигарбора ба рӯи миллати тоҷик хандид. Худованд соҳибдавлатиро насиби миллати тоҷик гардонд. Ва аз ҳама муҳим - бе хунрезию хисороти молию ҷонӣ. Ва таърихи 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон худро давлати мустақил - соҳибихтиёр эълон намуд. Калонсолон хеле хуб дар ёд доранд, ки мардум чи қадар болидарӯҳ буданду шодию фараҳ доштанд. Бехабар аз он ки ҳушёрии сиёсиро аз даст додаанду душман чи дар дохил ва чи дар берун даст ба ҳам дода, нақшаю тарҳҳои ғаразнок мекашад. Барои аз байн бурдани давлати навини халқи тоҷик омодагӣ мегирад. Бо фиребу найранг, дасисакорӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ғаразбор рӯи саҳнаи сиёсат кашида шуданд. Истеъфои паиҳамии роҳбарони давлат, вазиру нозирҳо талаботи ҷоҳталабону мансабхоҳонро қонеъ нагардонд. Дигар фарде набуд, ки пешоҳанг шаваду мардум ӯро гӯш кунад. Ин ҳизбу ҳаракатҳои зархариду манфиатҷӯ тавонистанд дар Тоҷикистон вазъи сиёсиро муташанниҷ гардонда, ҷанги шаҳрвандиро ба бор оваранд. Ҳарчанд ин амал дар дохили кишвар ҷараён мегирифт, саркардагони он дар хориҷи кишвар фаъолият менамуданд. Хуллас, сар шуд кашмокашию хунрезӣ ба хотири мансаб, ҷоҳу ҷалол. Бародар душмани бародар гашту писар ташнаи хуни падар. Тарафҳои даргир аз майдоннишинӣ ба майдони ҷанг баромаданд. Ва ҳазорҳо нафар қурбони амали сиёҳкорони миллат шуданд. Кӯдакон аз падар ва зан аз шавҳар маҳрум мегардиданд. Ҳиҷрат ба мулки дигар - ба ғарибӣ оғоз гардид. Даҳҳо ҳазор нафар ба Афғонистону кишварҳои ҳамҷавор фирор намуданд. Касе пеши роҳи инро гирифта натавонист.
Билохира қарор дода шуд, ки Иҷлосияи навбатии Шӯрои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардад. Чаро ки шаҳри Душанбе арсаи ҷангу корзор буд. Ва имкони оромона, бо фикри солим сухан кардану ҳаллу фасли қарорҳои қобили қабул амри маҳол буд. 17 декабри соли 1992 Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ки барои миллату давлати тоҷик нақши муҳим бозид. Иҷлосияи мазкур дар сафҳаи таърих барои миллати тоҷик ҳамчун Иҷлосияи тақдирсоз бо хати заррин сабт гардид. Ба бахти миллат фарзанди асилзодаи тоҷик, сиёсатмадори дурандеш Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат омад. Аниқтараш вакилони мардумӣ ӯро якдилона ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Ва ин марди некқадам пешвою раҳнамо гашт ба миллати тоҷик. Дар аввалин суханрониаш ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ дар иҷлосия иброз дошт: «Ман кори худро аз сулҳу салоҳ ва пойдории он оғоз мекунам. То рӯзе, ки охирин гурезаи тоҷик дар мулки ғариб аст, ман дар Ватан осуда наметавонам зист».
Бо ҳидояти Сарвари давлат ва ибрати шахсии ӯ роҳбарони қувваҳои мухолиф Парчами нав қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бӯсиданд. Ҳамчунин, оши оштӣ дода, қувваҳои даргирро сари як дастархон ҷамъ овард.  Ин оғози кори сулҳофарӣ буд. Барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоии худ Пешвои миллат чӣ заҳматҳое накашид. Барои вохӯрӣ бо сарони мухолифин ба Эрон, Афғонистон, Русия сафар кард. Ба вазъи ногувори Афғонистон нигоҳ накарда ба ин кишвари ҷангзада рафт. Бо роҳбарони қувваҳои оппозитсионӣ вохӯрию суҳбат намуд. Бо намояндагони мардуми фирорӣ дидорбинӣ кард, онҳоро барои бозгашт ба Ватани аҷдодӣ даъват кард ва худро ҳамчун кафили бехатарии онҳо эълон намуд. Охир, мулки бегона ҳеҷ гоҳ Ватан шуда наметавонад. Ба ҷуз доғу ҳасрат манфиате нест. Дар мулки ғариб, дар мазори ғарибон ҳазорҳо нафар мардуми тоҷик ба хок супурда шуд. Яъсу ноумедӣ, шикастарӯҳӣ кулли мардумро фаро гирифта буд. Касе бовар надошт, ки сулҳу салоҳ мешаваду мардум озод нафас мегирад, фаъолияту зиндагии шоиста насибаш мегардад. Шоири шаҳир, шодравон Ашӯр Сафар ҳамаи инро медиду месӯхт ва аз номи миллати тоҷик, аз ҷигари  сӯхта гуфт:
Як бори  дигар ханда ба лаб мешуда бошад?
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?
Ин муноҷоти шоир ҷомаи амал пӯшид. Ба туфайли заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу салоҳ наздик мешуд. Комиссияи оштии миллӣ таъсис ёфт, ки аз ҳар ду ҷониб аз тарафи давлату мухолифин намояндаҳо ба он шомил буданд. Барои дастгирии сулҳ 9 дидорбинию вохӯриҳо доир гардида, 9 санад қабул шуд. Вале вохӯрии охирин дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия 27-уми июни соли 1997 самар овард. Санади барои миллати тоҷик ҳаётан муҳим - Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ қабул гардид. Ин рӯз дар таърихи миллати мо ҳамчун рӯзи сулҳ, дӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ сабт гардид.
Ба шарофати сулҳу ваҳдат, меҳнати бунёдкорона зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ овард. Сатҳи камбизоатӣ аз 80 ба 30 фоиз расид. Ин нишони беҳтаргардии зиндагӣ, рушду пешрафти ҷомеаи мост, ки ба туфайли ваҳдату ягонагӣ ба даст омадааст. Дар ин раванд хизматҳои таърихии Пешвои миллат беназир аст. Ӯ тавонист амалҳои саромадони гузаштагони худро чун Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ такрор намояд. Ин буд, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости мардуми Тоҷикистон ба ин фарзанди фарзонаи миллат унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро сазовор донист. Дар ин радиф бисёре аз сиёсатмадорони ҷаҳонӣ ба хизматҳои Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд додаанд. Аз ҷумла, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мегӯяд: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамлакатҳои дигар».
Шоир Муҳаммад Ғоиб барҳақ фармудааст:
Муҳаббат бастани пуркинаҳоро дида мегӯем,
Ҷаҳон дарси сиёсат бояд омӯзад зи шоҳи мо.
Имрӯз сулҳу ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистони азизро бе хизматҳои бузурги Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар таъмини сулҳу сафои Тоҷикистон, агар аз як тараф хиради азалии миллати тоҷик, ҳамдигарфаҳмии ӯ сабаб шуда бошад, аз тарафи дигар, сиёсатмадорию дурандешии Пешвои миллат нақши муҳим бозидааст.
Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 20 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд. Вазифаи ҳар як фарди соҳибдил, меҳанпараст, бонангу ор аз он иборат аст, ки ин неъмати бебаҳоро чун гавҳараки чашм азиз дораду ҳифз намояд. Роҳи пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карда, баҳри расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ талош биварзад.
Сайдалӣ Сироҷиддин САЙВАЛӢ,
раиси суди шаҳри Қӯрғонтеппа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.05.2017    №: 107    Мутолиа карданд: 517

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед