logo

сиёсат

ПАС АЗ ШОНЗДАҲ СОЛИ ҒАРИБӢ

Соли 2008, баъди гузашти шонздаҳ соли ғарибӣ, охирин хонаводаи муҳоҷирони тоҷик аз Афғонистон ба деҳаи Ҷарқӯрғони хоҷагии “Авесто” - и ноҳияи Қубодиён баргашт. Ин оилаи ба Ватан баргашта  хонадони холаи Балхубон буд, ки ба дидорбиниашон рафтем.
Маро дар назди дарвоза холаи Балхубон пешвоз гирифта, дар суфаи зери хавозаи ток ба нишастан даъват кард. Ӯ сари як пиёла чой аз даврони беғаши кӯдакиаш, зиндагии ором ва серу пури сокинони деҳаи Гилкан, боғҳои пур аз себу ноки водии хушобу ҳавои Рашт қисса карда, гуфт, ки ин ҳамаро ҳоло ҳам баъзе шабҳо дар хоб мебинам. Холаи Балхубон ба нуқтаи номаълуме дида дӯхта, ба нақлаш идома дод:
- Падарам Тоҳирро аз кӯдакӣ дар ёд надорам. Ба гуфтаи бибию модарам, ӯ ҳамроҳи бародараш Нозим, дар қатори 28 нафар ҷавонмардони деҳаи Гилкан ба ҷанг рафтааст. Вақте ҷанг бо ғалабаи халқи шӯравӣ поён ёфт, мо баргаштани падарамро бесаброна интизорӣ мекашидем. Он рӯз фаро расид. Ман бо аммаҳоям то деҳаи ҳамсоя ба пешвози падарам давида будам. Аз ҷумлаи бистуҳашт нафари ба ҷанг рафта,танҳо се нафар, дар ин қатор падари ман низ, баргашт.
Охири солҳои 40 - ум, дар даҳсолагиам ба маҳаллаи Ҳаёти собиқ колхози “50 - солагии СССР” (ҳоло хоҷагии “Авесто”) муҳоҷир гардидем. Соҳиби чор духтару панҷ писар, ҳафт набера, нуҳ абера мебошам. Сахтиву вазниниҳо пушти сар шуданд. Ҷои хаскапаю кулбаҳои гилинро хонаҳои замонавии шиферпӯш иваз намуданд. Қатори бешумори дарахтони тутро парвариш намуда, кирмакпарвариро ривоҷ додем. Меваҳои шаҳдбор, тарбузу харбузаи қандаки Қубодиён вориди бозорҳои пойтахт мегардиданд. Мутаассифона, ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ сар шуд. Ман ҳамон вақт ҳамроҳи як духтарам дар Душанбе, дар хонаи писарам Амирҳамза будам. Ҳар рӯзу ҳар соат вазъият дар пойтахт бадтар мешуд. Бо вуҷуди неву нестони писарам як КамАЗ - ро киро намуда, мо - шаш нафар ба Қубодиён рафтем.
Вақте ба деҳа расидем, дидем, ки мардум ҷониби дарёи Ому фирор карда истодаанд. Онҳо чизҳои гаронарзишашонро дар сандуқҳо ҷой карда, зери замин пинҳон менамуданд. Мо ҳам чунин корро анҷом дода, бо дасти холӣ аз деҳа баромадем. Қариб як моҳ дар лаби дарё пинҳону ошкоро мисли кӯчиён зиндагӣ кардем. Захираи хӯрок ба охир мерасид. Моҳи декабри соли 1992 буд. Нимсеру нимгурусна дар лаби дарё нишаста, барои аз он гузаштан чора меҷустем. Ҳар кас войи ҷони худам мегуфт. Баъди иҷозат шудан, шабонгоҳ тавассути балонҳои худсохт ва қаиқҳои аз ҷониби Афғонистон фиристодашуда, дарёро гузаштем.
Ду чархбол болои сарамон чарх зада, хлеб мепартофт. Ҳар кас, ки ҷону дармон дошт, соҳиби хлеб мешуд. Ман дар ҳамин лаҳза нон мехӯрам гуфта, тир хӯрдам. Яке аз чархболҳо ба замин нишаст. Маро, ки се рӯз боз бурдаи ноне ба даҳон набурда будам, ба кӯрпа печонда, ба чархбол савор намуданд. Дар беморхонаи “Дусад бистар” - и Мазори Шариф 45 рӯз бистарӣ гаштам. Хуб нигоҳубинам карданд. Дар Кампи Сахӣ - дашти Гӯри Морон ҷамъ шуда, хайма задем. Ҷое буд, ки ба қавле гунҷишк пар намезад.
Ҳушу ёдам ба духтаронам, ки яке дар Ғарм, дигаре дар Душанбе монданд, банд буд. Ҳамин тавр, чор сол сипарӣ гашт. Бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳоямон ба Созмони Милали Муттаҳид давоми як рӯз ба Ватан баргаштем. Дар бозгашт писаронам моро гусел намуда, бо гурӯҳи дигар расида меоем гуфтанд. Мо дар деҳаи Ҳаваскор аз қатора фуромадем. Дар мактаби деҳаи Болшевик ду рӯз барои гузарондани ташхиси тиббӣ манъ намуданд. Баъд ба деҳа ворид гардидем. Хонаҳоямонро сӯхтаю валангор дидем. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ гирифтем. Хонаҳоро аз нав сохтем. Ҳама ба Ватан баргашт. Имрӯз ба шарофати сулҳу ваҳдати комил зиндагии орому осуда ва серу пур дорем. Шукрона мекунем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоламон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз ба рӯз ободу зебо ва пешрафта гардида истодааст. Ба қадри ин сарзамини поку муқаддас бояд расид.
Адолат САЙФУЛЛОЗОДА,
сармуҳаррири нашрияи “Тахти Қубод”-и ноҳияи Қубодиён


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2017    №: 108    Мутолиа карданд: 610

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед