logo

фарҳанг

ИНСОНСОЗӢ. АВВАЛИН ВА ОХИРИН ҲАДАФИ САНЪАТ

Санъат шакли бадеӣ, маърифатӣ, фалсафӣ, ғоявӣ, эҳсосотӣ ва ахлоқии ҳаёт ба шумор меравад. Он аз овони кӯдакӣ сар карда, то зинаҳои баланди камолот ба шуур ва равони инсонҳо таъсир расонда, ҷаҳонбинии онҳоро шакл ва маъно мебахшад. Бинобар ин, санъат натиҷаи талошҳои мантиқиву маърифатӣ ва идеалии инсоният дар тӯли таърих мебошад.
Ба ақидаи файласуфи тоҷик Кароматулло Олимов: “Ҷаҳони ботинии инсон падидаи хеле мураккаб аст, ки ҳамеша тилисме буда, хоҳад монд ва онро то охир кашф кардан номумкин аст. Ин ҷаҳони зеҳнӣ омезиши тасаввуроти илмӣ, динӣ, сиёсӣ, эстетикӣ, ахлоқӣ, эҳсосотӣ мебошад”.
Дар замоне, ки мо онро “пасомодернизм” мехонем, дарёфт кардани арзишҳои аслии ҳаёт ва сохтани инсони заҳматкаш кори аз ҳама муҳим ва мураккаб маҳсуб меёбад. Инсони заҳматкаш гуфта шахси масъулиятнок ва дар сарнавишти миллат нақши калидӣ доштаро дар назар дорем. Ин на танҳо дар маънои шахсиятҳои умумиҷаҳонӣ, балки ба ҳар фарди худогоҳ ва эҷодкор робита дорад. Тасодуф нест, ки миллионҳо афкору андешаҳо перомуни санъат ва санъаткорон садо медиҳанд. Бидуни муносибати бошуурона нисбат ба санъат дарки муаммоҳои умумиинсонӣ амри маҳол аст. Аз санъат ҳар кас ҳар гуна баҳра мебарад, ҳар кас бо ғояҳои гуногун вориди он гашта, гоҳо беадолатона муносибат мекунад. Ҳамин муносибатҳои беадолатона ва бошуурона нисбат ба санъат азалӣ ҳастанд ва аслан ҳамин зиддиятҳо одамонро ба пеш мебаранд ва гоҳи дигар ба зеҳну шуури ҷамъият осеб мерасонанд. Зимнан барои он таъсир мерасонанд, ки дар ҷомеа одамон онро ҳамчун зуҳури маърифат ва маданият қабул доранд. Аз ҳамин лиҳоз, Чингиз Айтматов менависад: “Одамон метавонанд бо ҳамдигар муросо кунанд, аммо ҳамагӣ ба як равишу як қолаб фикр карда наметавонанд, ба шарте, ки сифатҳои одамиашонро аз даст надиҳанд, ба шарте, ки чун одам боқӣ монданро авло шуморанд”.

Фантастикаву романтика санъат аст, ба шарте, ки...
Кинофилм, мелодрама ё сериалҳои дарозмуддат ба шуури ҷамъиятӣ таъсир мерасонанд, равон ва шуури  ҷомеаро шакл медиҳанд, хислатҳои миллии халқҳоро тайғир медиҳанд, ба тақлидкорӣ ва эҷодкорӣ сабаб мешаванд. Мутаассифона, аксари ҷавонон романтикаро дар маънои воқеӣ ва ақлониву ахлоқӣ намефаҳманд. Он ҳаргиз маънои шаҳвату ишратпарастиро  надорад. Романтика таҷассуми муҳаббати ҳақиқии инсон, муборизаи ниҳоии ӯ барои хушбахтшавист. Аксари инсонҳо аз кинофилмҳои дидаашон хулосаҳои ҳаётан муҳим бароварда наметавонанд. Хислатҳояшон дигаргун намешавад, эҳсоси негативӣ барҳам намехӯрад ва ҷаҳонбиниашон рушд намекунад. Аз ҳамин сабаб, роҳҳои маърифати ростини ҳунару санъатро ба ҷавонон тарғиб намудан, кори муҳим ва аввалиндараҷаи ҷомеаи мост.
Зуҳури зиддиятҳои сиёсӣ, геополитикӣ, идеологӣ ва нажодӣ, ки инсони муосир ба майдон овардааст, ба ояндаи худи башар таъсири манфӣ мегузорад. Дар ҳамин вазъият масъулияти адабиёт, санъат ва нависанда аз ҳарвақта дида бештару гаронтар мегардад. Имрӯз асарҳо ва кинофилмҳои фантастикие офарида шуда истодаанд, ки вуҷуди онҳо хазинаи ахлоқу маънавиёти инсониятро коҳиш медиҳанд. Дар ин маврид шикастабанде лозим мешавад, ки шикастаҳоро бо нури хирад мӯмиё кунад. Фантастика бояд қоидаҳои ахлоқи азалии инсониро риоя кунад. Он дар ҳадде навишта ва офарида шавад, ки бинанда ва хонанда наздикии онро ба ҳақиқат дарк кунад. Ҳамин андешаи нигорандаи амрикоӣ Исҳоқ Азимов воқеият дорад: “Барои он ки ақидаи худро роҷеъ ба оянда ҳақ барорад, нависанда аз хатарҳои билқуввае, ки ба мо таҳдид мекунанд, андеша меронад ва оқибатҳои имконпазири онҳоро зери қалам меорад. Вале нависанда намегӯяд: ана он чизе, ки ногузир бояд сурат гирад. Ӯ чунин мегӯяд: агар мо чорае наандешем, оқибат чунин воқеа рӯй доданаш мумкин”.
Ба наздики “12 соли интизорӣ” ном филми нави тоҷикӣ рӯи экранҳои калон намоиш дода шуд. Дар он нақши як идеяи равоншинос барои дигар шудани тақдири қаҳрамони филм асосӣ буд. Дар филм то ҷое сабабҳои вайроншавии оилаҳои ҷавон ва заифии психологияи ҷамъиятӣ инъикос ёфтаанд. “12 соли интизорӣ” бори дигар собит мекунад, ки тавассути санъат роҳҳои рушди шуури психологӣ ва санъатдӯстиро бедор кардан мумкин аст. Зеро маҳз санъати ҳақиқӣ беҳтарин роҳи муборизаро дар роҳи сулҳ, адолат, озодӣ, хушбахтӣ ва ахлоқ нишон дода метавонад.

Санъат “бизнес” нест
Санъаткори асил пайи шуҳратпарастӣ ва пул намеравад, балки шуҳрат ҳамеша ҳамроҳи ӯ меравад. Имрӯз дар мисоли клипҳо ва сурудхониҳо дида метавон, ки барои сохтани як клип ба ҳисоби миёна 500-600 доллари амрикоӣ маблағ сарф мешавад. Дар натиҷа мебинем, ки ҳамин клипҳо ба шуури ҷамъиятӣ таъсири мусбат расонда наметавонанд. Одамонро аз нокомиҳо наҷот намедиҳанд, аз бадфикрӣ, бадгумонӣ, эгоистӣ раҳо намекунанд. Ҳатто матни баъзе сурудҳо моҳияти муҳаббат ва ҳаётро нодуруст ифода мекунанд. Ҳамон тавре, ки нависандаи бад хонандаро ба роҳи ғалат мебарад, ҳаргуна амалкардҳои сохтакорона низ дар олами санъат одамонро аз доираи ахлоқ берун мекунанд.
Ва ниҳоят ҳадафи авалин ва охирини санъат инсонсозист. Инсоне, ки барои тамоми умр содиқ мемонад ба инсоният, ба муҳаббат, ба Ватан.
Аслиддин САЛИМОВ,
устоди ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2017    №: 108    Мутолиа карданд: 495

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед