logo

иҷтимоиёт

ГУЛИСТОН. ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА

Гулистон (собиқ Қайроққум) аз ҷумлаи нерумандтарин шаҳрҳои саноатӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад. Дар он корхонаҳои азим чун Ширкати кӯҳӣ - саноатии Тоҷикистону Чин дар шаҳраки Зарнисор, корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада «Апрелевка» дар шаҳраки Консой ва осоишгоҳи «Баҳористон» дар ғанӣ гардондани буҷети давлат ва ҳалли масоили рушди иҷтимоӣ нақши созанда доранд. Соли гузашта истеҳсоли маҳсулот аз ҷониби ин корхонаҳо ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расонда шуд, ки нишондиҳандаи баландтарин дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Ин муваффақият ба рушди ҳамаҷонибаи шаҳр таъсири мусбат мерасонд. Дар як муддати кӯтоҳ иншооти гуногуни дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд шуда, кӯчаю хиёбонҳои шаҳр бо тарҳи нави меъморӣ ва сабзкорӣ зебову ҷолибтар шуданд.
Мутаассифона, дар шаҳр ҳангоми иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ баъзе ҳолатҳои ногувор, ки аз лиҳози меъморӣ ва шаҳрсозӣ қобили қабул нестанд, ба назар мерасанд. Ин дар назди хонаҳои истиқоматӣ бе иҷозат сохтани биноҳои иловагӣ, бо симхору тунука печондани гирду атрофи хонаҳо, аз худ кардани қитъаи замин ва дигар амалҳои хилофи қонуни шаҳрсозию меъморӣ мебошад, ки ҳусни шаҳрро коста гардондааст.
Вақтҳои охир ин амали нодуруст зиёд шуда, масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои бартарафсозиаш тадбирҳои мушаххас наандешидаанд. Аз ҷумла, дар соҳили «Баҳри тоҷик» баъзе шаҳрвандон дар баробари худсарона вайрон кардани одоби шаҳрнишинӣ бо «розигӣ» - и масъулини бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ ба амалҳои "аҷиб" даст мезананд, хусусан бошандагони ошёнаҳои поёнӣ.
Ин масъала борҳо дар нишастҳои хабарӣ аз ҷониби рӯзноманигорон мавриди гуфтугузор қарор гирифт. Аммо ҳанӯз ҳам масъулини бахшҳои меъморию шаҳрсозии шаҳри Гулистон дар ин самт ягон чораҷӯӣ накардаанд.
Ҳамчунин, тарзи сохтмону усули меъмории биноҳои баландошёнаи навбунёди шаҳр таҷдиди назар мехоҳанд. Барои мисол, «Маркази фарҳангиву фароғатии «Сомониён» аз лиҳози мавқеи ҷойгиршавӣ метавонад ба макони беҳтарин табдил ёбад. Вале бо гузашти чанд сол ин марказ ба ҷойи боз ҳам сарсабзу хуррам ва ба макони баргузории чорабиниҳои идона табдил ёфтан, баръакс, хароб гардида, аз мадди назари мақомоти шаҳрӣ куллан дур монд. Ин дар ҳолест, ки шаҳр ҳамчун минтақаи саноатӣ имкони аз ин ҳам бештари рушдро дорад.
Ҷовиди АШТӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2017    №: 108    Мутолиа карданд: 397

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед