logo

иҷтимоиёт

ДЕВАШТИЧ – МАРКАЗИ МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ

Дар Соли ҷавонон ноҳияи Деваштич ба маркази баргузории мусобиқаҳои варзишии ноҳиявию вилоятӣ табдил ёфтааст.

Чанде пеш дар МТМУ № 16 - и шаҳраки Ғончӣ мусобиқаи варзишӣ оид ба каратэ - кёкушинкай байни 72 нафар наврас гузаронда шуд. Дар он 8 нафар, аз ҷумла М. Қӯлдошев, Ф. Саидов, Ф. Беҳрӯз, М. Ҳотамов, Ғ. Юсуфов, Х. Хӯҷақулов ва Ш. Шарофов дар вазнҳои худ ҷои аввалро ишғол намуданд.
Бино ба иттилои Б. Холов, сарвари мактаби варзишии ба номи Н. Комилови ноҳияи Деваштич, чанде пеш дар деҳаи Чӯянчии  Ҷамоати деҳоти Ваҳдат мусобиқаи кушоди вилоятӣ  оид ба варзиши сабук гузаронда шуд, ки дар он намояндагони мактаби варзишии вилоят, дастаҳои шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Деваштич ширкат варзиданд.
- Аз ноҳияи мо Аҳмадалӣ Махкамов, Шероз Ҷабборов, Умедҷон Баротов сазовори ҷои якум гаштанд.  Дар байни дастаҳо низ ҷои аввал насиби дастпарварони мактаби варзишии ноҳияи Деваштич гардид, - афзуд Б. Холов.
Деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳия бошад, мусобиқаи гӯштини камарбандиро мизбон буд. Он 98 довталабро аз ноҳияҳои Истаравшан, Шаҳристон, Зафаробод ва Деваштич сарҷамъ намуд. Аз рӯи вазнҳои аз 30 то 70 килограмм 9 нафар ҷавони неруманди ноҳия сазовори ҷои якум дониста шуданд.
Моҳи апрели соли ҷорӣ дар чемпионати кушоди ноҳияи Спитамен оид ба каратэ-дзюдо байни наврасону ҷавонон 40 нафар варзишгарони мактаби варзишӣ ба хазинаи он 18 медал ворид намуданд, ки ду медали тилло ба Кабир Маҳкамов ва Зуҳро Ашӯрова тааллуқ доранд.
Охири  ҳамон моҳ ба хотираи Богут Холов мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ оид ба футбол байни наврасони соли таваллудашон 2003 - 2004 баргузор шуд. Дар мусобиқа 11 дастаи мактабҳои варзишии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ширкат варзиданд.
Дар натиҷаи қувваозмоиҳо ҷои якум насиби дастаи шаҳри Хуҷанд, ҷои дуюм насиби дастаи мактаби варзишии вилоят ва ҷои сеюмро мактаби варзишии ноҳия соҳиб шуданд.
Боиси зикр аст, ки дастпарвари мактаби варзишӣ Умедҷон Баротов дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба варзиши сабук дар шаҳри Душанбе иштирок карда, дар давидан ба масофаи 1500 метр ҷои якум ва 800 метр ҷои дуюмро ишғол ва унвони чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб гашт.
Аз оғози сол дастпарварони мактаби варзишии ноҳия соҳиби 8 медали тилло, 19 нуқра ва  34 биринҷӣ гардиданд.
Барои таъмиру тармим ва харидории асбоби варзишӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба мактаб 8 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд.
Маҳбуба ҶАМОЛОВА, ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2017    №: 109    Мутолиа карданд: 432

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед