logo

иҷтимоиёт

ХОВАЛИНГ. ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ВА ҚУДРАТИ ЯК БОНУ

Дар назди сехи дӯзандагии ҳунарманд Замирабону Ҳукуматова духтарони қадрасро вохӯрдем, ки тоқиву камзӯлчаҳои ба тозагӣ дӯхта ба бар, дӯзандаи онро таҳсин мехонданд.

Дар толори асосии он духтарони чирадаст паси мошинҳои попурӣ саргарми кор буданд. Сарвари сех бо суханҳои гарм моро ба ҳуҷраи кори худ даъват намуд. То дидор ба Замирабону шунида будам, ки номи неку давлати рӯзгорро ба осонӣ ба даст наовардааст. Аҳли оилаи онҳо дар деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг мезистанду Замира дар сесолагӣ аз модар маҳрум шуд. Бо вуҷуди вазниниҳои рӯзгор баъд аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии зодгоҳаш ба факултаи иқтисодии Донишкадаи соҳибкорӣ  ва хизмат дохил шуда, алъон дар бахши панҷум таҳсил дорад.
- Гулпартоию  либосдӯзиро аз апаам Гулистон, ки ҳоло дар шаҳри Кӯлоб ба сар мебарад, омӯхтаам. Дар қатори ман чанд тан духтарони ҳамдеҳа низ ин ҳунарҳоро омӯхтаанд, вале  попурӣ, ки кори мушкил аст, ҳама тоқати заҳмати онро надорад. Бо назардошти серхаридор  будани маҳсулоти попурӣ ман дар коргоҳам  ба рушди ин ҳунар аҳамияти зиёд дода, таваҷҷуҳи шогирдону коргаронро ба он ҷалб намудам. Ҳоло талабгори маҳсулоти попурӣ зиёд буда, ҳунармандон даромади хуб мегиранд, - гуфт Замира.
Заҳмату кӯшишҳои пайвастааш дар  ин ҷода самар овард ба  замми пешбурди рӯзгор сарфу хароҷоти таҳсилашро  низ пайдо мекунад. Ӯ, ки ятими кулл аст, аз хурдӣ дар хонаводаи бародараш ба воя расида, то кунун он ҷо ба сар мебарад. То ташкили сехи дӯзандагӣ ҳунари худро дар шароити хона ривоҷ дода, баъди се соли такопӯ соҳиби сехи дӯзандагӣ шуд. Баъдан, барои иштирок дар озмуни  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Гранти президентӣ ҳуҷҷат пешниҳод кард. «Хушбахтона бахт ба рӯям хандиду аз миёни  12 нафар довталаб ғолиб баромада, соҳиби 30 ҳазор сомонӣ Гранти перезидентӣ гардидам», - мегӯяд ӯ.
Бо истифода аз маблағҳои грантӣ ҳуҷраеро дар маркази  ноҳияи Ховалинг ба иҷора гирифта, сехи дӯзандагӣ кушод. Тайи ин муддат ба даҳҳо духтарони шавқманд ҳунари худро омӯхта, иддае аз онҳоро бо кор таъмин кард. Ӯ, ки худ мушкилоти зиёдеро аз сар гузарондааст, аҳд намуда буд, ки ҳунару истеъдоди худро ба духтарони бепарастор меомӯзад. Ва имрӯз ҳам ба мақсад расиду ва ҳам ба аҳдаш вафо кард.
- Аз ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорам, - ашкҳои дар хами чашмон ҳалқазадаашро тоза карда мегӯяд ӯ. - Агар гранти президентӣ намешуд, кӣ медонад, ки орзуҳои мани ятим кай амалӣ мегаштанд. Ва оё умуман ҷомаи амал мепӯшиданд ё не. Дар пайравӣ аз ин ғамхориҳо то ҷое имкон дорам, дар тарбияи духтарони маҳаллӣ, хоса ятимдухтарон, саҳм хоҳам гирифт.
Сарвиноз ШОДМОНОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2017    №: 109    Мутолиа карданд: 440

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед