logo

иқтисод

ПУЛИ МАЙДА. ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА

Дар бозорҳои кишвар ҳангоми харидуфурӯш пайдо намудани пули майда душвор  шудааст. Аксаран барои иваз намудани пулҳои арзишашон калон ба пулҳои майда (1, 3, 5 ва 10 сомонӣ)  шаҳрвандон хеле саргардон мешаванд. Савдогарон, пулчинакҳои воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва пешхизматони макони таомхӯрӣ барои баргардондани бақияпулӣ баъди кофтукови зиёд пулҳои фарсудаи ғиҷимшуда ва ширешкардаро ба дастат медиҳанд. Сабаби ба чунин ҳол афтодани пули миллӣ  дар чист?

Доир ба фарсудашавии пулҳои майдаи коғазӣ ва бо ин сабаб камчин гардидани онҳо Лола Салимова, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, чунин изҳор дошт:  “Табиист, ки пул мисли  маводи дигари рӯзгор дар натиҷаи истифодаи зиёд ва беэҳтиётии одамон  фарсуда мешавад. Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси қонунгузории кишвар  бо истифода аз ҳуқуқи эмиссияи (барориши) пули коғазӣ (банкнота) ва танга пайваста чопи пулҳои коғазӣ ва сикказании тангаҳоро ташкил менамояд. Ҳамчунин, барои аз муомилот гирифтану нобуд сохтани пулҳои фарсуда тадбирҳо роҳандозӣ мекунад. Давоми  соли 2016 дар ҷумҳурӣ ба маблағи қариб 600 миллион  сомонӣ пулҳои коғазӣ ва тангаҳои фарсуда аз муомилот гирифта шудаанд.
Бо  қарори Бонки миллии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2008 “Оид ба тартиби муайян намудани коршоямии пулҳои коғазӣ ва тангаҳои Бонки миллии Тоҷикистон”  ҳамаи бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ пулҳои фарсудаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро ройгон ва бемамониат иваз менамоянд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гардиши бисёри пулҳои майдаи коғазӣ, таъсири боду ҳаво ва сатҳи пасти маданияти истифода аз омилҳои асосии фарсудашавии пул  ба ҳисоб мераванд. Пулҳои арзишашон камтар нисбат ба пулҳои баландарзиш зиёдтар гардиш мехӯранд ва бештар фарсуда мегарданд. Соли  2010 аз ҷониби БМТ пулҳои коғазии гаронарзиши  200 ва 500 сомонӣ бо унсурҳои ҳимоявии иловагӣ ба муомилот бароварда шуданд.  Дар баробари ин, соли  2012 ба пулҳои коғазии арзишҳои 5 ва 10 сомонӣ, ки зиёд истифода мегарданд,  унсури устувори ҳимоявии “кинеграмма” ва  аз моҳи марти соли 2013   ба пулҳои коғазии арзиши  20, 50, 100 сомонӣ, унсури   ҳозирзамони лазерӣ дар  се адади охири рақами силсилавии онҳо  ҷойгир карда шуд.
Пули миллӣ  дар хориҷи  ҷумҳурӣ чоп гардида,   фармоишу интиқоли  он харҷи зиёдро тақозо менамояд. Аз ин лиҳоз,  муносибати эҳтиёткоронаи ҳар яки мо барои ҳифзи  он ниҳоят зарур аст. Муомилоти  дурусти пулии аҳолӣ  ва ба ин васила покиза нигоҳ доштани асъори миллӣ як унсури муаррифии маърифату маданияти мардуми кишвар мебошад. Дар радифи чораҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ шаҳрвандони кишвар бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ  бо пули миллӣ муносибати дилсӯзона намоянд ва онро эҳтиёткоронаю самаранок ба кор баранд.
Ҳамчунин, роҳандозии муомилоти ғайринақдӣ аз тадбирҳои муҳим дар самти пешгирии фарсудашавии пул ба ҳисоб меравад. Ба андешаи Хайруллоҳ Наҷибуллоев, коршиноси масъалаҳои молиявӣ, барои ҳалли масъалаи истифодаи  пулҳои коғазии фарсудаю дарида  ба таври васеъ роҳандозӣ намудани  муомилоти ғайринақдӣ ҷиҳати пардохти ҳаққи хизматрасониҳо ва  харидуфурӯши молу маҳсулот нақши муҳим дорад. Яъне барои истифодаи кортҳои пардохтӣ аз ҷониби ниҳодҳои марбута бояд шароит муҳайё карда шавад.
Хуллас, аз байн бурдани  пулҳои фарсуда ва назорати  сифати пулҳои навбаромада  яке аз вазифаҳои муҳими Бонки миллии Тоҷикистон   ба ҳисоб меравад. Тавре масъулони соҳа изҳор доштанд, бо мақсади беҳбудӣ бахшидани вазъи  муомилот бо  пули нақд, миқдори  фарсудаи он  мунтазам маҳв карда мешавад. Вале имрӯзҳо пулҳои фарсудаю порагардида дар муомилот зиёд ба назар мерасанд, ки нобуд карда шудани онҳоро  аз ҷониби масъулон зери шубҳа қарор медиҳад. Аз ин рӯ, аз муомилот гирифтани онҳо зарур аст. Дар акси ҳол чунин пулҳои фарсуда боз мавриди додугирифти шаҳрвандон мегарданду мушкилот дар ин самт меафзояд. 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2017    №: 109    Мутолиа карданд: 636

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед