logo

иҷтимоиёт

ҚОНУНИ МИЛЛӢ. МАНФИАТИ МАРДУМ ДАР МАДДИ АВВАЛ

Сарфаю сариштакорӣ ва аз харҷи беҳудаю бемавқеъ даст кашидан аз мавзӯъҳои муҳими ҷомеа ба шумор меравад. Дар ин замина, риояи ҳатмии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва қабул шуд, ба беҳтар гардидани вазъи зиндагии оилаҳо ва беҳрӯзии ҳаёти мардум  таъсири мусбати худро расонд.

Сарвари муаззами давлат ҳанӯз 9 июли соли 1999 зимни суханрониашон дар маҷлиси умумиҷумҳуриявӣ бахшида ба расму оинҳои халқӣ гуфта буданд: “Бунёди ҷомеаи мутамаддин тақозо мекунад, ки расму оинҳоро аз зуҳуроти барои имрӯз ва ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро мутобиқи вазъи кунунии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ танзим намоем...”. Агар ба ин пешниҳод бо чашми ақл нигарем, дар ҳақиқат ин тасмим тақозои замон, балки ногузир буд. Зеро он замон барои адои маросими тӯю маъракаҳои ҳар фарзанд камаш чор - панҷ гову даҳҳо гӯсфанд ва маблағи зиёд сарф мешуд.
Гузашта аз ин, вақте дар маъракаҳои хурсандию азодорӣ сухан аз камхарҷ гузарондани ҷашну маросимҳо мерафт, бархе бо суиистифода аз дини мубини ислом мардумро бо овардани далелҳои беасос гумроҳ мекарданд. Ҳол он ки дини мубини ислом исрофкориро инкор намуда, ба маъюбону эҳтиёҷмандон додани хайру садақаро тавсия медиҳад. Масалан, дар ояти 31-уми сураи Аъроф Худованд фармудааст: “Бихӯред ва биошомед ва исроф макунед! Ба дурустӣ, ки Худо исрофкоронро дӯст намедорад”. Дар ояти 27-уми сураи Исроъ бошад, омадааст: “Ба дурустӣ, ки исрофкорон бародарони шайтонҳоянд ва шайтон ба Парвардигори худ носипос аст”.
Ҳанӯз аз ёдҳо нарафтааст, ки пеш аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар маросими ақди никоҳ, маъракаҳои хостгорию ноншиканон, фотиҳатӯю сандуқбарон, сарупобинону ордбезон, чойгаштаки духтарону базми дӯстони домод, зиёфатҳои ақди никоҳи давлатию динӣ, раисталбон, оши наҳор аз ду тараф, маҳфил дар тарабхона, рӯбинону домодталбону қудоталбон, духтарбинон, таҷлили рӯзҳои таваллуд, ки бо иштироки ҳофизону раққосаҳо мегузаштанд, маблағҳои калон ва молу маҳсулоти аз ҳад зиёд сарф мешуд. Кор ба ҷое расида буд, ки бархе аз сарватмандон хатнасур ва тӯйи арӯсию домодиро ба мавлудхониву амри маъруф табдил дода буданд.
Пас аз интишори расмии қонун вазъият дар мамлакат тамоман дигаргун гашт. Масалан, агар дар соли қабули қонун беш аз 14 ҳазор хатнасур ва зиёда аз 58 ҳазор тӯйи домодию арӯсӣ баргузор гардида бошад, соли гузашта ин нишондиҳанда мутаносибан ба 23 ҳазору 285 ва 81 ҳазору 356 расидааст. Ин аз он далолат медиҳад, ки ҷашну маросимҳо камхарҷу хоксорона мегузаштагӣ шудаанд.
Ҳарчанд қонуни танзим, пеш аз ҳама, ба хотири ҳимояи манфиатҳои мардум, беҳтар намудани вазъи зиндагии оилаҳо қабул шудааст, лекин ҳоло ҳам зиёдаравӣ, исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву намоишкорӣ ба назар мерасад. Аз ҷумла, ба суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар соли гузашта ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ барои риоя накардани талаботи қонун 23 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид шуд, ки дувоздаҳтои он мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз қонуншиканҳо ба андозаи 59 000  сомонӣ ҷарима ситонда шуд.
Дар маҷмӯъ, мардуми шарафманди Тоҷикистон иқдоми хирадмандонаю падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки танҳо ба хотири ҳимояи манфиатҳои мардум, беҳтар намудани вазъи зиндагии оилаҳо ва таъмини осоишу оромии ҷомеа равона шудааст, ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.
Алишер МАВЛОНЗОДА,
муовини якуми раиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2017    №: 109    Мутолиа карданд: 616

28.01.2020


Иқтидори энергетикии кишвар рӯ ба афзоиш дорад

Азнавбақайдгирӣ. Ҷараёни иҷро нигаронкунанда боқӣ мемонад

Тоҷикистону Эрон. Ҳамкориҳои гумрукӣ таҳким меёбанд

Ноҳияи Рӯдакӣ. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

СММ ИМА ва Россияро ба тамдиди созишномаи ССҲ-3 даъват намуд

Аксарияти нафароне, ки мубталои коронавирус шуданд, аз 60 - сола боло мебошанд

Дар Қазоқистон бо офияти занҳое машғул мешаванд, ки аз Сурия баргаштанд

Ҳамлаи малах ба Африқои Ҷанубӣ боиси нигаронии сахти СММ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

27.01.2020


«ҶОМИ РУШД - 2020». Наврасони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра гаштанд

Заминларзаи сахт дар Туркия ва ҳалокати 38 нафар

Зеленский аҳамияти музокироти бевосита бо Путинро таъкид дошт

Гуфтушуниди Лукашенко дар бораи хариди нафт бо ИМА, АМА ва Арабистони Саудӣ

Дар ИМА музокироти тиҷоратӣ бо Британияро дар як сол анҷом доданианд

Ҷаҳон дар як сатр

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед