logo

иҷтимоиёт

ЯК ПЕШНИҲОДИ МУҲИМ

Ҳанӯз соли 1980 барои беҳтар намудани ҳолати обёрии 60 гектар замини бригадаҳои  3 ва 4 пойгоҳи обкашии мазкур бунёд ёфта, барои азхуд кардани 18 гектар замини бекорхобида 250 ҳазор сӯм ҷудо шуда буд. Пойгаҳи обкашӣ то соли 1988 мунтазам кор кард. Мутаассифона, бо сабаби баланд  шудани оби дарёи Зарафшон он зери об монд. Баъд аз чанд муддат канали  дарозияш 70 – 80 - метра сохта шуд, аммо ба меъёри каналҳои обкашӣ ҷавобгӯ нест. Сабаб он аст, ки дар канал насби аванкамера барои таҳшин шудани қуми дарёи Зарафшон имкон надорад ва ин боиси тез – тез  аз кор баромадани насосҳо мегардад. Айни замон 60 гектар замини  кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонии «Урметан» - у «Лангар» тавассути ҷӯйи калони  Беморғуд аз сойи Вашан обёрӣ мешаванд, ки талаботи кишоварзонро қонеъ намекунад. Онҳо ҳосили дилхоҳ гирифта наметавонанд. Раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва собиқадорони меҳнат зимни суҳбат иброз намуданд, ки роҳи осону хуб кор кардани пойгоҳи обкашӣ, ба мавзеи дигар кӯчондани насосҳо мебошад.
Ба гуфтаи мардум, оби  пурталотуми дарёи Зарафшон равон асту саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз он истифода бурда наметавонанд.  Умед аст, ки пас аз нашри матлаб  масъулини Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ мушкилотро дар ҷояш дида, барои ба мавзеи дигар кӯчондани пойгоҳи  обкашӣ ё ба тариқи чоҳҳои амудӣ обёрӣ намудани заминҳои  ташналабу бекорхобидаи хоҷагиҳои деҳқонии «Урметан» - у «Лангар» - и деҳаи Урметан чораҳои мушаххас меандешанд.
Мирзо ҚУЛОВ,  рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2017    №: 109    Мутолиа карданд: 400

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед