logo

сиёсат

МАШВАРАТИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Имрӯз дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баррасии масъалаҳои муҳими ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат машварати корӣ баргузор шуд.

Дар машварат Сарвазир, муовини якум ва муовинони Сарвазир, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок намуданд.
Дар оғоз бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа” ва муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, дар мақомоти прокуратура ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тағйироти кадрӣ ба амал оварда шуд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон прокуророни шаҳру ноҳияҳои Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Данғара, Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ ва Сарбанди вилояти Хатлон, шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, ноҳияи Варзоб, муовини прокурори шаҳри Душанбе, сардори раёсати кадрҳо ва сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунгузории андози Прокуратураи генералӣ ва прокурори нақлиёти вилояти Суғд таъйин карда шуданд. Ҳамчунин, як қатор сардорони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.
Сипас дар машварат масъалаҳои рӯзмарраи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла гузарондани кишти такрорӣ, таъмини бозорҳои мамлакат ва махсусан шаҳри Душанбе бо маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, тайёрии ҷиддӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ ва тадбирҳои тақвиятбахшии таъминоти пойтахти мамлакат бо неруи барқ ва гармӣ, фаъолияти бонизоми соҳаи маориф, хусусан кори Маркази миллии тестӣ, ҷамъбасти соли хониш, ташкили истироҳати тобистонаи мактаббачагон ва дастгирию кумаки ҳаматарафаи ятимону бепарасторон ва дигар эҳтиёҷмандон баррасӣ гардиданд.
Дастур дода шуд, ки роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат барои таъмини пурраи амнияти озуқаворӣ ва иҷрои нишондиҳандаҳои барномаю нақшаҳои соҳаи кишоварзии мамлакат тадбирҳои бетаъхир андешида, кишти такрорӣ, ҷамъоварӣ ва захираю нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, ярмарка - фурӯши маҳсулоти хӯроквориро ташкил намоянд.
Дастуру супоришҳои дигар барои сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017 - 2018, таъмини аҳолӣ ва иншооти таъйиноти гуногуни мамлакат бо барқу гармӣ, навсозии инфрасохтори муҳими энергетикӣ ва таъмини нақшаи ҷамъоварии маблағи барқ дода шуданд.
Барои дар сатҳи зарурӣ ҷамъбаст намудани соли хониш, таъмини шаффофияти баргузории имтиҳонҳои қабул ва қабули довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ташкили истироҳату фароғати кӯдакону наврасони мамлакат дар истироҳатгоҳу лагерҳои наздимактабӣ ва марказҳои табобатию тавонбахшӣ роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат вазифадор карда шуданд.
Дар машварат, ҳамчунин, дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти рӯзмарраи мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифта, самтҳо ва нақшаю барномаҳои минбаъдаи фаъолият вобаста ба таъмини дастуру супоришҳои додашуда мушаххас гардиданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2017    №: 109    Мутолиа карданд: 288

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед