logo

иқтисод

КИШОВАРЗӢ. МАСЪАЛАҲОИ ДОҒИ СОҲА ЗИЁДАНД!

Дар занҷири истеҳсолоти озуқаворӣ соҳаи кишоварзӣ, бахусус хоҷагиҳои деҳқонӣ, мавқеи чашмрас доранд. Агар ба вазъи имрӯзаи соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ назар афканем, мебинем, ки дар марҳилаи аввал қариб ба ҳоли худанд, мушкилоту проблемаҳои ҳалталаби хоҷагиҳои деҳқонӣ вазорату кумитаҳои дахлдорро ба ташвиш намеорад.
Имрӯз аксар хоҷагиҳои деҳқонӣ заифанд ва наметавонанд аз уҳдаи ҳалли мушкилиҳо бароянд.  Аксар вақт масъалаҳое пайдо мешаванд, ки ҳамкории дастаҷамъонаи хоҷагиҳои деҳқониро металабанд. Ҳамчунин, ҳалли баъзе масъалаҳо ва баҳсҳои нолозими байнихоҷагӣ вақту кашмакаши зиёдро тақозо мекунад. Барои хоҷагиҳо меҳваре намерасад, ки такягоҳашон бошад. Мавҷудияти ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо чунин меҳвар шуда наметавонанд.
Саволҳои зиёде пеш меоянд. “Чаро ҳосилнокии зироатҳо паст аст ва бештар вақт ба вазъи обу ҳаво вобаста мебошад?”, “Чаро бо вуҷуди аз тарафи давлату Ҳукумат ҷудо шудани маблағу воситаҳои зарурӣ соҳаи кишоварзӣ дастовардҳои воқеии чашмрас надорад?”. Дар ҷумҳурӣ теъдоди мутахассисони варзидаю унвондор зиёданд, ташхисгоҳу пажӯҳишгоҳҳо фаъоланд, аммо деҳқон дар интихоби заҳрхимикатҳо ба маслиҳати савдогари маводи химиявии бозор  муҳтоҷ аст. Аз ин рӯ, сол то сол талафёбии ҳосил аз зараррасонҳо меафзояд. Вақти он расидааст, ки марказе таъсис ёбад, ки ёвари ҳақиқии деҳқон бошад ва ба ӯ мадад расонад. Марказе зарур аст, ки деҳқон дар он ҷо ба ҳама саволҳояш бобати интихобу дастрасии тухмӣ, нуриҳо, заҳрхимикатҳо, усулҳои ҳозиразамони коркарду обмонӣ ва нигоҳдории маҳсулот, дастрасӣ ба маблағҳо, ҳамкорӣ бо сармоягузорону миёнаравон, дарёфти харидору бозор ва амсоли инҳо ҷавоб гирад.
Ёрии давлат ба соҳаи кишоварзӣ назаррас аст. Аммо ҳамон ёрӣ ва грантҳое, ки ба ин соҳа равона мешаванд, на ҳама вақт ба деҳқони ҳақиқӣ мерасанд. Сол то сол ҳаҷми заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда меафзояд, аз фоизҳои баланди бонкҳо қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ зиёд мешаваду ӯ бо вуҷуди харҷи барзиёд ҳосили дилхоҳ гирифта наметавонад. Афзоиши арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолшуда проблемаи фурӯшро ба миён оварда, дар бозори дохилӣ ба маҳсулоти воридотӣ рақобат карда наметавонад.
Чун роҳбари хоҷагии деҳқонии бо ин мушкилот рӯ ба рӯ  чанд фикру андешаи худро ба Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” пешниҳод менамоям:
 1. Марказҳое таъсис ёбанд, ки ба кишоварзон ва хоҷагиҳои ҷамъиятӣ нурию тухмӣ ва заҳрхимикатҳои кафолатнокро дастрас намуда, хоҷагидоронро бо адабиёту дастурамал ва маслиҳатҳои муосир таъмин намоянд. Семинару машваратҳо ва мубодилаи таҷриба гузаронанд.
2. Мушкилии дигари деҳқон дар мавсими кишт ва ғунучини ҳосил танқисии техника ва мошинолот мебошад. Деҳқон дар интихоби техника ва олоти техникӣ дасткӯтоҳ буда, ба хизмати механизаторони тасодуфӣ, ки кафолати коркарди технологии замин ва киштро дода наметавонанд, муҳтоҷ аст. Мошинолоти даристифодабуда аксаран худсохт, куҳнаву фарсуда буда, ба талаботи меъёрӣ ҷавобгӯ нестанд.
3. Ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ба такмили маъмурӣ ва ҳуқуқӣ муҳтоҷанд. Зеро  онҳо вазифаи маъмуриро иҷро карда, дар назди соҳибони замин, яъне деҳқон масъулият надоранд. Масалан, ассотсиатсияи истифодабарандагони об ягон ҷавобгарии молиявӣ барои талафи ҳосил аз беобӣ надорад. Ё идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ барои бемасъулиятиву хунукназариашон ба деҳқон зиёни ҳосили аз даст додаашро ҷуброн наменамоянд.  Деҳқонон ба маблағи ҳангуфт зиён мебинанду касе ҷавобгар нест.
4. Хоҷагиҳое ҳастанд, ки кайҳо амалан барҳам хӯрдаанду расман вуҷуд доранд. Ё қисман заминҳо лалмӣ гаштаанду дар ҳуҷҷатҳо расман обӣ ҳисобида, андозбандӣ мешаванд. Ҳатто шабакаҳои обёрӣ кайҳо вайронанд.
5. Барои дастгирии молиявии кишоварзон ташкили бонки махсуси соҳавӣ ва  такмили асноди меъёриву ҳуқуқӣ барои ин мақсад зарур аст. Зеро мушкили асосии кишоварзон ва хоҷагиҳо танқисии молиявӣ мебошад. Дар фаъолияти чунин сохтор намунаи бонкҳои исломӣ қобили қабул мебошад. Бонки кишоварзӣ бояд ба натиҷаи ниҳоӣ ва бозгашти маблағи қарз бо фоидааш ҳавасманд бошад.
Масъалаҳои доғи соҳа зиёданду ҳалли худро меҷӯянд. Албатта, ҳамаи онҳоро ба якборагӣ бартараф намудан корест ғайриимкон. Мақсад аз навиштаҳои боло танқиди касе ва ё сохторе нест. Балки фикрҳои шахсии нигоранда барои дарёфти роҳи ҳалли мушкилот, пешниҳоде барои  амалисозии беҳтари дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили озуқаворӣ ва хоҳиши саҳмгузорӣ дар раванди ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ мебошад.
Муртазоалӣ МУРОДОВ,
роҳбари хоҷагии деҳқонӣ, шаҳри Истаравшан


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.06.2017    №: 110-113    Мутолиа карданд: 544

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед