logo

сиёсат

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ҲОСИЛИ ТАЛОШҲОИ ХАСТАНОПАЗИР ВА МУЗОКИРОТИ БЕШ АЗ СЕСОЛА

Дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта Тоҷикистони соҳибистиқлол ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Ман ҳамчун як нафар шаҳрванди ҷонибдори давлати миллӣ дар ҷараёни он ҳодисаю рӯйдодҳо қарор доштам. Бо талошҳои фидокорона ва меҳанпарастонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музокироти сулҳи тоҷикон ба марҳалаи ҳалкунандаи худ ворид мегардид. Ҳар ду ҷониб маънии сулҳу суботро комилан дарк карда буданд. Зеро медонистанд, ки ба ҷуз сулҳ дигар чорае нест.
Музокироти сулҳи тоҷикон беш аз се сол идома ёфт. Дар тасаввури кас намеғунҷад, ки чӣ гуна Сарвари муаззами давлат таҳаммулпазирона ҳамаи инро ҳаллу фасл менамоянд. Ҳарчанд ки дар сари комиссияи ҳукуматӣ оид ба гуфтушуниди сулҳи тоҷикон шахсиятҳои шинохтаю варзида қарор доштанд, Сарвари давлат шахсан дар ҷараёни музокирот буданд. Замоне ки  гуфтушунидҳо бо ягон сабаб вориди бунбаст мегардиданд, бевосита гиреҳи мушкилотро мекушоданд.
Сарнавишти музокироти сулҳ на танҳо ба ҳайатҳои ҳукуматию мухолифон ва омилҳои берунии марбут ба кишварҳои абарқудрат ва ҳамсояву минтақа, балки ба вазъи дохилии мамлакат низ бастагӣ дошт. Неруҳои гуногун, ҳизбу ҳаракатҳо, ҷомеаҳои этникию мазҳабӣ, ҷамъиятҳои маҳалу минтақаҳо дар чорроҳае қарор доштанд ва роҳнамою чорасозеро чун Эмомалӣ Раҳмон интизорӣ мекашиданд. Ва ин марди фидоӣ, ҷоннисор ва маҳбуби халқ рӯзу шаб дар андешаи ба ифоқа овардани миллату халқиятҳо, ҳизбу ҳаракатҳо буд.
Президенти мамлакат дар ҳар вохӯрию мулоқотҳояшон бо мардум аз ваҳдат сухан мегуфтанду аз иттиҳоду сарҷамъӣ ва сулҳу суботи ҷомеа. Сарвари давлат 1 марти соли 1996 ҳангоми мулоқот бо роҳбарони аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии миллӣ, иттиҳодияҳои эҷодию илмӣ ва динӣ ба нақши муҳими онҳо дар суботи ҷомеа баҳои дурандешона дода, зикр намуданд, ки Президент дар кору амалу қазовати худ танҳо ба аҳли ҷамъият такя мекунад. Зеро аз мавқеи манфиатҳои ин ё он гурӯҳ баромад кардан ҷамъиятро номуътадил мегардонад. Мо бояд манфиатҳои аксариятро ҳимоя кунем, вале манфиатҳои ақаллиятро ҳам нодида гирифта наметавонем, ҳаққи ҳуқуқи онҳоро поймол кардан ҳам надорем.
Сарвари давлат яқин медонистанд, ки таъмини ин гуна шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва умуман ҳаёти осоишта, аз бисёр ҷиҳат ба ҳизбҳо, созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бастагӣ дорад. Бинобар ин, пешиниҳод карданд, ки дар атрофи ташкил додани ягон сохтори ҷамъиятӣ, ягон санади муҳим оид ба ризоияти ҷомеа маслиҳат намоем, фикру назари ҳамдигарро бишнавем ва ба ягон хулоса биёем. Ин пешниҳоди Президент аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳо, ҷамъияту иттиҳодияҳо ва созмонҳои зиёди ғайриҳукуматӣ пазируфта шуд. Ва 9 марти соли 1996  Аҳдномаи ризоияти ҷомеа дар Тоҷикистон дар марҳалаи аввал аз ҷониби 30 ташкилоти ҷамъиятию сиёсӣ ба имзо расид.
Президенти мамлакат ҳадафҳои асосии Аҳдномаро ба қарори зайл муайян карданд, ки он аз истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ иборат буд. Масоили барномавии онро бошад, таъмини сулҳу субот дар мамлакат, ба даст овардани созгории миллӣ ва иттиҳоди ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳалли проблемаҳои муҳим, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, ба вуҷуд овардани шароит барои рушди ҳамаҷонибаи шахсият, новобаста аз мансубияти динию забонӣ ва мазҳабию нажодӣ, ташкил медод.
Воқеан, он солҳо барои ҷумҳурии азизи мо хеле тақдирсоз ба ҳисоб мерафтанд. Вазъият чандон эътимодбахш набуд. Ҷумҳурӣ мисле, ки дар як дарёи пуртуғён афтода бошад, барои ба соҳил баромадан аз хаси рӯи об ҳам умеди наҷот металабид. Бинобар ин, Президенти мамлакат барои раҳоӣ аз ин варта ҳар кори аз дасташон омадаро анҷом медоданд. Ҳадаф ин буд, ки мутаносибан бо раванди музокирот дар дохили ҷумҳурӣ низ мардум ба ифоқа биёянд, муттаҳиду ҳамфикр шаванд. Зеро эътимоду эътиқод ва боварии мардум ба маротиб коста гардида буд.
Ҳамин тавр, мо он  вақт Аҳдномаи ризоияти ҷомеаро ба имзо расондем. Дар доираи он Шӯрои ҷамъиятиро ташкил кардем. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Дар заминаи он Комиссияи оштии миллӣ таъсис ёфт. Бад-ин минвол аз ҳама гуна василаву омилҳои муттаҳидкунанда истифода мебурдем. Дар чаҳорчӯбаи Шӯрои ҷамъиятӣ маҳфили доимоамалкунандаи «Ҳамкориҳои иҷтимоӣ» ташкил гардид. 7 июли соли 1997 Анҷумани таъсисотии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор шуд. Президенти мамлакат ин азми оқилонаро як падидаи бисёр умедбахшу солими ҷамъиятию сиёсии кишварамон маънидод карда, муттаҳидию ҳамраъйиро, ки дар шакли як ҳаракати мардумӣ-Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон арзи ҳастӣ кардааст, ба тамоми сокинони Тоҷикистон табрик намуданд...
Ва имрӯз бо гузашти солҳо беш аз пеш эҳсос мегардад, ки ҳамаи ин иқдомҳо чун ҳалқаҳои як занҷир ба ҳам омада, миллатро аз парокандагӣ ва Ватанро аз нобудӣ наҷот доданд. Бисёр ҷойи таассуф аст, ки имрӯз баъзеҳо рисолати ваҳдатро анҷомёфта пиндошта, зарурати таҷлили ҳамасолаву шукӯҳманди онро нозарур мешуморанд.
Албатта, дар ҷамъияте, ки демократия, озодӣ, ошкорбаёнӣ ва гуногунандешӣ ҳаст, дар он ҷо ихтилофи назарҳо мешавад, вале ба андешаи ман ин ақидаю назарҳо хатои маҳзанд. Баръакс, имрӯз дар раванди ҷомеасозии миллӣ ваҳдати миллӣ аз ҳарвақта дида бештар зарурат дорад. Идеологияи ваҳдати миллӣ дар ин гуна ҳолатҳо чун обу ҳаво зарур аст. Бо назардошти ин гуфтанием:
Аввал, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ҳама гуна хароҷот қобили пазириш аст. Зеро агар ваҳдат набошад, тинҷию оромӣ нест, созандагию бунёдкорӣ нест. Мардум ба фардои осоиштаи худ эътимоду боварӣ намекунанд.
Дуюм, бо василаи ҷашн гирифтани ваҳдати миллӣ дар ин ё он минтақа намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа аз саросари кишвар дар як ноҳия ва ё шаҳр ҷамъ меоянд, мулоқоту вохӯриҳо мегузаронанд, риштаҳои дӯстию рафоқатро тавсеа мебахшанд. Зимни раду бадали афкор таҷрибаҳои ҳамдигарро меомӯзанд, бо фарҳангу маданияти минтақаҳо ошно мегарданд, ки ин барои таҳкими давлати миллӣ чун обу ҳаво зарур аст.
Сеюм, муҳимтарин масъала ин аст, ки  ба муносибати ҷашн гирифтани Рӯзи Ваҳдати миллӣ берун аз маблағҳои лоиҳавӣ ва аз ҳисоби буҷет ба таври илова иншооти гуногуни иқтисодию фарҳангӣ ва иҷтимоию варзишӣ сохта мешаванд. Ин албатта, мардумро рӯҳбаланд месозад, сатҳи зиндагии онҳоро меафзояд ва одамон нашъаи мафкуравии зиндагии навини озодро эҳсос менамоянд.
Барои мисол, соли гузашта Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Бадахшон таҷлил гардид. Дар саросари вилоят беш аз 200 иншоот аз нав сохта ё таъмиру тармим шуд. Чойхонаи бо дасти ҳунармандони истаравшанӣ дар маркази вилоят - шаҳри Хоруғ бунёдгашта ва ё варзишгоҳи ноҳияи Дарвоз на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар минтақаи Осиёи Миёна назир надоранд. Магар ин бад аст? Аз ин рӯ, ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд сулҳу ваҳдатро, ки ба осонӣ ба даст наомадааст, чун гавҳараки чашм ҳифз намояд. Дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, сиёсати созандаю бунёдкоронаашонро пайгирона амалӣ гардонад.
Қурбон ВОСЕЪ,
доктори илмҳои филологӣ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.06.2017    №: 110-113    Мутолиа карданд: 874

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед