logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ҚИССАИ ЛЁВА ПОНТРЯГИН ВА ҲАМСИНФОНИ Ӯ
Дар яке аз муассисаҳои таҳсилотии шаҳри Москва ҳодисаи аз нигоҳи аввал назарногире рух дод, ки минбаъд исми хонандаи онро машҳури ҷаҳон гардонд. Писарбачае чанд ҳафта ба дарс наомад. Ҳамсинфонаш бо тавсияи омӯзгор ба аёдаташ рафтанд. Дарро ба рӯйи онҳо модари Лёва боз намуд. Бачаҳо пурсиданд; «Чаро Лёва ба мактаб намеравад?» Модар, дар ҳолате ки ашк дар чашмонаш ҳалқа мезад, посух дод; «Ӯ дигар бо шумо хонда наметавонад. Чашмонаш дигар намебинанд…»
Бачаҳо ба ҳам нигоҳ карда чизе гуфта наметавонистанд. Дар ҳамин асно, яке аз онҳо пешниҳод намуд, ки биёед ӯро бо навбат ба мактаб барем.
Бачаҳо нақшаи нигоҳубини Лёва - ба мактаб бурдану ба хона овардан, бо ӯ дарс тайёр кардан ва сайругаштро тартиб доданд. Ҳампартааш ба Лёва навиштаҷоти тахтаи синфро хонда медод.
Лёва бо баҳои аъло мехонд. Давомот ва сатҳи дониши тамоми бачаҳо низ якбора боло рафт. Охир, худ ба дарс сарфаҳм нарафта, чӣ гуна метавон онро ба дигаре фаҳмонд?
Ҳамон зимистон иштиёқи Лёваро ба конкиронӣ ба назар гирифта, тамоми синф ба ин маҳфил номнавис шуд. Чун мусиқии классикиро дӯст медошт, бачаҳо бо навбат ҳамроҳаш ба консертҳои мусиқии симфонӣ мерафтанд.
Лёва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали тилло хатм намуда, ба донишгоҳ дохил шуд. Он ҷо низ одамони неке пайдо шуданд, ки барояш кумак мекарданд. Пас аз донишгоҳ низ хонданро идома дод. Оқибат Лев Понтрягин математики машҳур гардид.
«Некӣ хусусияти аҷибе дорад. Ҳар қадар бештар некӣ намоед, ҳамон қадар оламу одам зеботар мешавад», - хулоса намудааст зиндагии худро академик Л. Понтрягин.
Таҳияи М. ТАБАРӢ


ҲИКМАТИ МЕРОС
Бозаргони пирро ду писар буд. Писари калонашро бештар дӯстдорӣ кардаву бо ӯ унсу қаробати зиёдтар дошт. Дар айёми пирӣ ба хулосае омад, ки молу давлаташро ба писари калонаш гузорад.
Модари бечора рӯҳафтода шуду пеши хирадманде рафт ва машварат хост. Пири равшанзамир чунин гуфт: «Ҷавононро ғуруру шаҳомат ва якравию олуфтагӣ хос аст. Агар ин вижагиҳои онҳо барои расидан ба ҳадафҳои олӣ сафарбар гардад, падару модар фарзандонашонро ба нангу номус оварда тавонанд, оянда комгорию муваффақият дунболи онҳост. Бирав ва рӯирост бигӯ, ки аз сарвати падарат диноре намерасад».
Ва модар бо дили решу хотири переш хабари бе мерос мондани писари дуюмро ба ӯ гуфта, таъкид дошт, ки худро бо зӯру тавони бозуи худат бисоз. Писар аз сари нангу номуси ҷавонмардӣ ба кишварҳои дур сафар карда, баъди гузаштани чанд сол бо ҳунар, дониш, таҷриба ва сарвати зиёде ба Ватан баргашт. Вақте омад, бародараш моли меросии падарро кайҳо сарф кардаву бенаво монда буд. На ҳунарею на донише ӯро, ки бурдаи ноне ёбад ва маишати рӯзгорро таъмин кунад.
Додар бародарашро ба яке аз бахшҳои кори худ масъул карда, маошашро таъмин намуд. Шод, шуд, ки падар ба ӯ мерос нагузошта рафт, вагарна кӯшиши худсозӣ намекард ва ба ин мартаба намерасид.
Таҳияи Б. БАҲОДУР  


МӮЙ: МЕТАРОШАНД Ё МЕДАРАВАНД?
Мунаққид, адабиётшинос ва омӯзгори варзидаву маъруф, шодравон Соҳиб Табаров ба ҳангоми тадрис ва суҳбатҳо аз як муаллими украиниашон дар омӯзишгоҳи  педагогии шаҳри Кӯлоб  ёдовар мешуд. Рутбаи ҳарбияш майор буда ва забони тоҷикиро медонистааст. Аз фанни «расмкашӣ» дарс мегузаштааст. Бо оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба корзор рафта ва дигар барнагаштааст.
- Ин омӯзгор, - мегуфт Соҳиб Табаров, - гоҳо моро дар ҳолати риштарошӣ медид ва мепурсид: «Чӣ кор карда истодаед?». Мо посух медодем, ки риш метарошем. Мегуфт: «Тарошидан ба чӯб иртибот дорад. Баъди  тарошидан мӯй набояд бирӯяд. Аз ин рӯ,  бояд бигӯед, ки ришамонро медаравем».
Соҳиб Табаров изҳор медошт, ки ин як гуфтугӯ моро водор месохт, ки дар бораи назокату ғановати забонамон бештару беҳтар биандешем. Ҳолиё ҳам аксари мо бовар надорем, ки  ифодаи «даравидани мӯй» дар забонам, забони адабии тоҷик вуҷуд дорад, агарчи он зиёд истеъмол намешавад. Чун «мушт намунаи хирвор» ба мисоле иктифо менамоем. Дар боби бистуҳафтуми «Тазкират – ул – авлиё» - и Фаридуддуни Аттор, ки аз Ҳотами Асам (рҳ) зикр мекунад, омадааст: «Гуфт: «Ҳеҷ касро дидӣ, ки бидравад нокишта?». Гуфт: «Мӯйи сарат, ки бидравидӣ, нокишта аст».
Дар ҳақиқат, донистани  таърихи забон ва роҳ бурдан ба асрори зебои калимаҳо  муҳаббати моро ба забони пурғановати  миллат меафзояд. Таҳқиқоти забоншиносон дар иҷрои ин амри хайр мардумро мадагор мешаванд.
Абдулқодири РАҲИМ


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ ДАР ЮНОНИ ҚАДИМ
Оғози Бозиҳои олимпӣ
Баргузории Бозиҳои олимпӣ аз соли 776 то милод ва 394 – и милод, яъне дар тӯли ёздаҳ аср ба ҷангҳо, эпидемияҳо ва шикасту заволҳои ҷамъиятӣ нигоҳ накарда, анъанаҳои созмондиҳии зӯрозмоиҳоро ҳифз намуд, ки худ баёнгари чӣ қадар моҳияти бузурги иҷтимоӣ доштани бозиҳо дар Юнони Қадим мебошад. Бо вуҷуди ин, мушаххасан мехоҳем бифаҳмем, ки Бозиҳои олимпии антиқа чӣ гуна вазифаҳои иҷтимоиро дар давраи шукуфоии худ иҷро намудаанд.
Паҳншавии шахсияти Зевс Олимпро ба маркази мазҳабии Юнони Қадим мубаддал намуд. Пас аз қурбонии анҷомдодаи юнониҳо наздик ба соли 456 милод дар ин ҷо маъбади бузурги Зевс қомат афрохта буд. Ороиши асосии маъбад муҷассамаи кабири Зевс ба ҳисоб мерафт ва он аз тарафи таърихдонҳои он замон яке аз ҳафт муъҷизаҳои олам шинохта шудааст. Фидий муҷассамаи аз тилло ва устухони фил бо баландии дувоздаҳ метрро сохт, ки дар  зимн бо бадеияти комил хеле тасхиркунанда буд. Инчунин, дар Олимп қариб 70 макони муқаддас ба хотири дигар Худоҳову қаҳрамонҳо бунёд гардид.
Тибқи назари юнониҳо аз тариқи зӯрозмоиҳо гуфтугӯи одамон бо Худоҳо сурат мегирифт. Танҳо Худоҳо ба арзандатаринҳо ғолибиятро ҳадия менамуданд. Вале, барои ба боварии Худоҳо даромадан фардро мебоист такмили ҷисмонии бадану  рӯҳӣ анҷом диҳад ва аз амалҳои номатлуб даст бикашад. Ҳамчунин, барандаи зӯрозмоиҳо нишони ҳолати махсуси Худоҳоро мегирифт ва он ба ӯ имкон медод, ки бо Худоҳо баробар дониста шавад.
Бозиҳои олимпӣ таъсири амалии худро дар рушди фарҳанги юнонӣ гузоштаанд.  Ҳангоми бозиҳо аз тамоми гӯшаҳои Эллад файласуфон, шоирон ва олимони забардаст меомаданд, ки ҳузури онҳо дар оянда ба рушди беназири фарҳанги юнонӣ мусоидат менамуд.
Дар ҳузури мардуми зиёд файласуфони бузург Платон, Суқрот, Диоген, Гераклит, падарони таърих Ҳеродот ва Фукидид, асосгузори тибби юнонӣ Гиппократ, классикони шеъри Юнони Қадим Софокл, Пиндар, Еврепид суханронӣ мекарданд. Суҳбатҳои  файласуфона, баромадҳои назмию наттоқӣ, мушоҳидаҳои шоҳасарҳои меъморӣ ва фарҳанг, ба ваҷд омадан аз зебоӣ ва такмили тарбияи ҷисмонии варзишгарон фарҳанги ягонаи юнониро ба шакл дароварда, тараққӣ менамуд.
Дар давраи шукуфоии Юнони Антиқа Бозиҳои олимпӣ ба ғайр аз зӯрозмоиҳо боз як қатор функсияҳои иҷтимоии мазҳабӣ, фарҳангӣ, тарбиявӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва тамошоиро низ иҷро мекарданд. Вале моҳияти бузурги иҷтимоии Бозиҳои олимпии ин давр дар навбати аввал муайян мегардид аз таъсири онҳо ба муттаҳидии олами юнонӣ ва шаклгирии худогоҳии ягонаи миллӣ.
Варзишгарони ин давра аз як тараф инъикоскунандаи қувва ва тавоноии шаҳр, аз тарафи дигар идеали умумиэллинии ҳаматарафа инкишофгардида ва шахсияти комили аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб ёфта ба шумор мерафтанд.
Соҳибэҳтиром ва шарафманд гардидани ғолиб нишонаи сипосу муҳаббати ҳамватанон ба ӯ буд, яъне натиҷаи эътирофи ҷомеа ба ҳисоб мерафт.
Тавре ки Солон (шоир ва сиёсатмадори он давр) скифи нодонро дар асари Лукиан таълим додааст:
«...ҳар, кӣ гулчанбарро мегирад дар он тамоми хушбахтиҳои ба одам мансубро дармеёбад: ман дар бораи озодии зиндагии шахсии ҳар фард ва ҳаёти ватани ӯ мегӯям, роҷеъ ба боигариву шараф, ҳаловати ҷашнҳои ватанӣ, наҷоти бошандагони хонааш ва умуман дар бораи басо зебоиҳо мегӯям, ки онҳоро ҳар яке барои худ аз Худоҳо илтиҷо мекунад: ҳамаи ин дар он гулчанбар, ки дар борааш ман мегӯям бофта шудааст ва ҷоизаи он зӯрозмоиҳо маҳсуб мегардад, ки ба хотираш кулли ин машқкуниҳову ин заҳматҳо ба амал меоянд».
(Идома дорад)
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ХАКАМАДА ГУНАҲГОРИ БЕГУНОҲ
Ивао Хакамада ҷопонӣ 48 соли зиндагии худро дар маҳбас гузарондааст. Аз ин, 34 сол ӯро дар камераи яккаса нигоҳ доштаанд. Соли 2014 маълум мегардад, ки ӯ бегуноҳ аст ва аз ҳабс озод мешавад. Ҳоло Ивао 78 сол дорад.
Дар синни 30 солагиаш Ивао Хакамада ҳамчун муштзани беҳтарини Ҷопон бо ширкати фаъолона дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ маҳбубияти зиёд пайдо кард. Ӯ дар 28 муҳориба иштирок намуда, 16 пирӯзӣ ба даст оварда буд. Дар баробари ин, Хакамада дар корхонаи  истеҳсоли  иловаҳои  хушбӯйкунанда кор мекард. Тобистони соли 1966 ҳодисае рух дод, ки ҳаёти муштзани машҳурро тағйир дод. Хакамадаро дар қатли чор нафар гунаҳкор дониста ба ҳабс гирифтанд.
Шаби 30 июни соли 1966 дар хонае, ки мезист, сӯхтор ба амал омад. Хакамада дар хомуш кардани сӯхтор ёрӣ мерасонад. Баъди паст шудани оташ дар хона ҷасади чор ёфт мешавад. Таҳқиқот ошкор кард, ки қурбониён аз зарбаи корд ба ҳалокат расидаанд. Дар ин амал Ивао Хакамадаро Гунаҳкор донистанд…
Пас аз озод шудан Хакамада дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ки «ман ба бегуноҳии худ ҳеҷ гоҳе шак накардаам ». Аз ҷониби дигар, маҳбас ба Ивао Хакамада шуҳрат ҳам овард, ӯ ҳамчун шахсе, ки беш аз 40 сол дар ҳабс будааст, ба «Китоби рекордҳои Гиннес» ворид гардид.
Меҳрона ЗУВАЙДОВА


ДОНОР. РЕКОРДГУЗОРЕ, КИ ҲАЁТИ БЕШТАР АЗ 2 МИЛЛИОН НАФАРРО НАҶОТ ДОДААСТ
Шуморо бо одами аҷиб Ҷеймс Харрисон аз Австралия шинос менамоем, ки дар тӯли зиндагии худ ҳаёти бештар аз 2 миллион одамро наҷот додааст. Марди куҳансол донор – рекордгузор мебошад, ки хуни камназир ва плазмаашро бештар аз 1000 маротиб супурдааст.
Ҷеймс Харрисон 27 декабри соли 1936 таваллуд шуда, соли 1954 ба хунсупорӣ шурӯъ кардааст. Баъдан муайян гардид, ки таркиби хуни ӯ Д резус – фактори ғайриодии пурқуввату устувори антибадан ба антиирсиятро дорост.
Хуни Харрисон басо фавқулода будааст, бинобар ин, ҳаёташро ба як миллион доллар суғурта намуданд.
Дар асоси плазмаи хуни ӯ хунобае  ба вуҷуд оварда шуд, ки истифодаи он дар резуси манфии зан, резуси ҳомилаи кӯдаки мусбат ҷорӣ гардид. Ин хуноба аз инкишофи антибадан дар хуни насл ва ҳамчунин, аз ба бемории зардпарвин гирифтор шудани кӯдак ҷилавгирӣ мекунад. Плазмаи хунро нисбат ба хун зуд – зуд додан мумкин аст. Харрисон плазмаи худро ба ҳисоби миёна ҳар се ҳафта дар тӯли 57 сол додааст. Дар моҳи майи соли 2011 ҳазорумин бор хун супурдааст, ки ин миқдор рекорди ҷаҳонӣ маҳсуб мегардад. То соли 2015 доруҳои антирезусии Австралия аз плазмаи Харрисон сохта мешуданд. Дар ин муддат плазмаи Харрисон  барои наҷоти ҳаёти бештар аз 2 миллион кӯдаки навзод, ба шумули духтари худи ӯ, кумак кардааст.
Таҳияи Барноз ГАДОАЛИЗОДА


ПУЛ. ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ
Яке аз куҳансолтарин бонки дунё «Banca Montedei Paschidi Siena» мебошад, ки соли 1472 таъсис ёфтааст.
Агар як миллион доллари иборат аз пулҳои коғазии (купюраҳои) 100 доллараро гирифта бар кашед, вазнаш 10 килограммро ташкил медиҳад. Ҳамин миқдор маблағро бо тангаҳои яксента бигиред, 246 тонна мешавад.
Пулҳои коғазӣ нахуст дар Чин пайдо шудаанд.
Сеяки пулҳои миллии соли 1865 дар ИМА ба муомилот баровардашуда қалбакӣ буд.
Дар Шветсия то асри 18 тангаҳои мисини 20 килограмма дар муомила буданд.
Дар асри 19 пулҳои аз пӯсти тюлен тайёршуда дар Аляска хеле маъмул буданд.
То миёнаҳои асри 20 дар бештари кишварҳои Африқо чорво вазифаи пулро ба ҷо меовард.
Таҳияи М. БЕРДИЁРОВ


ОЁ МЕДОНЕД? ОДАМОН БА ПАРВАРИШИ БИРИНҶ 9400 СОЛ ПЕШ ШУРӮЪ КАРДА БУДААНД
Муҳимтарин маводе, ки мову шумо ҳангоми пухтани шоҳтаом – оши палов истифода мебарем, аз қадимтарин зироатҳост. Ин нукта ҳангоми ҳафриёти олимони чинӣ дар музофоти Чжэсзян маълум гашт. Онҳо дар ҷараёни тадқиқот намунаҳои қадимаи шолии парваридаро пайдо карданд.
Мутахассисон аз зери хок чанд пояи шолӣ ва миқдори зиёди фитолитҳо – зарраҳои кремнийро, ки баъзе рустаниҳо барои ҳимоя аз ҳашароти зараррасон истифода мебаранд, ба даст оварданд. Қариб ҳамаи фитолитҳо хамхӯрда буданд, ки танҳо хоси шолии «хонагӣ» аст ва дар зироати худрӯяш мушоҳида намешавад. Синни шолӣ тавассути таҳлили бевоситаи фитолитҳо, ҳамчунин хок муқаррар гардид.
Шояд олимони мо аз бозёфти ҳамтоёни чинии худ илҳом гирифта, «чандсола» будани оши палови тоҷикиро муайян созанд.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


ИНСОН ВА ЗАМИН. ЧАНД ДАЛЕЛИ ДОНИСТАНӢ
Партовҳои марговар
Қариб дар бадани 50 дарсади парандаҳои баҳрӣ ва 22 дарсади оилаҳои моҳӣ ва сангпушти баҳрӣ маводи полиэтиленӣ дарёфт шудааст.
Маълумоти оморӣ
Аз як оилаи амрикоӣ дар як сол 1 тонна партов мебарояд.
Ҳавои марговар
Мувофиқи таҳқиқоти илмӣ, аз фавти 8 нафар як нафари он ба ифлосшавии ҳаво марбут аст.
Химикатҳо
Дар бозори имрӯза тақрибан 80 ҳазор маводи кимиёвӣ ва синтетикӣ мавҷуд аст. Қариб 500 намуди он дар бадани инсон ёфт шудааст.
Партови пластикӣ
Дар Амрико ҳар соат се миллион қуттии пластикӣ партофта мешавад. Ин дар ҳолест, ки давраи нестшавии ин мавод 500 солро дар бар мегирад.
Фавт
Дар Ҳиндустон тақрибан ҳазор нафар кӯдак ҳар рӯз аз бемориҳои вобаста ба ифлосшавии об мемирад.
Таҳияи О. ВАФОБЕКЗОДА


ҲАЛОЛБОЗ
Футболбози мунтахаби Дания Микаэл Лаудруп яке аз беҳтарин футболбозони маркази майдон дар солҳои 90-ум ва аввалҳои асри нав дониста мешуд. Лаудруп ситораи даврони тиллиоии Траппатонӣ дар «Ювентус» ва «Барселона» ‐ и Круифф буда, тамоми ҷоизаҳоро ба даст овардааст. Сипас ба дастаи «Реал» - и Мадрид гузашт. Дар хати марказ, ки қариб тамоми муборизаҳо дар ин мавқеъ сурат мегиранд, ӯ 17 сол бозӣ карда, боре ҳам муҷрим ба корти сурх нашудааст.
Имрӯзҳо мухлисон Гари Линекерро ҳамчун як шореҳи хуби футбол дар Британия ва Аврупо медонанд. Линекер дар шабакаи телевизонии «BT Sport» (Англия) ҳамчун шореҳ ва таҳлилгари бозии футбол фаъолият дорад. Аммо, пеш аз он дар майдонҳои сабз ҳунари беҳамто нишон медод. Линекер беҳтарин ҳамлагари охири солҳои 80-ум дар Англия дониста мешуд.
Дар 16 соли фаъолияташ собиқ футболбози «Эвертон», «Тоттенхэм» ва «Барселона» на ин ки аз майдон ронда шудааст, балки ҳатто як корти зард ҳам нагирифтааст. Аммо ба иқрори худи футболбоз дар даврони ӯ ноил шудан ба ин дастовард кори душвор набуд, зеро баъзан доварон қоидавайронкуниҳои ҷиддиро нодида мегирифтанд.
Таҳияи  Раҳматулло КАРИМОВ


ХЭ ИДЭ. КӮДАКЕ, КИ ҲАМАРО БА ҲАЙРАТ ГУЗОШТ
Хэ Идэ, писарбачаи 5 - солаи чинӣ бо лақаби Додо, ҳамчун ҷавонтарин сарнишини тайёра шомили «Китоби рекордҳои Гиннес» гардид. Ӯ тайёраи на чандон калони «Вее 3» - ро тӯли 35 дақиқа дар болои мамнӯъгоҳи Пекин  чарх занонд.  Албатта, ба хотири бехатарии кӯдак, нозире ӯро ҳамроҳӣ менамуд. Зеро ӯ барои идораи тайёра хеле хурд аст ва як иштибоҳ метавонад боиси ҳодисаи нохуш гардад.  Аммо Додои хурдакак аз уҳдаи идораи тайёра баромада, ҳамагонро ба ҳайрат овард.
Додо ҳангоми ба синфи якум рафтанаш низ нисбат ба ҳамсолонаш хеле муваффақ буд. Ӯ барномаи сесолаи мактабиро дар як сол аз худ намуда, якбора ба синфи 4  гузашт.
Инчунин, ӯ дӯстдори ҳодисаҳои экстрималӣ мебошад. Дар синни 4 -  солагиаш  Додои хурдакак дар 13 дараҷа  ҳавои сард пойи луч  рӯйи барф медавид. Ҳатто, боре  ҳангоми борони сел, ба қуллаи кӯҳи Фудзияма баромадааст. Ин кӯдак бо маҳорати фавқулодааш дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба пойгаи киштиҳо низ муваффақ гардид.
Барои дар ин синну сол шуҳрати ҷаҳонӣ  касб намудани Додо саҳми падараш Хэ Лешен бузург аст. Чуноне ки худи Лешен  мегӯяд, танҳо барои дарсҳои хусусии писараш 30 ҳазор юан (3 ҳазор доллар) сарф намуд. Лешен аз он ифтихор дорад, ки дар тарбияи фарзанд муваффақ гардидааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2017    №: 114-117    Мутолиа карданд: 603

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед