logo

иҷтимоиёт

АСРОРИ «БЕШАИ ПАЛАНГОН»

Мамнӯъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» яке аз  гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистон буда, дар он то ба ҳол нодиртарин наботот ва ҳайвоноти гуногун сукунат доранд. Чунин мамнӯъгоҳ дар миқёси Осиёи  Марказӣ аввалин буда, 4 - уми ноябри соли 1938 дар ҳудуди  Тоҷикистон таъсис ёфтааст. 

Дар адабиёти илмӣ - оммавӣ он бо номҳои «Бешаи палангон»,  «Полвонтуғай», «Ҷангали палангон», «Мавзеи баброн», «Қӯруғи палангҳо» маълум аст. Дар он айём масоҳати умумии мамнӯъгоҳ 50 ҳазор гектар буд ва аз соли 1941 он ба ихтиёри филиали Тоҷикистонии Академияи фанҳои СССР ва баъдтар ба ихтиёри Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон вогузошта шуд.   
Ҳадафи бунёди ин мамнӯъгоҳ нигоҳдошти муҳити табиии поёноби дарёҳои Вахшу Панҷ, бахусус дар он гузарондани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва мушоҳидаҳои мониторингӣ буд. Олими шинохта Г. А. Кожевнников дар бораи мамнӯъгоҳ навиштааст: «Мақсади ниҳоии мамнӯъгоҳ дарки қонунҳои эволютсияи олами органикӣ мебошад».
Аз ҳамон давра инҷониб аз тарафи олимону муҳаққиқони Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пайваста сафарҳои илмӣ гузаронда мешаванд. Дар муддати  зиёда аз 70 сол аз ҷониби олимон тамоми релефи мамнӯъгоҳ, обу хок, ҷангал, рустаниҳо, ва олами ҳайвоноту парандагони мамнӯъгоҳ ҳаматарафа таҳқиқ шуд. Муқаррар гардид, ки мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» воқеан дар Осиёи Марказӣ ягона мавзеест, ки дар он комплекси биёбонии туғай, минтақаи субтропикии хушк боқӣ мондааст.
Табиатшиноси рус Р. Л. Потапов соли 1962 ба «Бешаи палангон» омада, баъди аз наздик шиносоӣ пайдо кардан ва омӯзиши мамнӯъгоҳ китоби илмӣ-оммавии «Дар бешаи палангон» - ро чоп кард. Р. Л. Потапов, аз ҷумла навиштааст: «Вақте ки шумо аз туғайзор, аз байни анбӯҳи қамишзору буттаҳои зичи ба ҳам пайвастшуда мегузаред, беихтиёр навиштаҳои сайёҳони ҷангалҳои касногузари Амазонка ба хотиратон мерасад. Дар ин ҷо одами чолок ҳам бо душворӣ қадам мегузорад ва баъд аз 500-600 метр роҳ гаштан ҳатман монда шуда, ба рӯи қамишҳо мехобад. Вале баданаш ба хок намерасад, зеро анбӯҳи қамишҳо бистари мулоимро мемонанд, ки ғафсии онҳо 1 - 1,5 метр мебошад. Чунин аст, мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон»….
«Бешаи палангон» дар қисмати ҷанубӣ - ғарбии ҷумҳурӣ, дар резишгоҳи дарёи Вахш ҷойгир шудааст. Дар ҳудуди он аз оби дарёи Вахш кӯлҳои бешуморе ба вуҷуд омадаанд, ки дар онҳо набототу буттаҳои гуногун месабзанд. Баъзеи ин кӯлҳо то 2 - 4 км дарозӣ дошта, чуқурии онҳо то 10 - 15 метрро ташкил додааст. Тобистони беша хеле гарм ва тафсон аст. Ҳарорати ҳаво бениҳоят баланд мешавад. Дар ин соатҳо аксари ҷонварон ба лонаҳои зеризаминии худ ё ба зери буттаю саксавулзорҳо пинҳон мешаванд. Дар ин айём дар майдонҳои васеи мамнӯъгоҳ, дар кӯлу ботлоқ бухоршавии об рух дода, ҳаво нисбатан намнок мешавад. Танҳо баъди чунин рӯзҳо шабона салқин шуда, ҳарорати ҳаво то 10 - 15 дараҷа паст мефарояд.
Дар мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» дар қатори ҳайвоноти нодир ва мурғи даштӣ тазавр, 33 намуди ширхӯрон, шағолу гурбаи ёбоӣ, боз 26 намуди гуногуни  хазандаҳо мавҷуд мебошад. Морҳои куброи осиёмиёнагӣ, гурза, мори афъии регзор ва тирмор дучор мешаванд, ки хеле хавфноканд.
Ҳар дафъа, ки меҳмони «Бешаи палангон» мешавам, албатта мехоҳам ҳар чи бештар асрори онро омӯзам. Баҳори  имсол низ сафарам бобарор буд. Дар оғӯши табиати афсункори беша сайр карда, чӣ тавр дохили анбӯҳи  чакалакзор шуданамро нафаҳмида мондам. Оромӣ ҳукмфармо буд. Ин оромиро ногаҳон овози шағолу садои беисти гавазнҳо халалдор намуд. Шояд ғизолон аз таҳдиди шағолон фирор доштанд, ки овози онҳо то рафт пасттар мешуд. Ин оромӣ як навъ ба дилам ваҳм овард, ки базӯр аз анбӯҳи чакалакзор берун шуда, ба биёбони холӣ афтодам. Дар ин мавзеи тафсони беохир танҳо буттаҳои худрӯйи саксавул мерӯиду халос. Дар гармӣ хостам  наздиктарин хоначаи ҷангалбонҳоро пайдо созам. Акнун қоматамро рост карда, роҳамро давом доданӣ будам, ки садои ғайриодие баланд шуд. Ногоҳ чашмам ба сусмор, ки онро «тимсоҳи биёбон» ҳам мегӯянд, афтод. Сусмори бадҳайбати хокистарранг дар ҳавои серун  гӯё ҷило медод. Сари аз боло ба поён пачақу пулакчадор ва забони дарозаш маро ба ҳайрат овард. Аввалин маротиба «тимсоҳи биёбон»-ро аз наздик медидам. Ин хазандаи нотарс пойҳояшро ба замин қавӣ гузошта буд, ангуштони дарозу нохунҳои тезашро гӯё намоиш дода, интизори он буд, ки ман ба чӣ амале даст хоҳам зад.
Сусмор дар регзор  озодона ҳаракат карда, дар паҳлуи саксавул ногоҳ бо муши калоне рӯ ба рӯ шуд. «Тимсоҳи биёбон» дигар ба ман кордор нашуд, шушашро аз ҳаво пур карда, фашасзанон ба туъмааш дарафтод. Мушро дар як лаҳза пахш карда, миёни саксавул пинҳон шуд.
Чунин сусморҳо хеле кам боқӣ мондаанд. Ҳарчанд барои ҳифзаш сусморро ба Китоби сурхи Тоҷикистон дохил намудаанд, аммо ҳоло ҳам баъзе шахсони ноогоҳ онро нест мекунанд. Ҳол он ки сусмор барои табиат фоиданок буда, ҳар гуна хояндаву ҳашароти зарарнокро нест мекунад.
Ҳамин тавр, омӯзишу мушоҳидаҳои илмӣ атрофи хазандагони М0амнӯъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» идома дорад. Моро ҳаёти ноором, пур аз хавфу хатари ҷондорони ин макони пурасрор ором намегузорад, зеро ин ҷонварон низ мехоҳанд зинда монанд, насли худро нигаҳ доранд.
Аз ин сабаб, кӯшишҳои мо бояд ба он равона гардад, ки шумораи чунин ҷонварон зиёд гардаду чун як ҷузъи табиат бо одамон бошанд, то насли оянда онҳоро танҳо дар китоб не, балки дар табиати зинда бубинанду баҳра баранд.
Маҷид САЛИМ, адиби табиатшинос


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2017    №: 114-117    Мутолиа карданд: 847

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед