logo

фарҳанг

ЧАШМАОБИ НОАЁН…

Хонаи фарҳанги деҳаи Булёни Поёни Ҷамоати деҳоти Исмат Шарифови ноҳияи Данғара, ки Сафар Усмон роҳбараш буд, ба маънои ҳақиқӣ макони истироҳату маърифати мардум буд. Роҳбарони ноҳияю вилояти Хатлон аз фаъолияти ӯ ва муассисааш қаноатманд буданду дар ҳама маҳфилҳо ӯро намуна меҳисобиданд. Кормандони муассисаҳои дигар ӯро устоди худ ҳисобида, ба наздаш барои маслиҳату таҷрибаомӯзӣ меомаданд.

Оре, хонаи фарҳанги деҳаи Булёни Поён номдор буд, чунки ба он мутахассиси соҳибмаърифату заҳматдӯст сарварӣ мекард.
Инсон вақте шуҳратёру хушбахт мешудааст, ки касби худро дӯст дорад, дониши мустаҳкам дошта бошад. Сафар ҳамаи инро дошт: дониши хуби фарҳангӣ, мутриби чирадаст, рассоми нозукқалам, суратгири беҳамто, дӯстдори  таърихи ниёгону табиати диёри маҳбуб, омӯзгори хушзавқ ва мухбири фаъоли ҷамъиятии рӯзномаю маҷаллаҳо, радио ва телевизион. Сафар Усмон зиёда аз чил сол дар соҳибмаърифатӣ ва пешрафти соҳаи фарҳанги ноҳия саҳм гирифт. Солҳои мактабии мо ӯ муаллими фанҳои суруду мусиқӣ ва санъати тасвирӣ буд. Мо, шогирдон, ҳар машғулияти  ӯро бесаброна интизорӣ мекашидем, зеро ҳунари  рассомию ромишгариаш дар зеҳни мо инқилобе меангехт.
Роҳбарияти хоҷагии «Съезди XXII партия» соли 1970 бинои калону зебое сохт, ки он баъдтар ба хонаи маданият табдил ёфт. Сафар Усмон то нафақа роҳбарии онро ба уҳда дошт. Дар ин ҷо маҳфилҳои ҳаваскорони санъат, рассомӣ, суратгирӣ, дӯстдорони табиат ва кишваршиносӣ фаъолияти доимӣ доштанд. Баъди кору таҳсил бисёре аз маҳфилҳо шабона ҳам фаъол буданд. Сафар реҷаи ягонаи  корӣ надошт, ҳамеша дари хонаи фарҳанг кушода буду серодам.
Сафар Усмон соли 1975 дар хонаи маданият осорхонаи таърихӣ - кишваршиносиро таъсис дода буд. Осорхона  дар ибтидо 200 ёдгории таърихӣ дошт, ки баъдтар шумораи ёдгорию суратҳо ва ҳуҷҷатҳои таърихӣ аз ду ҳазор ҳам гузашт.
Бозёфтҳои таърихӣ аз ҳудуди деҳаю ноҳия, қисман аз Ҳулбуку Ховалинг, Балҷувону Кангурт, Сари Хосору Вахш ёфт шуда, аз ибтидо диққати олимону бостоншиносонро ба худ ҷалб месохтанд, ки онҳоро борҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ба намоиш гузоштанд. Дар кори дастрасии  ёдгориҳо сокинони деҳа, аъзои маҳфилҳои хонаи фарҳанг ба ӯ ёрӣ мерасонданд. Бисёр бозёфтҳои таърихиро Сафар Усмон  аз мардум дастрас мекард.
Бозёфтҳои осорхона:  олотҳои рӯзгор, табари сангин, қолаби ҳайкалрезии юнониҳо, зару зеварҳои занона, зерсутунҳои орододаи сангии биноҳо, тангаҳои мансуб ба давраҳои гуногуни таърихӣ, акс ва ҳуҷҷатҳои таърихии собиқадорони ҷангу  меҳнат, хӯсаҳои ҳайвону парандагон, манзараҳои табиати диёр тамошобинонро мафтун месохтанд.
- Деҳаи Булёни Поён диққати муаррихонро ба худ мекашид, - мегӯяд Сафар Усмон. – Онҳо  аз ин ҷо ҳамеша бозёфтҳои таърихӣ ба даст меоварданд, аммо дар ҳудуди имрӯзаи деҳа ва гирду атрофи он ҷойгир шудани шаҳри Бубасен  (замони давлатдории Юнону Бохтар, асрҳои II – I пеш аз милод) – ро  дар замони соҳибистиқлолии кишвар муайян намуданд.
Мавқеи ҷуғрофии деҳа ба ҳамаи талаботи шаҳрсозӣ мувофиқ аст: деҳа дорои ду қалъаи таърихӣ ва  мазористони бузурги куҳна аст, ки то ҳол омӯхта нашудаанд. Дар натиҷаи корҳои сохтмонӣ маъбадҳо, тангаю сиккаҳои  замонҳои ҳахоманишиҳо, Юнону Кушониён, кӯзаҳои хурду бузург, олоту анҷоми асрҳои IX – XII ёфт шуданд.
Соли 1987, ҳангоми азназаргузаронии умумииттифоқии муассисаҳои фарҳангӣ ба фаъолияти хонаи фарҳанги деҳа  намояндаи Вазорати фарҳанги СССР баҳои баланд  дод ва Сафар Усмон бо нишони «Аълочии фарҳанги СССР» сарфароз гашт.
Ба гумони мо ягон лаҳзаи умри Сафар Усмон бесамару барабас нарафтааст.
Ман аз аёдати Сафар Усмон шод баргаштам, шод аз он, ки ӯ ҳанӯз ҳам моро дар остонаи дараш хуш пешвоз мегираду мегуселонад. Аз ҳавлии хоксоронааш роҳ ба сӯи хона мегирам.
Мисраъҳои устод Гулназар ба хотирам мерасанд:
Чашмаоби ноаёнам дар дили кӯҳ:
Худ ба худ ҳастам равона,
Худ ба худ хонам тарона.
Пеши ту мавҷе надорам, чашми камбин!
Баҳри ту сӯзе надорам, гӯши вазнин!
Азим ҲАСАН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2017    №: 114-117    Мутолиа карданд: 418

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед