logo

фарҳанг

“ШОҲНОМА” ВА РУШДИ ИЛМИ ТИБ ДАР ҚАДИМ

“Шоҳнома”  гарчи саргузашти шоҳон, паҳлавонони асотириву таърихӣ аст, дар айни ҳол ин шоҳкори ҳаммосӣ – адабӣ дорои мазмунҳои фалсафӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва дигар мабоҳис, аз ҷумла андешаҳои пизишкӣ низ ҳаст.

Албатта зикри ин нукта зарур аст, ки ишораҳои пизишкии “Шоҳнома” – ро  бо дониши пизишкии асри Фирдавсӣ ва боварҳои асотирии мавҷуд дар замонҳои қадим бояд арзёбӣ кард.
Нахуст Фирдавсӣ дар шарҳи подшоҳии Ҷамшед ба корбурди атрҳо ва гиёҳҳо ба унвони дору ва пайдоиши санъати тиб ишора мекунад.  Симурғ дар “Шоҳнома” намоди пизишк ва ҳакимест, ки мушкилоти пизишкиро бартараф ва мӯҷиби оромиш мешавад. Ба унвони мисол Золи навзодро дар кӯҳ парвариш  медиҳад.
Муҳимтарин ва машҳуртарин ишораи пизишкии “Шоҳнома” шарҳи таваллуди Рустам аз модар аст, ки ба иллати дурушт будани ҷуссаи навзод ба дастури Симурғ мубади пизишк ӯро бо шикофтани паҳлӯи Рудоба ба дунё меоварад. Фирдавсӣ беш аз панҷоҳ байт ба ташреҳи ҷузъиёти таваллуди Рустам ихтисос додааст:
Биёвард яке ханҷари обгун,
Яке марди бинодили пурфусун.
Шикофид беранҷ паҳлӯи моҳ,
Битобид мар бачаро сар зи роҳ.
Чунон бегазандаш бурун оварид,
Ки кас дар ҷаҳон ин шигифтӣ надид.
Дар ҷанги Рустам ва Исфандиёр бо таваҷҷуҳ ба захмии шадид шудани Рустам ва Рахш худи Сумурғ ба муолиҷаи захмҳо пардохта, бо тахлияи хун захмҳои амиқ ва бо берун кашидани пайконҳо захмҳои Рустаму Рахшро дармон мекунад. Дар ҳамин набард аст, ки Симурғ бо пай бурдани нуқтаи заъфу осебпазири Исфандиёри Рӯинтан ва роҳнамойи ба Рустам, ҷанг бо пирӯзии Рустам ба поён мепазирад.
Фирдавсӣ борҳо бо истифода аз маю доруи хобовар ба манзур беҳуш кардан ишора мекунад. Дар достони “Бежан ва Манижа” ба дастури Манижа Бежанро бо хӯрондани доруи беҳушӣ мадҳуш карда, ба қасраш мебаранд. Ва дар қаср ӯро бо гулоб, кофур, равған ва сандал ба ҳуш меоваранд:
Бигустурд кофур бар ҷойи хоб,
Ҳаме рехт бар чӯби сандал гулоб.
Биёвард равған мар ӯро бидод,
Ки то гашт бедору чашмаш кушод.
Дар Авасто “анӯшо” ва дар забони паҳлавӣ “анӯш” ба маънии бемарг омадааст. Дар забони форсии тоҷикӣ ҳам “нӯш” дар муқобили заҳр омада ва калимаи нӯшдору муродиф бо анӯшо, анӯш, подзаҳр ва тарёқ мебошад. Ин нӯшдору танҳо дар хазонаи подшоҳон ёфт мешуд ва захмиҳоро аз марг бо он наҷот медоданд. Рустам низ барои дармони захми писар аз шоҳ Кайковус тақозои нӯшдору мекунад.
Фирдавсӣ дар васфи пизишки ҳиндӣ ишораи дигаре ҳам ба подзаҳр дорад:
Зи доноӣ ӯро фузун буд меҳр,
Ҳаме заҳр бишнохт аз подзаҳр.
Дар тибби куҳан доруҳо аз гиёҳон ба даст меомаданд. Фирдавсӣ дар шарҳи подшоҳии Анӯшервон ба рафтани Барзӯяи табиб ба Ҳинд ҷиҳати овардани гиёҳони доруйӣ ишора мекунад. Дар таваллуди Рустам низ мубади пизишк ба дастури Симурғ марҳаме аз кӯбидани гиёҳи махсус ва омехтани он бо ширу мушк ва хушк кардани он дар соя сохта ва бар захми Рудоба мегузорад. Нуктаи зарифи ин дастур тавсия бар хушк кардани марҳам дар соя аст то хоси он дар асари нури офтоб ва гармо аз байн наравад, тавсияест, ки имрӯз ҳам дар нигоҳдории доруҳо ба қуввати худ боқист.
Умедҷон ҲАИТОВ,
омӯзгори МТМУ № 20 - и ноҳияи Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2017    №: 114-117    Мутолиа карданд: 660

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед