logo

фарҳанг

САЙФУДДИНИ ИСФАРАНГӢ. ЭҲЁИ НОМ ВА МЕРОСИ АДАБӢ

Боиси хушнудист, ки имсол дар партави дастури хоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҷӯии фарҳангӣ ба хотири гиромидошти 830 - солагии шоири бузург Сайфуддини Исфарангӣ бо азамат ва ҳашамати густурда, дар сатҳи бошукӯҳ таҷлил гардид.

Сайфуддини Исфарангӣ аз зумраи шоирони номвари қарни ХIII буда, дар маъхазҳои адабӣ бо тахаллусҳои баланди адабӣ сабт шудааст. Бо вуҷуди ин, ном ва мероси ӯ дар байни мардуми тоҷик ба унвони шоир ва суханвари камшинохта боқӣ мондааст.
Абадият ёфтани номи ин шоири баландпарвоз дар рӯзгори мо дар баробари қадрдонӣ аз кору пайкорҳои бузургмардони дигари илму адаб аз муносибати ҷиддӣ ва амиқназаронаи мақомоти олии кишвари мо ба таърих ва тамаддуни миллӣ дарак медиҳад ва асли ватандорӣ, симои воқеии сиёсати фарҳангӣ ва азму суботи маънавиятсиришти моро бозгӯ мекунад.
Иқдом ба навсозии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ ва қомат афрохтани муҷассамаи ӯ бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат сурат гирифта, дар тантанаи ҷашнӣ парда аз болои муҷассамаи мазкур бардошта шуд.
Суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боби мақоми Сайфуддини Исфарангӣ дар таърихи адабиёти тоҷику форс дар маросими таҷлили ҷашни шоир усулӣ аст ва нуктаҳои муҳим дорад. Сарвари кишвар дар назди аҳли илми тоҷик вазифа гузоштанд, ки таҳқиқи рӯзгор ва осори шоир минбаъд бояд вусъат ёбад. Ин нукта имкон ба миён меоварад, ки як барномаи мукаммали таҳқиқӣ барои 20 – 30 - соли баъдӣ фароҳам оварда, болои гӯшаҳои торик, ноомӯхта ва камомӯхтаи рӯзгору мероси шоир таҳқиқи густурда анҷом дода шавад.
Яке аз тадбирҳои судманди ин чораҷӯии бузург дар баробари таҷдиди боғ ва қомат афрохтани муҷассама таҳия, тасҳеҳ ва нашри “Девон” ва “Осори мунтахаб” - и шоири забардаст аст, ки ин кор дар фосилаи қариб ду сол анҷом пазируфт. Ба ин маънӣ, нашри комили осори шоир бори аввал дар Тоҷикистон туҳфаи муфиде ба ошиқону ҳаводорон ва алоқамандони адабиёти тоҷик маҳсуб мешавад.
Аҷиб аст, ки ду муҳаққиқи содиқ ба рӯҳи тавоно ва ормонҳои Сайфуддини Исфарангӣ дар ду гӯшаи ҷаҳони форсизабонон – яке адабиётшиноси покистонӣ Зубайда Сиддиқӣ ва дигаре адабиётшиноси тоҷик Лола Сулаймонова (духтари Пайрав Сулаймонӣ) ба таҳқиқу нашри мероси ӯ пардохта будаанд. Мо бояд аз бонуи донишманди покистонӣ Зубайда Сиддиқӣ, ки тамоми умрашро сарфи омӯзишу таҳқиқ ва нашри “Девон”- и шоир намудааст, миннатдор ва сипосманд бошем.
“Девон” - и Сайфуддини Исфарангӣ дар асоси матни илмӣ - интиқодии мазкур таҳия шуда, ба хотири тасҳеҳи матн дар баъзе маврид нусхаҳои қаламӣ ва китобатшудаи девон, аз ҷумла нусхаи электронии “Девон” дар китобхонаи Ганҷбахши Маркази таҳқиқоти форсии Эрон ва Покистон дар Исломобод, “Девон” - и шоир аз Китобхонаи Маҷлиси Шӯрои миллии Эрон ва нусхаи ганҷинаи дастхатҳои Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар кишвари мо, ки ватани аслии ин шоири муътабар ба шумор меравад, дар муддати беш аз сад соли охир осори комили мавсуф интишор наёфта буд. Ин амр танҳо дар замони соҳибистиқлолӣ муяссар гашт ва аҳли таъбу завқро масрур гардонд.
Субҳони АЪЗАМЗОД,
мудири кафедраи адабиёти
муосири тоҷики ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2017    №: 114-117    Мутолиа карданд: 453

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед