logo

фарҳанг

АХЛОҚ. БЕҲТАРИН ТАҚЛИД!

Ҷойи таассуфу бадбахтию мазаррат аст, вақте неъматҳоро дар олам танҳо иборат аз хурду нӯш мефаҳмем ва меҳвари зиндагиамон бар он қарор мегирад. Ҳамзамон, дар ин ҳол андешаамон, орзуву армонамон низ пойбанди он мегардад. Мисли ин аст, ки дигар дилҳо солим нестанд ва ё ба ин вазъи ногувор ҳеҷ солим намемонанд.
Ин гуна тасаввур, албатта, на танҳо ноҷоиз, балки дуруст низ нест. Чаро? Чунки моро аз ахлоқи олӣ ба тадриҷ дур ва ҳам маҳрум месозад. Равобитамонро аз анъанаву суннатҳои некамон ҳам меканад. Ҷойи баҳс ва ниёз ба ҳеҷ далеле намемонад, ки дар ин сурат моро ҷаҳониён мардуме мехонанд, ки илмашон андак аст. Оё пурсидаем ва ё мепурсем чаро иҷтиноб ва ё дурӣ гузидан аз аъмолу одатҳое, ки ривоҷу густариш ёфта, бар мо басе душвор аст? Не. Посухе дигар надорем. Чунин як посух вуҷуд дорад, вале мо бар он наандешидаем, зеро онро як амри зарурӣ дар рӯзгорамон ба шумор намеорем. Ҳол он ки бисёр муҳим аст, хоса барои миллати мо, ки қадиму мутамаддин мебошаду дар ин хусус бисёр мегӯему мешунавем. Ин масъала, ки ба ахлоқи миллӣ ва динӣ иртибот мегирад, ҳаргиз аз масъалаҳои хурд маҳсуб намешавад.
Дуруст аст, ки вақте кулли муҳит ва атроф амалу одати ғайри солеҳро хуш мепазирад ва дар мавриди зарараш намеандешад, тарки он пур мушкил аст. Ҳатто агар нафаре аз рӯи дарёфти ҳақиқат ва дилсӯзӣ ба миллат аз он ба хотири ислоҳи вазъ сухан бигӯяд, ё масъаларо хурд мегиранд ва ё ӯро сода мешуморанд. Яъне, гӯиё пешрафту тараққиёт ва аз он андешидан фурсате ба ҳалли ин гуна масъалаи хурд намедиҳад. Чӣ гуна меандешем? Чӣ гуна мебинем?! Чӣ гуна посух медиҳем?
Сухан аз салом ва бо чеҳраи кушодаву лабханди зебову ширин нигаристан ба одамон аст. Ба муҳиту атроф, ки менигарӣ, мисли ин аст, ки ҳама чеҳраҳо ғамгину табъҳо гирифтаанд. Ба касе агар ҳам муроҷиат мекунӣ, мехоҳӣ ба пурсишат ҷавоб биёбӣ, боре андуҳу норизоиро аз чеҳраву нигоҳаш дур намекунад. Агар ниёзманд бошӣ, бо ту чун қарздори садсола сухан мегӯяду муносибат мекунад. Саломи ту барояш ҳеҷ арзиш надорад. Ё посух намегӯяд ва ё он гуна мегӯяд, ки дилат аз саломи додаат мемонад. Ҳатман мепиндорад, ки ту аз рӯи зарурат ба ӯ салом додаӣ.
Ҳамсояҳо низ агар ҳам аз аҳволат ҳеҷ намехоҳанд бипурсанд, саломро ҳам мисли ин ки аз ёд бурдаанд.
Аксар ба ном таҳлилгарону коршиносон ва адибон низ ин ҳақиқатро хуш пазируфтаанду ба пешрафти замону тараққиёти ҷаҳон нисбаташ додаанд. «Муҳим кор аст ва мардум дар андешаи рӯзгор аст»,- мегӯянд онҳо. Чаро намегӯянд дар ахлоқу имону дилҳову фаҳмишҳоямон нуқсону бемориҳо роҳ ёфтаанд? Магар на моро муҳаббати мол ва талаби иззату мақом парда бар рӯ кашидааст?
Агар ҳар гуна посухҳои нодурустро ҷӯё мешавем ва худро ҳақ вонамуд мекунем, набояд ҳақиқатро пушти по бизанем. Дину фарҳанги волоямон мақоми инсонро дуруст муайян карда ва нишон додааст. Ӯ, яъне, инсон, ашрафи махлуқот мебошад ва дар беҳтарин сурат офарида шудааст. Абру боду маҳу хуршеди фалак,  ба қавли Саъдии Шерозӣ, барои ӯ дар коранд, дар хидматанд. Ҳама китобҳои адибони асилу ростинамон дар ин дарозои таърих ҳидоятгари инсонҳо ба роҳи рост ва қоил шудану эҳтиром гузоштан ба арзишҳои воло буданду ҳастанд. Аз ин рӯ, ин миллатро дар ҳеҷ давре маҳв карда натавонистанд, баръакс бар он такя карданд, то худ устувор бишаванду ҳамеша пойдор бошанд.
Ҳолиё дар Ғарб беҳтарин анъанаву суннатҳои миллию динии мо роиҷ ва густариш ёфтааст. Онҳоро сабаби хушбахтии инсон дарёфтаанду ташвиқу тарғиб мекунанд. Оре, бо ин ки имрӯз нисбат ба мо пешрафтатаранд ва бештар тараққӣ кардаанд. Пас аз чанд сол ба ин ҳолу муносибате, ки дорем, ҷаҳониён ин ҳамаро чун моли асосии ғарбиён мепазиранд. Васоити бинишу фаҳмишу баҳои дуруст додан имрӯз зиёд аст. Дар хориҷи кишвар, хоса Ғарб, ҳама бар ҳамдигар, агар ҳам мешиносанд ва агар ҳам не, салом медиҳанд. Дар ин ҳол лабханди зебову ширин мезананд. Чеҳраҳо кушодаву табъҳо шоданд. Ин корҳо барои ҳеҷ нафаре душвор нест, чунки кулли муҳиту атроф бар ин амри нек ба шодмонӣ ва ризоят пойбанданд. Дар мо имрӯз агар як саломе мешунавӣ, самимӣ нест ва ҳам бетамаъ, ҳатто саломи дӯст. Аз ин рӯ, мақоли «саломи дӯст бе тамаъ нест» ба вуҷуд омадааст.
Ва ё:
Як саломе нашнавӣ аз аҳли дин,
Ки нагирад охири он остин.
Мо ба Ғарб бисёр тақлид кардаем. Биёед, ин бор ҳам, агар аз иҷрову пойдории беҳтарин анъанаву суннати милливу диниамон шарм медорем, ҳарчанд набояд чунин бошад, дар ин маврид тақлид бинамоем. Беҳтарин ва безарартарин тақлид аст. Чӣ андеша доред?! Чӣ мегӯед?!
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2017    №: 114-117    Мутолиа карданд: 404

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед