logo

иҷтимоиёт

ДОРУСОЗӢ. ЧАРО АЗ ИМКОНИЯТҲОИ ХУДӢ ИСТИФОДА НАБАРЕМ?

Ҳанӯз дар замони шӯравӣ дар шаҳри Хоруғ бунёди корхонаи дорусозӣ пешбинӣ шуда буд. Вале тазодҳои зиёде, ки дар ин миён гузашт, дар татбиқи ин нақшаи муҳим хати батлон кашид.

Бино ба гуфтаи мутахассисон, гиёҳҳои минтақаи Бадахшон беҳтарин сифатҳои давоӣ доранд. Таҷрибаҳои чандинсола нишон доданд, ки рустаниҳои шифоии ин минтақа аз лиҳози экологӣ тоза буда, моддаҳои фаъоли биологиашон нисбат ба дигар мавзеъҳо қариб ду маротиба зиёдтар аст. Доктори илмҳои биологӣ Довудшо Наврӯзшоев мегӯяд, ки хусусиятҳои биологии рустаниҳои шифоии ин минтақа аз вижагиҳои иқлимӣ бармеояд, зеро дар шароити баландкӯҳ нурҳои ултрабунафши офтоб ба рустаниҳо таъсири бештар доранд ва ба инкишофи моддаҳои фаъоли биологӣ мусоидат мекунанд.
Ҳанӯз сайёҳи машҳури итолиёӣ Марко Поло (асрҳои XIII- XIV) дар бораи хусусияти рустаниҳои минтақа чунин гуфта буд: «Ҳарчанд дар даштҳои Помири Шарқӣ гиёҳу сабза кам аст, аммо чорвое, ки мечарад фарбеҳ ва сер ба назар мерасад. Маълум мегардад, ки набототи инҷо хеле ғизонок  аст».
Шоҳидони ҳол аз ноҳияи Шуғнон мегӯянд, ки корхонаҳои дорусозии собиқ шӯравӣ барои сифати баланд доштани рустаниҳои шифоии минтақа ба онҳо таваҷҷуҳи доимӣ доштанд ва сарфи назар аз хароҷоти зиёд ҳамасола миқдори муайяни гиёҳҳои хуҷаста, мелиса ва валерянкаро харидорӣ мекарданд. Корхонаи дорусозии Красногорски Русия яке аз харидорони калонтарини гиёҳҳои Бадахшон ҳамчун ашёи хом маҳсуб мешуд. Интизор мерафт, ки  бо бунёди корхонаи дорусозии Хоруғ ашёи хоми нодир дар ҷояш коркард ва маҳсулоти он ба фурӯш бароварда мешавад. Вале тавре гуфтем, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва бар асари ҳодисаҳои маълуми солҳои навадум роҳи харидорони хориҷӣ баста шуду рустаниҳои шифоии ҷамъовардаи мардум дар анборҳо пӯсиданд.
Вале имрӯз ба шарофати фазои мусоиде, ки дорем, ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ, яъне дорусозӣ, аз нав рӯ ба рушд дорад. Бахусус, тайи чанд соли охир, мутахассисони соҳа маҳсулоти худиро бо истифода аз гиёҳҳои маҳаллии шифоӣ истеҳсол ва ба фурӯш бароварда, ба баъзе дастовардҳо низ ноил шудаанд. Дар ин радиф агар корхонаи дорусозии Хоруғ ҳам сохта мешуд, дастовардҳои масъулони соҳа чашмрастар ва ниёзи мардум ҳам хубтару дастрастар бароварда мегардид.
Ба иттилои мутахассисон, дар Бадахшон зиёда аз 240 намуди рустаниҳои шифоӣ мерӯянд, ки қариб 20 навъаш фақат хоси ҳамин минтақа аст.
Мутахассисони маҳаллӣ пешниҳод мекунанд, ки дар баробари истихроҷи маъданҳо ва сангҳои гаронбаҳо ба коркарди рустаниҳои нодири шифоии минтақа, ки ганҷи нуҳуфтаро мемонанд, бояд диққати зарурӣ дода шавад. Ба андешаи онҳо, бо сарфи ками маблағ имкон ҳаст корхонаи хурди истеҳсоли дорувориеро дар Бадахшон бунёд кард, ки маҳсулоти он аз лиҳози дармонбахшӣ беназир ва аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар бошад. Таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ  бо кишварҳои хориҷӣ имкон медиҳад, ки чунин корхонаҳо дар ҳамдастӣ бо сармоягузорони олмонӣ ва ё маҷорӣ, ки дар соҳаи дорусозӣ пешрафтаанд, арзи вуҷуд кунанд ва барои таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ шароити мусоид фароҳам оваранд.
Пешниҳоди мазкур то чӣ андоза метавонад дар амал татбиқ гардад? Саволест, ки аз масъулон посух мехоҳад.
С. ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2017    №: 114-117    Мутолиа карданд: 455

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед