logo

иқтисод

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. АЗ ДАСТОВАРДҲОИ «ГУЛВАРД» ТО МУШКИЛОТИ «ҲАФТ АВРАНГ»

Дар қатори шуғлҳои дигар, ки мутаассифона, имрӯз дар маҳалҳо ангуштшуморанд, гулдӯзию кашидадӯзӣ, зилуву  зерандоз, гилему намадбофӣ ва  дигар ҳунарҳои мардумӣ манбаи  кору василаи пешбурди рӯзгори сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҳисоб мераванд.

Ҳанӯз чанд сол муқаддам ташаббускорони Иттиҳодияи ҷамъиятии «Гулвард» - и ноҳия бо таъсиси сехи қолинбофӣ даҳҳо бонувони хонашинро ба омӯзиши ин ҳунарҳои аҷдодӣ ҷалб намуданд, ки имрӯзҳо соҳиби дукону шуғли муздноканд. Имсол бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сехи адрасбофӣ низ фаъол гардид ва даҳҳо духтаронро ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифт.
- Коргоҳи адрасбофӣ аввалин лоиҳаи муваффақест, ки дар доираи «Барномаи давлатии стратегии миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2020» рӯи кор омадааст», - иброз дошт Зарангез Давлатова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия.
 Ба гуфтаи мавсуф сехи адрасбофии «Ҳафт авранг» бошад, бо дастгириву мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо сарфи  17,5 ҳазор сомонӣ фаъол шудааст. Дар коргоҳи мазкур духтарон ҳунари бофандагӣ омӯхта, омодаанд, ки мустақилона дуконҳои адрасбофиро ба кор дароранд.
- Барои ҳунаромӯзии духтарони маҳаллӣ мутахассисони саноати сабук аз шаҳри Хуҷанд даъват шуданд. Тибқи қарордоди семоҳа маблағи таҳсили касбомӯзону устодони адрасбофро бояд шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия таъмин мекард. Аммо бо сабаби пардохт нашудани маблағ духтарон ноумед гардида, ба коргоҳ сари вақт ҳозир намешаванд, - изҳор дошт Майрам Боймуродова, сарвари коргоҳ.
 Вақте бо ин савол ба шуъбаи мазкур муроҷиат намудем, масъулон посух доданд, ки стипендияи касбомӯзон баъди хатми курсҳои омӯзишӣ ва гирифтани шаҳодатнома пардохта мешавад. Бино ба иттилои манбаъ, айни ҳол дар гурӯҳҳое, ки аз тарафи ин шуъба маблағгузорӣ мегарданд, 115 нафар бону ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд.
Масъулони коргоҳи навтаъсиси «Ҳафт авранг» интизоранд, ки мушкилоти мавҷуда тезтар ҳал ва духтарон соҳиби шаҳодатнома  мегарданд. Шукрона Сафархӯҷаева, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, омӯзиши ҳунар ва кор дар дукони адрасбофиро барои духтарони маҳаллӣ беҳтарин имконият баҳри дарёфти шуғли даромаднок мешуморад. - Марҳилаи аввали лоиҳа насби дуконҳои адрасбофию таълими мутахассисони ҷавон бомуваффақият анҷом ёфт ва бовар дорем, ки ташаббускорон барои истеҳсоли адрасро ба роҳ мондан тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Мо, духтарон, ки ба омӯзиши адрасбофӣ шавқу рағбати зиёд дорем, дар фурсати кӯтоҳ нозукиҳои корро омӯхта, акнун мустақилона дуконҳоро идора карда метавонем, - изҳор дошт Ш. Сафархуҷаева.
Зимни суҳбат атрофи коргоҳи «Ҳафт авранг» раиси ноҳия Абдуҷаббор Баҳодурзода чунин гуфт: «Дар сехи адрасбофӣ даҳ адад дукони бофандагӣ мавҷуд буда, дар марҳилаи аввал 15 нафар духтари маҳаллӣ ба касбомӯзӣ ҷалб шуданд. Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бори аввал дуконҳо бо маҳсулоти хом таъмин хоҳанд шуд. Аммо дар оянда бояд аз миёни соҳибкорзанони ноҳия нафаре мудирияти ин коргоҳро ба уҳда гирифта, истеҳсолу фурӯши маҳсулотро ба роҳ монад».
Аз таҷрибаи истеҳсолӣ бармеояд, ки айни ҳол ҳар бофанда рӯзе то 10 метр адрас бофта,  аз ҳар метр матои бофтааш 3 сомонӣ даромади соф ба даст меорад. Дар баробари афзоиши қудрати истеҳсолии коргоҳ даромади аҳли заҳмат низ меафзояд ва садҳо бонувони хонашин метавонанд ба кори доимӣ таъмин гардида, ба буҷети оила ва ҳам ноҳия даромади иловагӣ ворид созанд.
Сарвиноз ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2017    №: 114-117    Мутолиа карданд: 481

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед