logo

иҷтимоиёт

СЕРПЕНТАРИЯ. КОРХОНАҲОИ ДОРУСОЗИРО БО АШЁИ ХОМ ТАЪМИН СОЗЕМ!

То солҳои наздик дар назди Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Павловскийи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ серпентария (биное, ки дар он морҳоро нигоҳубин ва парвариш мекунанд) мавҷуд бошад ҳам, он корношоям буд. Бо ташаббус ва мусоидати раёсати Академияи илмҳои кишвар серпентария ба фаъолият оғоз кард ва наздики як сол мешавад, ки олимон ва мутахассисони пажӯҳишгоҳ ба парвариши морҳои заҳрдор машғуланд. Кормандон назди худ мақсад гузоштаанд, ки илмро бо истеҳсолот пайванд намоянд. Комилҷон Саидов, ходими илмии пажӯҳишгоҳи мазкур дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» чунин гуфт:
- Мақсадамон он аст, ки бо ба даст овардани заҳри мор аз кӯброи осиёимиёнагӣ (мори айнакдор) ва мори гурза корхонаҳои дорусозии ҷумҳуриро бо ашёи хом таъмин намуда, хусусиятҳои экологии морҳои заҳрнок, аз ҷумла таркиби ғизо, паразитҳо, фарқияти популятсионӣ вобаста ба паҳншавии онҳо дар табиат, таъсири омилҳои гуногун ба таркиби заҳр дар шароити табиӣ ва сунъиро омӯзем ва парваришу афзоиш додани кӯброи осиёимиёнагӣ ва гурзаро дар шароити сунъӣ бо мақсади барқарор кардани саршумори онҳо дар табиат ба роҳ монем. Имрӯз дар серпентария асосан морҳои заҳрноки ба ҳаёти инсон бештар хатар дошта, ба хотири гирифтани зардоб – позаҳрашон парвариш карда мешаванд. Айни замон, дар ҷумҳуриямон 5 намуди морҳои заҳрнок – мори кӯброи осиёимиёнагӣ, гурза, мори афъӣ ва мори сипарфуг мавҷуд мебошанд. Ҳамчунин, мори тирмор, ки дандони заҳрӣ дорад. Аз заҳри морҳо моддаҳои гуногуни табобатӣ истеҳсол карда мешавад. Дар кишварамон заҳрро асосан аз кӯброи осиёимиёнагӣ ва гурза мегиранд. Аз як мор дар шакли моеъ 1 – 2 грамм заҳр гирифтан имкон дорад. Заҳри морҳоро дар як моҳ ба хотири ба вуҷуди онҳо таъсири бад нарасондан як – ду бор гирифтан беҳтар аст. Зеро бештар гирифтан ба ҳаёти онҳо хатар дошта, умрашонро кӯтоҳ мекунад.
Бояд гуфт, ки айни замон дар ҷумҳуриямон позаҳр истеҳсол намешавад. Позаҳр хусусияти хос дошта, бояд дар ҳарорати нисбатан паст ва дар ҷои торикӣ нигоҳ дошта шавад. Муҳлати истифодааш ду сол аст. Ҳангоми дар шароити номусоид нигоҳ доштан зуд хусусияташро гум мекунад. Ҳозир дар институт имкони тавлиди позаҳрро надорем. Набудани позаҳр як мушкилии сатҳи ҷумҳуриявист. Солҳои пештар позаҳрро ба кишварамон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид мекарданд. Ёрии аввалин ба шахси моргазида аз ҷои газида ҳар чи зудтар макидани заҳр мебошад. Агар то 10 – 15 дақиқа заҳр аз бадани одам берун оварда шавад, беҳтар мебошад. Олимон солҳои охир истифода бурдани баста шудани болотар аз ҷойи газидашударо тавсия намедиҳанд. Дар ин маврид гардиши хун тағйир ёфта, мушкилиро бештар мекунад.
Таҳқиқи хусусиятҳои заҳрҳо дар Тоҷикистон бо ибтикори олими маъруф Евгений Павловский оғоз шуда буд. Олим собит намуд, ки барои табобати эпилепсия заҳри мор манфиатбахш аст. Ҳамчунин, олими тоҷик Юсуф Исҳоқӣ солҳои 60 – уми асри гузашта таҳқиқот анҷом дода, хусусиятҳои табобатии заҳри мори гурзаро омӯхта буд. Аммо ҳанӯз ҳам хусусиятҳои гуногуни заҳр ба таври пурра омӯхта нашудааст.
У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2017    №: 114-117    Мутолиа карданд: 462

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед