logo

иқтисод

ЛАХШ. РОҲ БАРҚАРОР ГАРДИД

Субҳи 28 майи соли равон бо сабаби фаромадани сел аз мавзеи Сугати ноҳия ва  аз соҳил берун баромадани оби рӯди Сурхоб  тақрибан 135  метри  шоҳроҳи Душанбе – Нуробод – сарҳади Қирғизистон  дар километри 250 – ум ва як пули пиёдагузар  ба коми дарё рафт. Бо талоши роҳбарияти ноҳия ва масъулони муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард қисмати харобшудаи  шоҳроҳ муваққатан барқарор гардид.

Қутбиддин Муродов, сардори ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳия, изҳор дошт, ки дар натиҷаи офати табиӣ талафоти ҷонӣ рӯй надодааст. Манзили  зисти шаҳрвандон низ аз ҷойи ҳодиса дур буда, ба онҳо  осеб нарасид.  Танҳо як қисми шоҳроҳ ва масири деҳоти минтақаи Сугат бо як пул хароб гардид. Барои ёрӣ расондан ба сокинони деҳоти мавзеи номбурда ҷиҳати гузаштан аз дарё  чораҳои саривақтӣ ба роҳ монда шудаанд.   
Ориф Тоиров, сокини Ҷамоати деҳоти Сурхоб, гуфт, ки чунин ҳолат бо сабаби фаромадани сел дар ин макон борҳо рӯй дода, боиси бе роҳ мондани мардум гардидааст.  Ҳар сол бо дастгирии Ҳукумати кишвар барои сокинони водии Сугат  масири нав ва пули пиёдагузар сохта мешавад. Аммо дар натиҷаи офати табиӣ он дубора аз байн меравад. Беҳтар аст, ки дар ҷойи қулайтар гузаргоҳи мустаҳкам сохта шавад.
Ба гуфтаи масъулони бахши кишоварзии ноҳия, аз байн рафтани роҳ бо сабаби офати табиат борҳо мӯҷиби дар анборҳо талаф ёфтани меваю сабзавот гашта, меҳнати шабонарӯзии деҳқонони минтақаро   бар бод  додааст. 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2017    №: 114-117    Мутолиа карданд: 533

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед