logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ ВА ТАҲАВВУЛОТИ ФАРҲАНГИЮ ИҶТИМОӢ

Яке аз падидаҳои хотирмон дар шароити Истиқлолияти давлатӣ таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Ин мавзӯъ аз назари аввал содда намояд ҳам, вале аз нигоҳи исботи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии худ ниҳоят нозук аст ва муваффақияти он ба муносибати бисёр эҳтиёткорона пайванди қавӣ мегирад.
Дар шароити ҷумҳурии мо бартарият, қабул ва мавриди амал қарор гирифтани ин қонун дар он ифода гардид, ки ин масъала бо ҷалби доираи васеи мутахассисон, ҳамаи қишру табақаҳои ҷомеа ва одамони касбу корҳои гуногун аз тариқи воситаҳои ахбори омма ҳамаҷониба мавриди баррасӣ, радду бадал ва мубоҳисаву натиҷагирӣ қарор дошт. Омӯзиши масъала дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ бисёр бозёфту пешниҳодҳои самимӣ ва андешаҳои аз нигоҳи манфиатҳои иқтисодии мардум созандаро ошкор кард, ки онҳо дар маҷмӯъ барои таҳияи як санади мукаммали меъёрию ҳуқуқӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварданд.
Сарвари давлат ба мардум фаҳмонида тавонистанд, ки ҳамаи зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маъракаҳо ҷуз худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ чизи дигаре нест. Мардум оҳиста-оҳиста ин ҳақиқати бебаҳсро дарк ва фоидаи танзимро дар беҳбуди ҳаёти рӯзмарра ва буҷети оилавии худ ба ваҷҳи писандида эҳсос намуданд. Акнун вазифаи шаҳрвандии мо дар шароити кунунӣ аз он иборат аст, ки ҷанбаҳои мусбати қонуни мазкурро тақвият бахшида, ҳамеша дар пайи ислоҳи камбудиҳо ва бартараф намудани нуқтаҳои заъфи амалкарди он бошем ва бад-ин васила рисолати шаҳрвандӣ ва эътиқодии худро анҷом диҳем, зеро дар ҳадиси Пайғамбари ислом (с) омадааст, ки «мусулмон касест, ки мусулмонон аз забону дасти ӯ солим бимонанд».
Қонуни мазкур бо муқаррарот, талабот ва фармудаҳои шариати ислом мухолифат надошта, баръакс тибқи далолати оятҳои Қуръони карим барои пешгирии исроф ва дастгирии шахсони камбизоат ниҳоят судманд аст. Худованд дар ояти 31-уми сураи Аъроф мефармояд: «Ва бихӯреду биёшо¬мед ва исроф макунед! Ба дурустӣ, ки Худо исрофкунандагонро дӯст намедорад». Аз ин оят маълум мегардад, ки шариат бар зидди дуруст истифода бурдани одамон аз неъматҳо нест, вале исрофро манъ мекунад. Мо метавонем бо қотеият гӯем, ки моддаҳои ин қонун бо такя ба сарчашмаҳои асосии ислом, бо илҳом аз андешаҳои мутафаккирони рӯшанфикри гузаштаи миллат ва ҳамоҳангӣ бо меъёрҳои динию мазҳабӣ падид омадааст.
Дар бораи фазилатҳо ва пайомадҳои қонуни танзим сухан ронда,  пеш аз ҳама, метавон қайд кард, ки қабули қонун таассубу худнамоӣ, пофишорӣ ва якравиро дар тарзу услуби баргузории маъракаҳо аз байн бурд. Аз тарафи дигар, истифодаи дурусти неъматҳои моддӣ, ёрӣ расони¬дан ба атрофиён ва гирифтани дасти ниёзмандон боиси тақвияти волоияти қонун ва баракату фаровонӣ дар зиндагии рӯзмарраи мардум ва таҳкими оромии ҷомеа шудааст.
Имрӯз бо боварии комил метавон гуфт, ки қабули қонуни мазкур дар шароити буҳрони шадиди иқтисоди ҷаҳонӣ ва болоравии нархи маводи хӯрока барои амалӣ намудани стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Қабули қонун дар ҳаёти иҷтимоии мардуми Тоҷикистон ҳодисаи муҳим, тақдирсоз ва воқеан, инқилобӣ буд. Ҳамаи мо шоҳиди он будем, ки қабл аз қабули қонун фарқ миёни маъракаҳои хурсандӣ ва азодорӣ қариб аз байн рафта, онҳо ба як намуд мусобиқаҳои эълонношуда табдил ёфта буданд. Бо қабули қонун ба хароҷоту исрофкориҳои бемаврид хотима дода шуд. Қонун шаҳрвандонро аз ҳама гуна уҳдадориҳои беасос озод намуда, шароит фароҳам овард, ки маъракаҳои хурсандӣ ва азодории худро бо масруфоти кам барпо намоянд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъд аз қабули ин қонун бо истифодаи сарфаю сариштакорӣ ҳифзи молу мулки мардум таъмин гардида, барои ба як меъёри муътадил даровардани тартиб, вақти баргузорӣ, реҷа ва буҷаи баргузории маъракаҳо мусоидат намуд. Дар натиҷа пеши роҳи исрофкорӣ гирифта шуда, барои мардуми миёнаҳол шароит муҳайё гардид, ки молу дороии худро ба самти дурусти эҳтиёҷоти оилаҳои худ равона кунанд.
Қобили зикр аст, ки аксарияти мардуми кишвар қабули қонуни мазкурро ба хушӣ пазируфта, дар кори амалӣ шудани он пайваста ширкат меварзанд. Илова бар ин, баъзе нафароне низ ҳастанд, ки аз рӯи ҳавову ҳавас ва худнамоӣ ба қонуншиканиҳо даст мезананд. Масалан, баъзе ашхос ҳангоми баргузор намудани оши наҳор барои 80 - 100 нафар мизу курсӣ мегузоранд, вале се - чор маротиба ва аз ин ҳам зиёдтар одамонро ба курсӣ менишинонанду мехезонанд. Шакли дигари роҳ додан ба қонуншиканӣ ҳангоми баргузор намудани маъракаҳо ин риоя накардани вақти барои маърака муайяншуда мебошад. Дар муносибат ба чунин ашхос қонунгузорӣ чораҳои таъсиррасонӣ ва ҷазоҳои маъмуриро тавассути мақомоти судӣ пешбинӣ намудааст. Дар баъзе ноҳияҳои қаламрави кишвар то имрӯз дар робита ба маъракаҳои азодории «сари тахта», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист» ва «шашмоҳагӣ» аз тарафи шахсони масъули соҳа хотирбинӣ ба назар мерасад. Ҳолатҳое вомехӯранд, ки шахсони масъул ба ҷои пеши роҳи қонуншиканиро гирифтан худашон дидаву дониста онҳоро рӯйпӯш менамоянд.
Ин қонун дар ҳаёти мардуми кишвар таҳаввулоти фарҳангию иҷтимоии куллиро ба вуҷуд овардааст. Аз қабули он муддати зиёд нагузашта бошад ҳам, фарҳанги маъракаороии мардуми диёрамон ба ваҷҳи неку тағйир ёфт, тафаккури шаҳрвандон дар бобати осон гирифтани ин арзишҳои ҷузъии ҳаёти маънавии худ куллан такмил гардид ва мазмуну мантиқи зиндагӣ ба маҷрои нав ворид шуд.
Дар давраи амали қонун дар тафаккури мардуми кишвар андешаи нав ворид гардид, ки ба ҷуз ҷанбаи моддӣ, ҷанбаи маънавиро низ дар бар мегирад. Яъне, қонуни мазкур дар баробари масъулият рисолати дигареро бар дӯши мардум гузошт, ки он сатҳи тарбияи маънавию ахлоқиро боло бурд. Мардум бо дарки баланди масъулиятшиносӣ тарзи оростани маъракаю маросимҳоро, ки пеш аз қабули қонун маъмул буданд, комилан тағйир доданд.
Дар маҷмӯъ, ин қонун на танҳо боиси беҳтар шудани рӯзгори мардум, балки сабаби рушди бомароми ҳаёти маънавӣ ва ахлоқии мардуми ҷумҳурӣ гардидааст ва дар ниҳояти кор, чунон роҳандозӣ шудааст, ки симои шахси боимону тақводор, шаҳрванди ватандӯсту худогоҳро дар асоси суннатҳои миллии мардуми Тоҷикистон ба ваҷҳи писандида муаррифӣ намояд.
Файзулло БАРОТЗОДА,  директори Маркази исломшиносӣ
дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2017    №: 114-117    Мутолиа карданд: 448

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед