logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии  Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 6, мод. 460) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 4 моддаи 1:
- дар ҷумлаи якум калимаи «аломати» ба калимаи «нишони» иваз карда шавад;
- дар ҷумлаи дуюм калимаи «Мавқеи»  ба калимаи «Маҳалли» иваз карда шавад.
2. Дар моддаи 11:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 11. Тартиби ба вазифа таъйин намудани раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоб»;
- ҷумлаи дуюми матни  модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоб наметавонанд ба ин вазифа зиёда аз ду маротиба таъйин карда шаванд.».
3. Дар моддаи 13:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 13. Тартиби ба вазифа таъйин намудани сараудиторони Палатаи ҳисоб»;
- ҷумлаи дуюми матни модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Сараудиторони Палатаи ҳисоб наметавонанд ба ин вазифа зиёда аз ду маротиба таъйин карда шаванд.».
4.  Дар қисми 3 моддаи 14:
- сархатҳои якум, дуюм, чорум, панҷум, шашум, ҳафтум ва ҳаштум  дар таҳрири зерин ифода карда  шаванд:
«- дар асоси ариза бо хоҳиши худ;
- бинобар вазъи саломатӣ ё бо сабабҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда натавонистани уҳдадориҳои хизматӣ;
- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд нисбати ӯ;
- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал эътироф шудани ӯ;
- эътибори қонунӣ пайдо намудани қарори суд дар бораи татбиқ гардидани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ;
- вафот ё эътибори қонунӣ пайдо намудани қарори суд дар бораи фавтида эътироф гардидани ӯ;
- ба кори дигар гузаштан;»;
- сархатҳои нуҳум, даҳум, ёздаҳум ва дувоздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- расидан ба синни нафақа;
- нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан;
- машғул шудан ба фаъолияте, ки ба вазифаи ӯ номувофиқ аст;
- риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо.».
5. Дар қисми 3 моддаи 15:
- сархатҳои якум, дуюм, чорум, панҷум, шашум, ҳафтум ва ҳаштум  дар таҳрири зерин ифода карда  шаванд:
«- дар асоси ариза бо хоҳиши худ;
- бинобар вазъи саломатӣ ё бо сабабҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда натавонистани уҳдадориҳои хизматӣ;
- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд нисбати ӯ;
- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал эътироф шудани ӯ;
- эътибори қонунӣ пайдо намудани қарори суд дар бораи татбиқ гардидани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ;
- вафот ё эътибори қонунӣ пайдо намудани қарори суд дар бораи фавтида эътироф гардидани ӯ;
- ба кори дигар гузаштан;»;
- сархатҳои нуҳум, даҳум, ёздаҳум ва дувоздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- расидан ба синни нафақа;
- нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан;
- машғул шудан ба фаъолияте, ки ба вазифаи ӯ номувофиқ аст;
- риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                      Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 30 майи соли 2017, № 1425

ҚАРОРИ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид  намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»  қабул  карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                                   Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 3 майи соли 2017, № 766


ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                              М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 майи соли 2017, № 392


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2017    №: 114-117    Мутолиа карданд: 654

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед