logo

иҷтимоиёт

ҲУШДОР. ГАР ШИНОВАР НЕСТӢ…

Бо фаро расидани фасли тобистон ва мавсими оббозӣ риоя нагардидани қоидаҳои бехатарии шиноварӣ дар дарёҳо, ҳавзҳо ва кӯлу обанборҳо ба ҳодисаҳои нохуш оварда мерасонад. Аз ҳисоби набудани ҳавзҳои шиноварӣ дар бештари шаҳру навоҳии кишвар наврасон барои оббозӣ ба ҷӯю заҳбурҳо мешитобанд. Дар баъзе ҳолатҳо онҳо дар об ғарқ шуда, ҷони ҷавони худро зери хатар мегузоранд.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, як сокини маҳаллаи Қазоқони шаҳри Душанбе 30 май ҳангоми оббозӣ дар «Кӯли ҷавонон» - и пойтахт ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Дар 5 моҳи соли ҷорӣ бошад, дар ҷумҳурӣ наздик  ба 40 ҳолати ғарқшавии ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 17 ҳодиса ба вилояти Хатлон  ва 11 ҳолат ба вилояти Суғд  рост меояд.
Бино ба иттилои Умеда Юсуфова, сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2016 дар кишвар 138 нафар ҳангоми шиноварӣ ғарқ шудааст, ки 58 нафараш ноболиғон мебошад. Шумораи зиёди ғарқшудагон ба шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ рост меояд. Танҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ 7 ҳолати ғарқшавӣ сабт шудааст.
-Ҳарчанд мавсими шиноварӣ аз 1 июн расман оғоз меёбад, вале имсол бинобар сабаби гарм омадани ҳаво пештар оғоз шуд, ки боиси ғарқшавии чанд нафар гардид, - гуфт Умеда Юсуфова.
Кормандони Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд аз обанбори «Баҳри тоҷик» дар шаҳри Гулистон ҷасади ду ноболиғ ва афсари қисми низомиро берун оварданд. Ғаввосҳои ин ниҳод ҷасадҳои бародарон Сардор ва Марат Боймуродовҳои 8 ва 13 - соларо, ки сокинони деҳаи Дашқарантоғи шаҳри Конибодом мебошанд, рӯзҳои 20 - 21 май аз об берун оварда, ба пайвандонашон супурданд. Ин бародарон ҳангоми чарондани чорвои хонагӣ барои оббозӣ вориди дарё шуда, ғарқ шудаанд. Ҳамчунин, прапоршики 23 - солаи як қисми низомӣ низ рӯзи 21-уми май дар мавзеи кӯли «Лангар» - и шаҳри Гулистон ғарқ шудааст. Ӯ сокини Ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон мебошад.
Ба гуфтаи Умеда Юсуфова, сабаби асосии ғарқшавии ҷавонону наврасон дар вақти шиноварӣ риоя накардани қоидаҳои оббозӣ, дар ҳолати мастӣ ба об даромадан,  дар обҳои хунук, ки сардиашон аз 14 дараҷа паст аст, дар ҷойҳои мамнӯъ шино кардан ва ҳодисаҳои садамавӣ арзёбӣ мешаванд. Ҳамчунин, муқобили маҷро ва аз соҳил дур шино кардан, ки барои баргаштан қувват намерасад ва аз воситаҳои худсоз, мисли балони мошин истифода кардан, боиси ғарқшавӣ мегардад. Ғарқшавии ноболиғон аз беаҳамиятӣ ва беназоратии волидон рух медиҳад.
Дар бештари ҳолатҳо сабаби ғарқшавиро сокинон дар набудани ҳавзҳои шиноварӣ, ҷойҳои махсуси оббозӣ марбут медонанд. Инчунин, нарасидани мураббиҳои варзида барои омӯзондани шиноварӣ мушкили ҳалталаби рӯз боқӣ мемонад.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ падару модаронро ҳушдор медиҳанд, ки фарзандонро дар ин фасл аз ҳарвақта бештар зери назорати қатъӣ гиранд. Дар истироҳатгоҳҳои кӯдакона, ки мактаббачагон вақти таътил ба фароғат фаро гирифта мешаванд, назорат доимӣ бошад.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.06.2017    №: 118    Мутолиа карданд: 546

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед