logo

фарҳанг

ТЕАТР. ЧИПТАҲОИ ФУРӮХТАШУДА ВА ТОЛОРҲОИ ХОЛӢ

Имрӯзҳо масъулони театр намоишҳои худро баъди соатҳои корӣ ва дар рӯзҳои истироҳатӣ ба саҳна мегузоранд, ки барои тамошобин «баҳонае» намонад. Аммо толорҳои театр боз ҳам аз тамошобин холист. Чанде пеш ба Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов рафтем, то намоиши «Ашки хунин» - ро тамошо кунем.

«Ашки хунин» аз рӯзгори модаре қисса мекунад, ки бо вуҷуди соҳиби нуҳ фарзанд будан, дар айёми пириву касалмандӣ як нафари нодаркор ва сарборӣ шуда мондааст. Намоиш як ҷаҳон тафсилоту масъалаву маънӣ дорад. Хубаш тамошобин худ ба суроғаш равад. Мо бошем, аз холигии толори театр мехоҳем ҳарф занем. Дар толор ҳамагӣ 27 нафар тамошобин нишаста буд, ки аксари онҳоро хешу пайвандони ҳунармандон ва даъватшудагон ташкил медоданд. Дар омода намудани саҳна ва намоиш шояд аз ин бештар касон ранҷ кашида бошанд. Қариб ним соат интизор шуданд, ки тамошобин биёяд, аммо касе наомад. Намоиш оғоз ёфт ва воқеан ҳамаро мутаассир кард. Дар поёни намоиш аз бонуе, ки мутассадӣ буд, сабаби ин ҳолро пурсидам. Бино ба гуфтаи ӯ, масъулони чанде аз кумитаву идораҳо қаблан чиптаҳоро харидаанду ба тамошо наомадаанд. Ин ҷо худ аз худ хулоса баровардан мумкин аст: «Чиптаатро харидам, рафтану нарафтан кори ман аст».
Боз ҳам шоҳиди воқеаи ба ҳамин монанд шудем. 26 май ба Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ рафтем, то намоиши «Комде ва Мадан» - ро бубинем. Ба тамошо ва гӯш кардани мусиқӣ, ки зиёда аз 40 нафар ҳунарманд ширкат дошт, ҳамагӣ 18 тамошобин омада буд. Ростӣ, ба қадри ҳунару ҳунарманд аз таҳи дил сӯхтам. Дар хотима 18 нафар аз ҷо бархоста кафкӯбӣ кардем, шояд садои кафкӯбӣ ба аҳли ҳунар ҳам нарасид, вале ҳунармандону басаҳнагузорандагон бо эҳтирому қаноатмандӣ ба мо таъзим карданду паси пардаҳо рафтанд…   
Ин саҳлангорӣ ва хунукназарӣ нисбат ба театр нишонаи чӣ бошад?
Шумо шояд савол диҳед, ки оё мешавад, мардумро маҷбур ба театр бурд? Аз оне, ки ба хонандаи мактаб дар соатҳои тарбиявӣ аҳамияти театр ва манфиати маънавии онро мефаҳмонед, ду - се маротиба бевосита ба театр баред, таъсираш даҳчанд бештар аз гуфтану тарғиб кардан аст. Аз ин сабаб, калонсолон низ бо театр аз наздик ошно шаванд, дар сар андеша, дар чашм ашк, дар дил меҳр ба некӣ ва нафрат ба бадӣ аз толори театр берун шаванд, ин дафъа ихтиёран дари театрро мекӯбанд, фарзандони худро низ бо худ мебиёранд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.06.2017    №: 118    Мутолиа карданд: 348

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед