logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ. ТО АЗ ТААССУБ ХАЛОСӢ НАЁБЕМ...

Ҳарчанд имсол аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, то кунун он татбиқи ҳаматарафаи худро наёфтааст. Ба андешаи ман, дар маъракаҳои шодмонӣ ( хатна, арӯсӣ) метавон баъзе маҳдудиятҳоро ҷорӣ кард. Воқеан, мо аксаран ба таассуб ва тақлидкорӣ роҳ медиҳем, ки ин амал боиси харҷи зиёд ва исрофкорӣ мегардад. То аз  тафаккури таассуб ва тақлидкорӣ халосӣ наёбем, ба ҷое расидан амрест маҳол. Аммо дар мавриди маъракаҳои мотам (рӯзи дафн ва чилу сол), ба андешаи ман, набояд махдудият ҷорӣ кард. Зеро дар ин маросим меҳмонон бидуни даъват меоянд ва муродашон низ ҳамдарду ғамшарик будан аст. Беҳтар аст, ки ба теъдоди нафарони ин маросимҳо маҳдудият ҷорӣ нашавад. Дар ин ҳол, назоратро дар ин самт ҷиддӣ кардан авлотар аст, то маъракаҳои мотам ба воситаи худнамоишдиҳӣ мубаддал нагарданд. Мутасаддиён бояд назорат кунанд, ки ба ҷуз оши палови тоҷикӣ хӯроки дигаре илова нашавад. Ҳамчунин, дар фаслҳои тобистону зимистон метавон вобаста ба шароит вақти маъракаҳоро тағйир дод. Аз он сабаб, ки тобистон субҳ барвақт аст, метавон маъракаҳоро соати 700 оғоз кард, вале муҳлат аз се соат зиёд набошад, хусусан дар деҳот, ки мардум субҳи солеҳон ба кори саҳро мераванд.
Шарифмурод ИСРОФИЛНИЁ, доктори илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.06.2017    №: 118    Мутолиа карданд: 306

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед