logo

фарҳанг

ОЯНДАБИНӢ ШАРТИ АВВАЛИ ОЯНДАСОЗИСТ

Дар шароити кунунӣ муҳимтарин  масъалаи бунёдӣ ин аст, ки мо бояд дар баробари  саргармӣ бо корҳои  рӯзмарра, дар андешаи  таҳияи заминаи рушди устувори  ояндаи кишвар низ бошем.  Яъне,  насли  имрӯза  бояд ояндасоз бошад ва шарти аввали ояндасозӣ ояндабинӣ аст.  Барои ояндаи миллати худро сохтан мо бояд, пеш аз ҳама, равандҳои сиёсии сатҳи  минтақаву ҷаҳон ва таъсири онро ба равандҳои дохилӣ омӯхта, таҳлил карда тавонем. Ин равзанаи  аввал ва бисёр муҳимест, ки тавассути он метавон ба сӯи  оянда  нигарист. Омӯзиш ва таҳлили равандҳои сиёсии сатҳи  байналмилалӣ ва таъсири онҳо ба  кишвари  мо на ба тариқи ихтиёрӣ ва на барои давраи муайян, балки мунтазам ва мутамарказ бояд сурат гирад.
Мубориза дар майдони сиёсат ва ояндабинии сиёсиро метавон  шартан бо мубориза дар тахтаи шоҳмот ва  дурандешии шоҳмотбоз ташбеҳ дод. Ҳар қадар бозигар ҳаракатҳои ояндаи эҳтимолии рақибро зудтару фарогиртар ва дурусттар дарк карда, бо назардошти он аз тамоми имконоти ҳаракати худ беҳтаринашро интихобу истифода карда тавонад, вазъияти хубтареро метавонад офарад. Вале, агар бозигар бидуни ояндабинӣ ба бозӣ пардозад, дар натиҷа ногузир ба  вазъияти мураккаб дучор хоҳад шуд ва идомаи бозии номуваффақонааш  тибқи нақшаи рақиби зирак сурат хоҳад гирифт.
Равзанаи дигаре, ки метавонад ояндаро барои мо бозгӯ кунад, таърихи гузашта аст, бавижа, таърихи гузаштаи пурифтихор ва ҳамзамон пурфоҷиаи давлатдориҳои гоҳе муваффақонаву гоҳе номуваффақонаи аҷдоди дуру наз-дики мо дар ҷуғрофиёи густурдаи Ориёно. Таърих ҷоми ҷаҳоннамоест, ки дар мавриди бо чашми таҳқиқу таҳлил бар он нигаристан, хиради моро ояндабин ва тасмими дуруст гирифтанро талқин мекунад. Агар  аз  ин дидгоҳ ба таърихи давлатдориҳои аҷдодӣ бингарем,  дармеёбем, ки эҳёи ин давлатдориҳо аз эҳёи худшиносии миллӣ маншаъ гирифтааст ва шикасту бохтҳои сиёсии онҳо ба худбохтагиву хештанношиносӣ ва шикасти ғояи миллӣ марбут будааст.
Эҳёи давлатдориҳои миллӣ баъд аз истилои араб,  бавижа  таъсиси давлати Сомониён  маҳз дар заминаи худогоҳиву  бедории шуури миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ба вуҷуд омада буд,  аммо  шикасти  ин  давлат аслан на ба худкомагиву хиёнати Ғазнавиён ва ҳуҷуми  Қарахониён, балки ба  тағйир  ёфтани  арзишҳои  меҳварии  миллат  ва ҷои  арзишҳову  ғояи  миллиро  дар зеҳни  мардум  ишғол кардани  арзишҳои  диниву  мазҳабӣ марбут буд. Вагарна аҳли  хонадони  Сомонӣ ҳамчун  элитаи  сиёсии  миллат  назди  аҷнабиён  сари  таслим фуруд  наоварда буданд. Ҳатто  баъди  сарнагун  шудани  охирин   шоҳи Сомонӣ - Абдумалик ибни  Нуҳ дар соли 999 ба дасти  Қарахониён  бародари ӯ шоҳзода Мунтасири Сомонӣ, ки на фақат  саркардаи  ҷасуру  ватанпарасти  асил,  балки  марди  соҳибфарҳангу фарҳехта ҳам буд, то соли  1005, яъне то  кушта  шуданаш  шаш сол  мунтазам  барои  барқарории давлатдории  миллӣ  муборизаҳои ватанпарварона ва набардҳои  ҷавонмардона мекард. 
Аз талошҳои Сомониён дар самти пешбурди умури идеологӣ  метавон натиҷагирӣ кард, ки онҳо бо назардошти ин вазъи номатлуби фикриву ақидатии миллат зарурати ба вуҷуд овардани идеологияи миллиро ҳамчун як амри ногузир ва унсури ҳатмии сиёсӣ аллакай дар ҳамон замон пайхас карда, мақсад доштанд, ки бо тавлиди  идеологияи милливу тарғиби он ғуруру ифтихор ва рӯҳияи миллиро эҳё намоянд, то ба ин васила заминаи устувори ҳифзи қудрати сиёсӣ ва пойдориву мондагории давлатдории миллиро ба вуҷуд оранд. Яке аз далелҳои муътамаде, ки боиси пайдо шудани чунин андеша мегардад, масъалаи эҷоди “Шоҳнома” дар аҳди Сомониён аст. Эҷоди ин шоҳасар на бо ташаббуси муаллифи қаблӣ ва на баъдии он, балки маҳз бо дастури Сомониён шурӯъ шуда буд. “Шоҳнома” аз ибтидои офариниши худ рисолати ба таъбири муосир  идеологӣ ва дар зимн сиёсӣ  дошт. Ҳадафи дастури Сомониён  аз эҷоди  “Шоҳнома” он буд, ки миллат дар баробари эътирофи арзишҳои диниву мазҳабӣ, арзишҳои миллии худро низ эътироф ва эҳтиром кунад,  таҳти таъсири идеологияи ғайримиллӣ ба чашми таҳқиру тавҳин бар гузаштаи худ нанигарад, ғурури милливу ифтихори ватандорӣ дошта бошад,  рисолати худро ҳамчун миллати куҳанбунёду соҳибдавлат шиносад, ҳаққи ҳокимият ва истиқлолияти сиёсӣ доштанро барои худ қоил бошад,  вуҷуд доштани ҳукумати миллии худро зарурати ногузир, рамзи адолат, ҳаққи таърихии миллат  ва  ба истилоҳ амри қонунӣ ҳисобад ва дар ин замина эътироф ва ҳифзи онро қарзи  виҷдониву имонии худ донад.
Бояд  имрӯз  ҷараёни  корҳоро он тарзе  ба роҳ монд, ки  дар оянда  ҳаддалимкон  равандҳои  сиёсиву  иқтисодӣ  ва иҷтимоии номатлуби эҳтимолӣ пешгирӣ шуда,  барои  рӯйдодҳои  матлуб  ҳар  чи  бештар  ва  зудтар  роҳ боз  шавад. Бо  таҳлили  ҷараёни  мавҷудаи муносибатҳои  ҷамъиятӣ, идеологӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ дар кишвар  бояд  дар назар  дошт, ки  вазъи  ҷомеаи  мо бо таъсиргузориҳои  равандҳои  сиёсии сатҳи  байналмилалӣ дар ояндаи  наздик ва дур эҳтимолан чӣ гуна хоҳад шуд.
Бо  назардошти  ҳимояти  доираҳои манфиатдори баъзе кишварҳои   Аврупо  ва  Шарқи Наздик  аз  ҲНИТ-и  мамнӯъшуда  аз як сӯ ва ҷойгоҳи  устувор  доштани  арзишҳои  диниву мазҳабӣ дар зеҳни оммаи  ҷомеаи  мо аз сӯи  дигар,  ҳамчунин,  фаъолияти  густурдаву  ошкори  чеҳраҳову гурӯҳҳои сиёсии бо сиёсати Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ихтилофдошта дар ҳудуди дигар кишварҳо ва дар  байни  муҳоҷирони  сершумори  тоҷик  мунтазам  тарғибот  бурдани  онҳо  далели  он  аст, ки  давлатҳои  абарқудрат мехоҳанд омилҳои  ташаннуҷ ҳамчун  фишангҳои таъсиррасонӣ дар кишвари  мо вуҷуд дошта бошанд.
Аз ин лиҳоз,  мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, мардумро дар рӯҳияи худшиносию меҳанпарастӣ тарбия намоем. Ҳамзамон, таърих чун  андарзномаест, ки  бо истифода аз он метавон  роҳи  дурусти  имрӯзу  ояндаро  пайдо  кард.  Аҳамияти  таърих  барои  миллат  ба мисли  аҳамияти  таҷриба барои  шахс аст. Истифода  аз сабақи таърих, бахусус дар мавриде, ки он бо назардошти  таҳлили  равандҳои  сиёсиву  иқтисодии мавҷуда  сурат мегирад, боиси  тақвияти  неруи  ояндабинии  миллат мегардад. Тақвияти  неруи ояндабинии миллат  заминаи  рушди  устувор  ва ояндасозии ҷомеаро  хоҳад гузошт.
Назрӣ АСАДЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.06.2017    №: 118    Мутолиа карданд: 540

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед