logo

фарҳанг

ҲАСТӢ БУБАХШЕМУ ИФТИХОР

Дигар ин нукта, ки забон ҳастии миллат аст, як ҳақиқати бебаҳс маҳсуб шудааст ва ҳеҷ каси солимандеша дар ҷаҳон ба дурустии он шакку шубҳае надорад. Миллати моро маҳз забон дар дарозои таърих на танҳо аз маҳвшавӣ нигоҳ дошт, балки шукӯҳу эътибори хоса бахшиду чун миллати бофарҳангу мутамаддин муаррифӣ намуд.

Ин забон қарнҳои зиёд аз баҳри Миёназамин то марзҳои Ҳинду Чин забони муоширати қавмҳову халқҳои гуногун буд. Бад – ин хотир бо ифтихор изҳор доштанду изҳор медорем, ки сарҳади тоҷик забони он мебошад.
Таърих гувоҳ аст, яъне, шоҳиди барҳақ аст, ки барои дигар қавмҳову халқҳои минтақа забони мо забони расмӣ, коргузорӣ, илму адаб ба шумор мерафт. Ин забони шево забони шеъри олӣ, забони фарҳанги воло буд ва шукр, ҳамчунон боқист. Ин забони асилу покиза моро бо ниёгони пуршарафамон мепайвандад. Мебинем ва эҳсос менамоему ба тамоми ҳастӣ, бо дилу ҷон бовар мекунем, ки дар ин маврид фосилаҳо вуҷуд надоранд. Балки ин фосилаҳоро забони пурғановатамон аз миён мебарад. Суханону шеърҳои ноби султони шуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Абуалӣ ибни Сино имрӯзист, агарчи беш аз даҳ садсола пештар гуфта шудаанд:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В – аз ҳама бад бар тани ту
ҷавшан аст.
***
Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.

Дар ин ҳол ба хотири фаҳми суханону шеърҳои ин шуаро ниёз барои рӯ овардан ба фарҳангу қомусу луғат вуҷуд надорад. Оре, ин дар сурате аст, ки дигар миллатҳо ба чунин бахту саодати таърихӣ мушарраф нагардидаанд. Забони даҳ аср пеши шуарову аҳли илми онҳо танҳо барои гурӯҳи бисёр ками муҳаққиқонашон, он ҳам тавассути фарҳангу қомусу луғатҳо, ошност.
Бо ин забон дар он рӯзгори пешин Қуръони маҷид тарҷума шуд ва садҳо асарҳои адабиву таърихӣ, ахлоқӣ, илмӣ, динӣ, фалсафӣ. Ҳамзамон, ин гуна асарҳоро чун дурдонаҳо ба риштаи назм кашидаанд.
Дар баробари ин, бузургтарин асарҳоро худ эҷод карданд, ки то ба ҳол мавриди омӯзиши ҷаҳониён қарор доранд. Ба ин васила  нуфузи забони моро дар дунё боло бурданд ва онро густариш доданд. Ҳамчунон, собит сохтанд, ки тавоноии ин забон бештар аз он аст, ки ҷаҳониён мепиндоранд.
Ин забон бо кӯшиши абармардони илму фарҳангаш дар ҳама қарнҳо дар ҳоли рушду ташаккулу таҳаввул буд. Рӯйдодҳои фоҷиабору ногувори таърих ба пешрафту густариши он ҳеҷ монеае эҷод карда натавонистанд.
Бузургони мо дар ҳама ҳолат бо шинохти рисолати бузурги инсонӣ бо ин забон барои мо ва ҷаҳониён осори гаронбаҳоро аз худ боқӣ гузоштанд. Аз ин рӯ, эҳтироми ин забон эҳтироми ин бузургон ва фарҳанги волои миллат аст. Аз ин рӯ, гиромидошти он барои ҳар нафари соҳиби забон қарз мебошад. Ва барои пойдорӣ ва ҳифзи асолати он, ки бар ҳастии мо ва пешиниён сабаб аст, махсусан дар раванди ҷаҳонишавӣ  бояд бештар аз пештар саъю кӯшиш ба харҷ бидиҳем.
Таърих ва таҷрибаи рӯзгор ҳамеша ин пандро ба мо медиҳад, ки андак ғафлат моро, забонамонро ба нобудӣ ва маҳвшавӣ мебарад. Ба бахти  миллати соҳибтамаддунамон ҳамеша барои пойдорию бедории миллат ва устувории забони он абармардон ва қаҳрамонони миллӣ на танҳо саъю талош, балки ҷоннисорӣ низ намуданд. Аз ҷумла, устод Садриддин Айнӣ дар он рӯзгори фоҷиаборе, ки душманон мехостанд, миллатеро бо номи тоҷик эътироф накунанд, ба расмият нашиносанд ва бад – ин васила аз миён бибаранду фарҳанги волояшро маҳв бисозанд, ба муборизаи рӯ ба рӯ бархост. Бо далелҳои бузурги илмию таърихӣ, осори адабӣ, ахлоқӣ собит сохт, ки ин миллат бо забони шевову фарҳанги олияш дар дарозои таърих хидмати бузургу шоиста намудааст ва устувор мондаву ҳамчунон мемонад. Ҳеҷ неруе ин ҳақиқат ва миллату забони тоҷикиро пинҳон кардаву аз миён бурда наметавонад.
Бо ҷасорати том иброз дошт, ки «Дар Осиёи Миёна, хусусан дар хоки Бухоро ва Туркистон ба будани як қавми бузурге бо номи тоҷик бояд касе инкор надошта бошад. Соҳиби маданияти куҳан ва адабиёти куҳансол будани ин қавм низ ҷойи инкор нест».
Воқеан, фарзандони бонангу номусу миллат дар он рӯзгори пурошӯб ва баъдҳо низ миллат ва забони онро зинда нигоҳ доштанду медоранд. Агар ба рӯзгори онҳо ба дидаи ибрат бинигарем, ин ҳақиқат маълум мешавад, ки ба ранҷҳову муборизаҳо ва заҳматҳои сангин дар пойдорию густариши миллату забон муваффақ шуданд. Яъне, ин роҳи душворро бо худфидоиву ҷоннисорӣ ва мардонагӣ тай намуданд.
Барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар кишвар зиёиён бо ҷасорати хос ва ифтихор аз ватандорӣ дар охири солҳои 80 – уми асри рафта бархостанд. Пирӯзӣ дар ин ҳол насибашон гардид. Аммо танҳо Истиқлоли давлатӣ омили эҳёи ин забон шуд. Албатта, бо саъю талоши бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Маҳз  тавассути ӯ ин забон дар умури коргузорӣ, робитаҳои хориҷии кишвар бо дигар давлатҳои дунё ба таври васеъ мавриди истифода қарор гирифт. Бо пешниҳоди ӯ соли 2008 «Соли забони тоҷикӣ» эълон гардид ва он бо ҷашни Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил шуд. Бо ин башорати нек таъкид намуд, ки «таҷлили Соли забон ба наслҳои имрӯзу ояндаи Тоҷикистон барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарии худ, яъне забони тоҷикии адабӣ, забони осори гаронмояи Рӯдакиву Мавлонои Балхӣ мусоидат менамояд».
Дар ин росто, ҳамчунон супориш дод, ки то сентябри соли оянда, яъне соли 2008 «чопи таҷдиди назаршудаи фарҳанги дуҷилдаи забони тоҷикӣ таъмин карда шавад».
Ҳанӯз аз ёдҳо нарафта, ки доираи амали ин забон рӯз то рӯз, сол ба сол маҳдудтар мегардид. Дар баъзе аз соҳаҳо бошад, он ба забони дуюм табдил ёфта буд ва ё ҳеҷ мавқееро касб намекард.
Сарвари давлат чунин ҷабрҳои таърихро аз миён бурд ва ҳамзамон дастур доду пайваста таъкид намуду менамояд, ки масъулон, хоса муҳаққиқон, омӯзгорон, олимон, ходимони васоити ахбори умум барои ҳифзи асолати забон рисолати таърихии худро нек ба фарҷом бирасонанд. То ба ӯ ҳеҷ сарвари давлате ғамхорӣ нисбат ба забонро аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ эълон накарда буд. Расман баён дошт, ки забон ҳастии миллат ва сарвати бебаҳои миллат ва давлат мебошад. Бо ин, албатта, иктифо накард. Барои дарки бештари муҳимияти масъала китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» - ро таълиф намуд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шуд, ки забони тоҷикӣ дар кишвари мо мақоми давлатӣ дорад.
Таъкид намуд, ки «Забони тоҷикӣ ҳамон вақт дар мақоми забони илму фарҳанг қарор мегирад, ки агар бо ин забон истилоҳоти илмӣ, аз ҷумла сабки нигориши илми муосир ба вуҷуд оварда шавад».
Бо ташаббусу иқдоми ӯ Қонуни забон таҷдиди назар карда шуд. Инчунин, ниҳоди махсус бо номи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Номҳои ашхос, маҳалҳо ба дастури Пешвои миллат тоҷикӣ шуданд. Таҳияву нашри китобҳои дарсӣ туфайли ғамхорию дастгирӣ ва роҳнамоии ӯ ба забони давлатӣ сурат гирифтанд.
Бо дастури Сарвари давлат мероси гаронбаҳои илмӣ, адабӣ, ахлоқӣ, динӣ, фалсафӣ аз нав нашр ва дастраси соҳибзабонон гардид.
Сол аз сол Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукӯҳтар таҷлил мегардад.
Умуман, барои пойдории ҳифзи асолат, густариш ва рушди он Президенти мамлакат ҳамаи тадбирҳои заруриро андешид ва имконотро фароҳам овард. Бешак, чунин амалҳои ҷавонмардона бад – ин ғамхориву ояндабинӣ то ба ӯ собиқа надошт. Ӯ ҳамеша барои раҳнамоиямон бо тамоми масъулияти миллию сарварӣ таъкид медорад, ки мо ин ганҷи беназирро бо ҳамин покиву шевоӣ бояд барои наслҳои оянда ба мерос бигузорем. Яъне, барои худ ва онҳо ҳастӣ бубахшему ифтихор.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.06.2017    №: 118    Мутолиа карданд: 499

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед