logo

фарҳанг

ҚУРБОН СОБИР

Фикр мекунам, ин чеҳра ба ҳама ошност. Зеро ӯ ҳунарпешаи маъруф бо ҳунару маҳорати хосаву нотакрораш маҳбуби мардум гардидаву дар театр ва синамои миллӣ нақшҳои ҷолибу фаромӯшношуданиро офаридааст.

Дар назар менамояд, ки омадан дар нақшу сурати дигарон дар саҳна осон аст. Ҳаргиз чунин нест. Ин ҳама дар бозии ҷолибу самимии ин ҳунарпешаи дӯстдоштаи мо равшан ҷилвагар мешавад. Нақшҳоро табиӣ, боваркарданӣ меофарад. Бо иҷрои ҳар нақшаш рӯшан маълум мегардад, ки хусусияти қаҳрамони асарро ҳамаҷониба омӯхта ва фаро гирифтааст. Бо сухан фаҳмову нишонрас баён доштани мақсад ӯро ба осонӣ даст медиҳад. Овозаш дар ин маврид ҷазабаи хосро касб мекунад. Ҳаракаташ ҳам дар саҳна ҷавобгӯи талаботи касбӣ мебошад. Ҳастии ӯ дар ин маврид аз пеши назар меравад, балки ба асли қаҳрамон меомезад.
Нақшҳои офаридааш сатҳӣ ва сабук нестанд, агар ҳам он як қаҳрамони асосӣ ва ё персонаже аст. Аз тамоми воситаҳои ҳунарӣ истифода мекунад, тамошогарро вазифадор месозад, ки биандешад, ба дунёи қаҳрамонону персонажҳояш ворид бишавад, мақсади муаллифу коргардонро дарёбад. Мақсад аз ин ҳама маърифати дурусту комили мо - ҷавонон аст. Оре, то ба ин васила ба дунёи зебоӣ низ роҳ барем, барои рафъи норасоиҳо саъю талош бинамоем, зиндагиро хушу хуррам бисозем.
Чанде пеш дар Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ намоиши «Қайдҳои як марди девона»-ро дидам. Коргардонаш Қурбон Собир буд ва ҳам нақши асосиро ӯ мебозид. Дар ин рӯзгор ва аср ба саҳна гузоштани асари адиби асри XIX рус Н. Гогол на ба ҳар кас даст медиҳад. Коргардону офаринандаи нақши асосӣ бояд дар баробари он, ки ба мақсаду рӯзгору замони адиб ошно бошад, ҳамзамон мақсади худро дошта бошад. Албатта, ӯ медонад, ки ба насли нав, тамошогари тоҷик бояд чиро тавассути ин асар илқо бикунад.
Пас аз тамошои намоиши мазкур бори дигар мафтуни ҳунарнамоии Қурбон Собир гардидам ва бовар ҳосил кардам, ки ҳунарпешаи асил ҳамеша мекӯшад, то ба ҳар бор қуллаи навро фатҳ бинамояд.
Мавлуда ГУЛМОЧОЗОДА, ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2017    №: 119    Мутолиа карданд: 498

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед