logo

иқтисод

"ОБУ КОРЕЗИ ДУШАНБЕ". БО ВУҶУДИ МУВАФФАҚИЯТҲО...

Дар самти  беҳтар гардондани таъминоти аҳолии пойтахт  бо оби тозаи нӯшиданӣ  4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 600 миллион сомонӣ амалӣ шуда  истодааст. То имрӯз се лоиҳа ба маблағи 360 миллион сомонӣ ба анҷом расида, муҳлати анҷоми татбиқи марҳалаи дуюми лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе ба  маблағи  240 миллион сомонӣ моҳи сентябри соли 2018 муқаррар шудааст. Саймурод  Қаландаров, мудири шуъбаи идоракунии «Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе»,   масъалаи мазкурро дар суҳбат бо хабарнигори мо шарҳ дод:

- Татбиқи  «Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе»  шурӯъ аз моҳҳои охири соли 2011 наздики  6 сол боз идома меёбад. Тайи муддати татбиқшавии лоиҳаи дуюм 76500 обҳисобкунаки ҳуҷравӣ барои хунукнигоҳдории об ва обҳисобкунакҳои ултрасадоӣ аз Ҷамъияти саҳомии «Энергоучёт»-и Харков харид ва насб гаштанд. Барои «Обу корези Душанбе» аз ширкати ватании ҶММ «Р-СО»  экскаваторҳои ҳидравликӣ хариданд, ки ин экскаваторҳо  дар ҳавзи танзими шабонарӯзӣ  ба кор андохта шудаанд. Дар асоси  қарордоди бо ширкати ватании ҶСП «Проммонтаж» басташуда шабакаҳои обрасон ва обанборҳо аз қум тоза гардиданд. Барои интиқоли мунтазами об ба аҳолии шаҳр дар истгоҳи обтаъминкунии «Худҷорӣ» бинои куҳнаи филтратсионӣ бартараф шуда, қубурҳои алоҳидаи қутрашон 800 мм хобонда шуд.
Бо вуҷуди ин, аз рӯйи нишондиҳандаи Индикатори 1-ум, мутаассифона, то  имрӯз танҳо 41 дарсади  оби ба шаҳр  интиқолгардида ба меъёри оби нӯшиданӣ ҷавобгӯй мебошад.  Сохтмонҳои қисмати якум ва қисмати дуюми истгоҳҳои филтратсионӣ дар  истгоҳи обтаъминкунии «Худҷорӣ» ҷараён доранд, вале  баъди баанҷомрасии ин корҳо низ   барои таъминоти  сокинони шаҳр фақат то 86 дарсади оби нӯшиданӣ ҷавобгӯйи меъёри тозагӣ мешавад.  Аз моҳи майи соли 2003  то декабри  соли 2008 об аз истгоҳи обтаъминкунии  «Худҷорӣ» ба  миқдори  300 ҳазор м3 дар ҳар як шабонарӯз,  бидуни такшонкунӣ ва полоиш ба шабакаи шаҳрӣ интиқол мегардид. Айни замон дар дохили қубурҳои обрасони шабакаи обрасони шаҳрӣ қуми зиёд мавҷуд аст ва бинобар ин,  аз қум тоза намудан ва иваз намудани қисмати муҳими шабакаи обрасони шаҳрӣ хеле зарур аст. Танҳо дар ҳолати иҷро гардидани  ин корҳо мушкили тирагии оби нӯшиданӣ пурра роҳи ҳалли худро меёбад. Дар соли  2011 сифати хизматрасонӣ оид ба  обтаъминкунӣ то 76 дарсад ва дар соли 2014 то 89 дарсадро ташкил медод. Бояд гуфт, ки баъди татбиқи лоиҳаи дуюм  сатҳи хизматрасонӣ оид ба обтаъминкунӣ то 90 дарсад хоҳад  расид.
- Омилҳои асосие, ки татбиқи лоиҳаи дуюмро ба таъхир гузоштаанд, ин беасос пардохт накардани маблағи  суратҳисоби лоиҳа аз ҷониби ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ба   ширкати «Шимбор»-и Ҷумҳурии  Исломии Эрон - пудратчии  сохтмони истгоҳи нави филтратсионӣ дар истгоҳи обтаъминкунии «Худҷорӣ» мебошанд,  - мегӯяд   С.Қаландаров.
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2017    №: 119    Мутолиа карданд: 342

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед