logo

сиёсат

РАШИД ОЛИМОВ: "МУКОЛАМАИ БАРОБАРҲУҚУҚ КАЛИДИ ҲАЛЛИ МУРАККАБТАРИН МУШКИЛОТ АСТ"

Созмони Ҳамкории Шанхай, ки чанде пеш 15 - солагии таъсисёбиаш таҷлил  шуд, босуръат ба бозигари бонуфузи арсаи байналмилалӣ табдил меёбад. Мавқеи ниҳод дар дунё баъди ба он шомилшавии Ҳиндустон ва Покистон, ки дар ҳамоиши дарпешистода дар пойтахти Қазоқистон -  шаҳри Остона ба амал меояд,  боз ҳам мустаҳкамтар мегардад. Алъон суҳбат бо дабири кулли СҲШ Рашид Олимов дар бораи аҳамияти ин воқеа ва нақши СҲШ дар раванди ҷаҳонию  минтақавӣ манзуратон мешавад.
- Рашид Қутбиддинович, 8 июн дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон шаҳри Остона ҳамоиши навбатии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мешавад. Ҳамоиши мазкур аз кадом ҷиҳат ҷолиби диққат хоҳад гашт? Чаро коршиносон дар рушди ниҳод онро чун марҳилаи махсусан муҳим арзёбӣ мекунанд?
- Сарони кишварҳои аъзои СҲШ дар ҳамоиш дар қаринаи вазъияти минтақа ва ҷаҳон ба ҳолати амнияти байналмилалӣ баҳои мунтахаб баён дошта, самтҳои муҳими таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷабҳаро дар чаҳорчӯбаи СҲШ муайян хоҳанд кард. Яке аз масъалаи умдаи рӯз-номаи ҳамоиши Остона қабули Ҳиндустон ва Покистон ба узвияти комилҳуқуқи созмон мебошад.
- Ин дар ҳақиқат воқеаи басо муҳим аст. Аммо он дар асл чӣ қурбу манзалате хоҳад дошт?
- Бо қабули ин ду кишвари дар ҷаҳон бонуфуз СҲШ қариб 44 дарсади аҳолии Заминро муттаҳид намуда, масъулияти он фарогири фазои густурда аз Арктика то уқёнуси Ҳинд аз Шимол ба Ҷануб ва аз Лянюнгани Чин то Калинингради Русия аз Шарқ ба Ғарб хоҳад шуд. Басо рамзист, ки марҳилаи нави рушди созмон ба 15 – солагии дар Санкт – Петербург қабул шудани санади бунёдии он – Хартияи СҲШ рост меояд. Санади мазкур раҳнамои асосии ғоявию фалсафӣ ва амалии роҳандозии ҳамкории гуногунҷабҳа дар чаҳорчӯбаи иттиҳод мебошад.
- Шумо сохти дохилии СҲШ – ро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Оё дар ҳақиқат аъзои созмон дар он овози худро доранд? Зеро ба мо мисолҳое маълуманд, ки дар баъзе ниҳодҳо овози нафаре авлавият касб кардааст...
- Асоси Созмони Ҳамкории Шанхайро, чуноне дар Хартияаш инъикос ёфтааст, шарикии баробарҳуқуқи бисёрҷабҳа ташкил медиҳад, ки бо қабули қарорҳо қатъиян дар асоси консенсус таъмин мешавад. Шарикии бисёрҷабҳа дар чаҳорчӯбаи СҲШ ин ҳамкорӣ дар асоси муайянсозии якҷояи минтақаҳои мувофиқати манфиатҳо, баробараҳамиятии фикру ақидаи ҳама дар якҷоягӣ ва ҳар кадом дар алоҳидагӣ новобаста аз «вазн» - и сиёсӣ ва иқтисодии иштирокдорон зимни пурра нигоҳ ва эҳтиром доштани мустақилияти субъектҳои шарикӣ дар корҳои дохилӣ ва сиёсати хориҷиашон мебошад.
На дар як қатор саф кашидан, балки ҳамдигарфаҳмӣ, на ҳукмфармоӣ, балки баробарӣ ва мутобиқатро метавон унсурҳои калидии шарикӣ дар чаҳорчӯбаи СҲШ ном бурд. Ҳар қадар мутобиқат зичтар шавад, ҳамон андоза ҳамдигарфаҳмӣ жарфтар мегардад, ҳар қадар баробарӣ қатъитар риоя гардад, ҳамон андоза шарикии бисёрсоҳа мустаҳкаму самарноктар мешавад. Аз рӯзҳои нахустин СҲШ сиёсатеро пиёда месозад, ки муносибатҳои блокӣ, идеологӣ ва конфронтатсиониро дар ҳалли масоили доғи байналмилалӣ ва минтақавӣ истисно мекунад. Ҳамчунин, ниҳод қатъан принсипҳои дар Хартияаш баёнёфта, аз ҷумла алайҳи дигар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ нанигарондани фаъолиятро риоя менамояд. Ривоҷи фаъолонаи алоқаю  ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, пеш аз ҳама, бо СММ ва сохторҳои вижаи он аз самтҳои авлавиятноки ниҳод маҳсуб меёбад.
- Айни замон дар тамоми дунё масоили амният авлавият пайдо кардааст. Ба ин масъала дар СҲШ чӣ андоза аҳамият дода мешавад?
- СҲШ ба хотири рушд ва шукуфоии халқҳое, ки дар қаламрави созмон ба сар мебаранд таъсис дода шудааст. Аммо рушди устувор бидуни таъмини дараҷаи зарурии амният имконнопазир аст. Дар ин иртибот муқовимати муштарак ба терроризм, сепаратизм ва экстремизм бо ҳама гуна зуҳуроташ, муборизаи оштинопазир бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, дигар намудҳои фаъолияти ҷиноии фаромиллӣ, ҳамчунин, муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз ҷумлаи вазифаҳои калидӣ буданду ҳастанд, ки кишварҳои аъзои СҲШ ҳал мекунанд.
Зимни ин махсус зикр кардан мехоҳам, ки СҲШ иттиҳоди низомӣ нест. Вале муборизаи оштинопазир бо таҳдиди террористӣ зарурати тақвият ва таҳкими механизмҳоеро тақозо дорад, ки бо теғи худ ба қатъиян решакансозии фаъолияти террористӣ равона шудаанд. Дар ин бобат машқҳои пайвастаи якҷояи зиддитеррористии неруҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои созмон «Миссияи сулҳ» нақши муҳим мебозанд. Шурӯъ аз соли 2007 машқҳои мазкур ба такмили малакаи гузарондани амалиёти қудратӣ алайҳи гурӯҳҳои террористӣ дар шароитҳои гуногун бо истифодаи яроқу техникаи муосир мусоидат мекунанд. Фаъолияти сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ муназзам ва самаранок мебошад.
- Бигӯед, ки дар СҲШ таҳдиди маводи мухаддирро то чӣ андоза ҷиддӣ мепазиранд? Зеро махфӣ нест, ки амалан ҳама аъзои созмон бевосита бо афзоиши ин офат мувоҷеҳанд…
- Муборизаи бисёрҷабҳа бо таҳдиди маводи мухаддир аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти СҲШ маҳсуб меёбад. Истеҳсол ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамоно аз таҳдидҳои ҷиддитарин ба амният буда, сулҳу суботи байналмилалиро халалдор месозад. Тадбирҳои ҳадафмандонаи кишварҳои аъзои СҲШ алайҳи ин офати инсонӣ дар панҷ соли охир имкон доданд, ки аз муомилот 69 тонна ҳероини марговар бароварда шавад. Ин миқдор 14 дарсади нишондиҳандаи умумиҷаҳониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, зиёда аз 75 тонна прекурсор, ки барои истеҳсоли анвои нашъа зарур аст, мусодира карда шуд. Чораҳои дастҷамъии зиддинашъаи сохторҳои дахлдори кишварҳои аъзои СҲШ натиҷаҳои матлуб медиҳанд. Аммо мо бар онем, ки муқовимати самаранок алайҳи таҳдиди маводи мухаддир танҳо дар сурати муттаҳидсозии минбаъдаи ҷаҳду талоши тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ имконпазир аст. Дар ин иртибот ба идома ва тақвияти ҳамкории зичи СҲШ бо Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ аҳамияти вижа медиҳем.
- Оё ҷанбаи бунёдкории фаъолияти СҲШ, пеш аз ҳама, ҳамкории тиҷоратӣ дар чаҳорчӯбаи созмон дар паси ин мушкилоти доғ намемонад?
- Яке аз неруҳои таҳрикдиҳандаи созмон ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисод мебошад. Рушди якҷояи инфрасохтор, коммуникатсияҳо, татбиқи лоиҳаҳои бисёрҷониба бо мақсади болобарии некуаҳволӣ ва беҳбуди сифати рӯзгори одамон  вазифаи бунёдкоронаи ҳамкории кишварҳои аъзо мебошад. Баррасии масъалаҳои иқтисодӣ тавассути механизмҳои доимии машваратҳои роҳбарони вазорату идораҳои соҳавӣ сурат гирифта, сохторҳои ҳамкории намояндагони ҷомеаи тиҷоратӣ муваффақона амал мекунанд. Ин ҳама дар навбати худ ба афзоиши инвеститсияҳои андухтаи ҳамдигарии кишварҳои аъзои СҲШ мусоидат мекунад, ки дар соли 2016 беш аз 40 миллиард долларро ташкил дод.
- Оё мисолҳои мушаххас оварда метавонед?
- 20 январи соли равон созишномаи кишварҳои аъзои СҲШ оид ба фароҳамсозии шароитҳои мусоид барои боркашонии байналмилалии автомобилӣ мавриди амал шуд. Он заминаи ҳуқуқии шароитҳои баробарро барои боркашонҳо ба расмият дароварда, асоси якранги татбиқи боркашонии байналмилалии автомобилиро аз Аврупои Шарқӣ то соҳилҳои шарқии Русия ва Чин ба вуҷуд овард. Хусусияти вижаи созишнома дар кушода будани он барои кишварҳои ғайри аъзои СҲШ ифода ёфта, аллакай иддаи кишварҳои ҳамсояи ниҳод ба он таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
- Акнун саволи анъанавӣ дар бораи ҳамкории гуманитарӣ дар паҳнои созмон. Бо назардошти он ки ҳар кишвар дорои анъанаҳои ғанӣ ва ҳамзамон аз якдигар хеле фарқкунанда мебошад, он чӣ нақше мебозад? Зеро зумраи фарҳангшиносон, сиёсатмадорон решаи мушкилоте, ки бо онҳо кишварҳою халқҳо дучор мегарданд, яъне терроризм, нобаробарии афзояндаи рушд, буҳрони муҳоҷиратро дар ба ном «мухолифати тамаддунӣ» мебинанд.
- Ба пиндори ман, ҳамкории башардӯстона асоси калидии таҳкими эътимоди ҳамдигарӣ, дӯстӣ ва ҳамсоягии неки байни кишварҳои аъзои СҲШ мебошад. Муколамаи фарҳанг ва тамаддунҳои гуногун, ки дар чаҳорчӯбаи СҲШ  роҳандозӣ шудааст, ба шинохт, ғановати ҳамдигарӣ ва дар ниҳоят, ба ҳамдигарфаҳмии бештари халқҳо мусоидат мекунад. Маҳз дар ҳамин муҳимтарин рисолати тамаддунии созмон ифода меёбад. Ин рисолат ба шарофати муносибати маҷмӯӣ, ки аз ибтидо ба эъмори одилонаи муносибатҳои байналмилалӣ нигаронда шуда буд, бомуваффақият пиёда карда мешавад. Воқеан ҳам, дар чаҳорчӯбаи созмони аз бисёр ҷиҳат беназири байнитамаддунӣ барои дар минтақаи масъулияти СҲШ тароза кардани имконияти низои тамаддунҳо шароит фароҳам оварда шудааст.
- Ин ҳама масъалае, ки Шумо зикр кардед, дар ҳамоиши Остона баррасӣ мегардад?
- Созмони Ҳамкории Шанхай дар тӯли яку ним даҳсола тавонист, ки дар ҷаҳон яке аз калонтарин низомҳои ҳамкории минтақавӣ бо таъкид ба кафолати суботи сиёсӣ, таҳкими амният, тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро бо мақсади рушди муштарак ва шукуфоии халқҳои СҲШ бунёд намояд. Гуфтаниям, ки ҳамоиши июнии созмон дар Остона давраи нави рушди онро оғоз менамояд. Зимни он бори дигар пайгирӣ аз сулҳу субот, рушди якҷоя ва муносибатҳои баробарҳуқуқ дар фазои СҲШ таъкид меёбад.
- Оё Шумо СҲШ – ро аз будаш зиёд нишон намедиҳед? Наход созмон мушкилоти дохилӣ, масъалаҳои ҳалталаб надошта бошад? Наход ҳама аъзо дар ҳама масъала бо як овоз ҷонибдор шаванд ва миёни онҳо ягон хел ихтилофу баҳсҳо набошанд?
- Афзалияти СҲШ дар он ифода меёбад, ки ба воситаи муколамаи баробарҳуқуқ имкони ҷустуҷӯ ва пайдо кардани ҳалли ҳатто мураккабтарин масъалаҳоро фароҳам  меорад. Натиҷаи маҷмӯии таъвизи то ҳадди имкони ҳуқуқҳои мустақилӣ, манфиатҳои миллӣ ва масъалаҳои умумӣ ҷанбаи тавонои СҲШ маҳсуб меёбад. Ба самаранокии модели СҲШ бояд на аз нуқтаи назари раванд, балки аз рӯи натиҷаи ниҳоӣ баҳо дод.
- Бо вуҷуди ин ҳама амнияти минтақавӣ дар сархати фаъолияти созмон қарор дорад?
- Маҳз вазъияти устувор дар минтақаи масъулияти СҲШ имкон медиҳад, ки диққати асосӣ ба татбиқи лоиҳаҳои рушди умумиминтақавӣ равона гардад. Тасодуфӣ нест, ки Русия ва Чин СҲШ – ро ба сифати майдони калидии авруосиёӣ дар татбиқи ташаббусҳои миқёсноки иқтисодӣ мепазиранд, ки ташаккули камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим ва шарикии калони АвруОсиё аз ҳамин ҷумла аст. Дигар хусусияти бағоят муҳим он низ мегардад, ки СҲШ ба сифати майдони муколамаи пайвастаи чор қудрати ядроӣ – нисфи маҳфили ҷаҳонии ядроӣ хизмат хоҳад кард.
Боз як ҷузъиёт меорам. Тавре маълум аст, дар минтақаи Осиё айни замон беш аз даҳ иттиҳодияи байналмилалӣ фаъолият дорад, лекин аз ин миён танҳо ду ниҳод, яъне СҲШ ва АСЕАН универсалист.  Ин ду ниҳод дорои неруи бузурги рушди ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, бинобар заминаи худии меъёрӣ амалан аз рӯи тамоми самтҳои ҳамкории бисёрҷабҳа мебошад. Фароқитъавияти СҲШ, агар чунин гуфтан ҷоиз бошад, имкон медиҳад ниҳод чун пайвандгари минтақаҳои Осиёю уқёнусҳои Ором ва Атлантика бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқи Наздик пазируфта шавад.
Андрей КИРИЛЛОВ, ТАСС.
Тарҷумаи Ш. НАСРИДДИНОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2017    №: 119    Мутолиа карданд: 458

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед