logo

иҷтимоиёт

ДУРДОНАҲОИ МИЛЛАТ

Дар ташаккули ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии халқу миллатҳо  нақши асосӣ ва марказиро ҳамбастагиву ягонагӣ ташкил медиҳад. Баҳри тақвият ва амалӣ намудани ҳамбастагии миллӣ, сулҳофарӣ ва ягонагии миллати куҳанбунёди тоҷик мо - ҷавонон бояд иродаи созандагӣ, бунёдкорӣ ва ваҳдати фикрӣ дошта бошем, ки дар ин раванд муҳимтарин масъала худшиносӣ ва ҳувияти миллист.
Ҷавонон дар ҳама давру замон дурдонаҳои ҷомеа маҳсуб мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ин нуктаро такроран таъкид карданд, ки бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил дода, онҳо муаррифгари Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи мамлакат маҳсуб меёбанд. Инчунин, пешниҳод гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат гувоҳи он аст, ки ин абармарди таърих ба неруи ҷавонон эътимоди комил дошта, ояндаи дурахшони Ватани муҳбубамонро дар симои онҳо мебинанд.
Ҷавонони хуштолеи зодаи Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ имрӯз дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ намуда, дар рушду тараққиёти Ватани азизамон - Тоҷикистон нақши назаррас мегузоранд. Имрӯз ҷавонони тоҷик бо дастовардҳои қобили мулоҳизаи худ дар бахшҳои гуногуни илму техника ва варзиш муаррифгари воқеии миллати хеш дар ҷаҳон гардидаанд.
Ҳоло бо дастгирии Пешвои миллат садҳо духтарони деҳот бо Квотаи президентӣ ба мактабҳои олӣ дохил шуда, соҳиби ихтисос мешаванд. Айни замон, дар як қатор кишварҳои хориҷӣ аз ҳисоби квотаи давлатӣ теъдоди зиёди донишҷӯёни тоҷик таҳсил карда истодаанд, ки дар оянда барои пешрафти Ватани маҳбубамон хизмат хоҳанд кард. Зикри як нукта муҳим аст, ки олимони ҷавони дар даврони соҳибистиқлолӣ тарбиятёфта дорои хислатҳои неки инсонӣ буда, ҳушманд, ҳақиқатпараст, ошкорбаён, забондон, эҷодкору созанда ва ватандӯст мебошанд. Дастгирии пайвастаи олимони ҷавон  имкон медиҳад, ки онҳо ихтироъ ва кашфиётҳои илмии худро ба ҷаҳониён пешниҳод ва муаррифӣ намоянд. Дар иртибот ба ин мавзӯъ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд:  «Олимони шинохта ва муътабари моро зарур аст, ки ба олимони ҷавон дасти ёрӣ дароз намоянд ва барои ташаккули тафаккуру ҷаҳонбинии онҳо ёрии амалӣ расонанд».
Мо бояд Ватанамонро беш аз ҳарвақта дӯст дорем, онро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем. Агар хоҳем, ки давлати Тоҷикистон неруманду тавоно бошад, агар хоҳем, ки миллати тоҷик боз ҳам сарбаланду муаррифгари таърихи бою фарҳанги ғании худ дар арсаи байналмилалӣ гардад ва насли имрӯз барои фардоиён  ҷомеаи обод, озод ва саодатманд вогузор намояд, бояд дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид гашта, арзишҳои миллӣ ва умумидавлатиро аз ҳама неъматҳои дигар боло гузорем. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо Ватан ва ҷаҳони бузургест, ки дар симои он бояд ҳаёт, андеша, дину оин, идеал, нангу номус, ифтихор, ибтидо ва интиҳои худро дарёбем.
Савлат ИЗЗАТУЛЛОЕВА,
донишҷӯи соли 3-юми факултети
ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2017    №: 119    Мутолиа карданд: 417

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед