logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

6 июн миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн ба муносибати 25 - умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!
Сарфарозам, ки Шуморо ба ифтихори 25 - умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон сидқан табрику таҳният гӯям.
Боиси қаноатмандист, ки тайи ин солҳо ҳамкориҳои судманд ва муносибатҳои анъанавии дӯстонаи кишварҳои мо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба таври назаррас густариш ёфта, сатҳ ва мазмуни тозаро касб кардаанд.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, изҳори итминон менамоям, ки бо саъю эҳтимоми ҳар ду ҷониб муносибатҳои шарикӣ дар соҳаҳои мухталиф дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар бо суръати бештар рушду тавсеаи пайгир хоҳанд ёфт. Ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими ҳар чӣ бештари ин равобит саъю кӯшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод.
Бо ибрози таманниёти беҳтарини пешрафту шукуфоӣ ва амну субот ба мардуми дӯсти Покистон, ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатии комил, хушрӯзӣ ва дастовардҳои навин хоҳонам».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Покистон, мехоҳам таманниёти гарму самимии хешро ба муносибати 25 - умин солгарди истиқрори муносиботи дипломатии байни ду кишвар иброз намоям.
Ҳар ду кишварҳои моро робитаҳои неки таърихӣ, динӣ ва фарҳангӣ мепайванданд. Покистон дар рушд ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, энергетика ва мудофиа манфиатдор аст.
Покистон ҳамеша тарафдори сулҳу субот, равобити судманд ва ҳамгироӣ дар минтақа мебошад. Кӯшишҳои дастаҷамъии мо дар ҳошияи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва дигар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати ба даст овардани ҳадафҳои матлуб кумак хоҳанд кард.
Бо истифода аз фурсат, бори дигар ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатии комил ва ба мардуми Тоҷикистон сулҳи пойдор ва шукуфоиро таманно дорам.
Хоҳишмандам, Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2017    №: 119    Мутолиа карданд: 2008

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед