logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, 1 сентябри соли 2009

Мӯҳтарам омӯзгорон ва донишҷӯён!
Фарзандони азиз!

Дар ин лаҳзаҳо, ки мо ба ифтихори таҷлили Рӯзи дониш дар толори бошукӯҳи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон гирди ҳам омадаем, мехоҳам пеш аз ҳама, хотирнишон намоям, ки ин рӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамчун санаи бузургдошти маърифату дониш истиқбол гирифта мешавад.
Бо истифода аз фурсат аҳли маорифи кишвар, аз ҷумла омӯзгорону устодон, наврасони мактабхону ҷавонони донишҷӯ, инчунин ҳамаи онҳоеро, ки имрӯз нахустин бор ба остонаи мактаб ва донишкадаву донишгоҳҳо, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ қадам мегузоранд ва ҳар яки шумо - ҳозирини гиромиро ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави хониш самимона табрику таҳният мегӯям.
Маълум аст, ки асри XXI давраи пешрафти босуръати илму техника ва технология, зуҳури самтҳои нави илм ва дар маҷмӯъ, таҳаввулоти ҷиддии илмиву техникӣ буда, сатҳи омӯзиш ва дар амал татбиқ кардани онҳо дар навбати аввал аз фаъолияти шумо – омӯзгорон ва таҳсили хубу босифати мактаббачагон ва ҷавонон вобаста аст. Зеро дар чунин шароит талабот ба фарогирии маърифату дониш торафт ҷиддӣ гардида, илм рӯз ба рӯз ба манбаи арзишманд ва пурқимати зиндагии башар табдил меёбад. Гузашта аз ин, дар ҷаҳони муосир илму дониш ба сифати яке аз сарчашмаҳои пешрафти ҷомеа аҳамияти торафт афзоянда пайдо карда истодааст.   
Аз ин нуқтаи назар, ҳаёт ва пешрафти ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ҳар як инсон бояд соҳиби маърифат ва касбу ҳунар бошад. Ва ин амр танҳо бо роҳи фарогирии дониш ва омӯзиши пайваста муяссар мегардад. 
Чунон ки ҳамаи шумо мушоҳида мекунед, Тоҷикистон солҳои охир бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои муайян бо роҳи тараққиёти муназзам ва устувори иқтисодӣ пеш рафта истодааст. Истеҳсолот рӯ ба инкишоф оварда, ҷоришавии технологияи муосир дар он торафт суръат мегирад, яъне мо тадриҷан ба марҳалаи рушди технологияи навтарин ворид шуда истодаем.
Аз ин рӯ, бо мақсади ҳамқадами замон тарбия кардани наслҳои ҷавон ва аз дастовардҳои илмиву техникӣ бархурдор гардидани онҳо мо ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таҳсилот афзалият дода, дар доираи он маблағгузории давлатии соҳаро сол ба сол зиёд карда истодаем ва саъю кӯшиш дорем, ки наврасону ҷавононро ҳарчи бештар ба донишандӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунар, фарогирии дастовардҳои илму техникаи муосир ва дар баробари аъло донистани забони модарӣ ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ раҳнамоӣ созем.
Рушду тараққиёти мамлакат, пеш аз ҳама ва бевосита ба саъю талоши насли созандаву  эҷодкор алоқаманд аст. Бинобар ин, агар имрӯз ба тарбияи ворисони соҳибмаърифату донишманд ва содиқи миллату Ватани хеш бо масъулият муносибат накунем, ифтихору ғурури миллии мо тадриҷан ба зоҳирпарастӣ табдил ёфта, дар доираи ифтихор аз ному дастовардҳои бузургони гузаштаамон маҳдуд мемонад. Аз ин  ҷост, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади амалӣ гардонидани ин рисолати таърихӣ саъю талош менамояд, ки ҷавонони мо соҳиби илму дониш, касбу ҳунар ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии васеъ гарданд.
Маориф асоси рушду тараққиёти ҳар як давлату миллат мебошад. Зеро рушду нумӯи ҷомеа, таъмини амнияти ҷомеаву давлат ва ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, татбиқи дастовардҳои техника ва технологияи муосир бевосита ба рушди соҳаи маориф, ташкили раванди бонизом ва босифати таълиму тарбияи хонандагону донишҷӯён, хулоса ба сатҳи саводи миллат вобаста мебошад. 
Бо дарназардошти аҳамияти ин масъалаҳо Ҳукумати Тоҷикистон маблағгузории соҳаи маорифро сол ба сол зиёд намуда, иҷрои вазифаҳои гузошташударо тадриҷан таъмин карда истодааст.
Умуман, соҳаи маориф дар сиёсати давлати соҳибистиқлоли мо мавқеи муҳим дорад. Дар марҳалаи ҳозира, бо вуҷуди бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодие, ки саросари оламро фаро гирифта, ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсири ҷиддии манфӣ расонида истодааст, мо барои соҳаи маориф, аз ҷумла таҳсили мукаммал ягон монеа ё маҳдудият ҷорӣ накардем.
Баръакс, дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намудам, ки сарфи назар аз мушкилоти давраи бӯҳронӣ ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф афзалият дода мешавад.
Солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, инчунин беҳбудии шароити ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар доир ба афзун гардонидани маблағгузорӣ ва таъмиру тармим, азнавсозӣ ва барқарорсозии биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои муассисаҳои мазкур тадбирҳои зиёдро амалӣ гардонидааст.
Дар ин раванд, чунонки гуфтам, маблағгузории давлатии соҳаи маориф торафт меафзояд. Масалан, агар ҳиссаи хароҷоти он нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2005-ум сеюним фоизро ташкил карда бошад, пас ин рақам дар соли 2009-ум ба 4,7 фоиз расид; агар дар соли 2005-ум фақат барои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 180 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2009 ҳаҷми он, бо дарназардошти ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ, ба 780 миллион сомонӣ расонида шуд.
Аз соли 1996 то имрӯз барои дастгирии соҳаи маориф 13 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 530 миллион сомонӣ татбиқ гардида, аз ҳисоби ҳамаи лоиҳаҳои инвеститсионӣ аз соли 1998 то нимсолаи аввали соли ҷорӣ 500 иншооти соҳа ба маблағи қариб 180 миллион сомонӣ сохта ё таъмиру таҷдид карда шудааст.
Ҳоло дар доираи ислоҳоти соҳаи маориф дар 43 шаҳру ноҳияи кишвар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба маблағгузории сарикасӣ гузаронида шудаанд ва аз моҳи январи соли 2010-ум тамоми мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба ин усули нави маблағгузорӣ мегузаранд.
Вобаста ба масъалаи таъминоти муассисаҳои соҳаи маориф бо маводу ашёи таълимӣ мехоҳам зикр намоям, ки дар давоми панҷ соли охир бо сарфи беш аз 420 миллион сомонӣ 170 номгӯй китобҳои дарсӣ бо теъдоди қариб 10 миллион нусха ва бо теъдоди 710 ҳазор нусха 160 номгӯй дастуру барнома ва дигар воситаҳои таълимӣ чоп шуданд.
Аз оғози татбиқи барномаи компютерикунонии мактабҳо, ки мо онро аз сифр шурӯъ карда будем, то имрӯз муассисаҳои мазкур бо 25 ҳазор компютер  ва 3400 адад принтер таъмин карда шуданд. Илова бар ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки дар кишварамон соли 1991 ҳамагӣ 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи 15-16 ихтисос кадр тарбия мекард. Имрӯз бошад, шумораи онҳо ба 50 расида, аз рӯи зиёда аз 100 ихтисос кадрҳои коргарӣ тарбия карда мешаванд.
Ҳамчунин, дар солҳои 2004-2008 дар қаламрави мамлакат бо сарфи 83 миллион сомонӣ барои зиёда аз 91 ҳазор хонанда 406 мактаб сохта ва таъмиру таҷдид карда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд; агар дар соли 2004-ум дар маҷмӯъ 34 мактаб бо 11 ҳазор ҷойи нишаст сохта шуда бошад, пас дар соли 2008-ум дар кишварамон барои зиёда аз 25 ҳазор толибилм 149 мактаб бунёд гардидааст. Танҳо соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи умумии 123 миллион сомонӣ барои зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст 209 бинои мактаб, аз ҷумла биноҳои иловагӣ аз 4 то 10 синфхона барои 21 ҳазор хонанда бунёд гардиданд ва то рӯзҳои таҷлили 15-солагии қабули Конститутсия боз 56 мактаб таъмиру тармим карда, ба истифода дода мешавад.
Соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 5 мактаби типи нав вуҷуд дошт. Имрӯз шумораи онҳо ба 135 расидааст, ки аз ин ҷумла 51 адад литсей ва 84 адади он гимназия мебошад.
Дар робита ба беҳдошти шароити муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар бояд гуфт, ки бо иқдом ва маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон барои духтарони донишҷӯе, ки тибқи Квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, инчунин донишҷӯён, унвонҷӯён ва аспирантҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забонҳо азнавсозӣ ва таҷҳизонидани се хобгоҳ ба анҷом расонида шуд.
Як сол пеш дар шаҳраки “Донишҷӯён”-и пойтахт бунёди биноҳои таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз гардид, ки дар доираи он бо сарфи беш аз 13 миллион сомонӣ барои 900 нафар донишҷӯ бинои нӯҳошёнаи хобгоҳ бунёд ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуд. Ҳоло навбати дуюми сохтмони биноҳои таълимии Донишгоҳи миллӣ идома дорад ва мо ният дорем, ки онро соли 2010-ум ба истифода супорем.
Ҳамчунин бинои марказии Донишгоҳи давлатии тиббӣ дар як муддати кӯтоҳ пурра аз нав сохта, ба истифода дода шуд. Дар айни ҳол бунёди бинои факултети сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникӣ, ки ҳанӯз бист сол пеш қатъ гардида буд, босуръат идома дорад; дар асоси Барномаи давлатии рушди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хобгоҳҳои он аз таъмир бароварда шуданд. Илова бар ин, сохтмони бинои нави таълимӣ ва хонаҳои истиқоматӣ барои омӯзгорон, хобгоҳҳои донишҷӯён барои филиалҳои донишгоҳҳои аграрӣ ва давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ воқеъ дар ноҳияҳои Данғараву Рашт, хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ, бинои таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, толори варзишии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, бинои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ва даҳҳо иншооти дигарро метавон номбар кард, ки аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат ба анҷом расидаанд ё вақтҳои наздик ба истифода дода мешаванд.
Масъалаи зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаи маориф низ ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва бо ин мақсад имкониятҳои буҷети давлатӣ ва захираҳои дохилии соҳа самаранок истифода бурда мешаванд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки музди меҳнати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз соли 2000-ум то соли 2008-ум қариб 15 маротиба баланд бардошта шуда, афзоиши солонаи он ба ҳисоби миёна 40-50 фоизро ташкил медиҳад.
Илова бар ин, ислоҳоти низоми музди меҳнат имкон фароҳам овард, ки имсол номутаносибии мавҷудаи  музди меҳнати кормандони соҳаи маориф аз байн бардошта шавад.
Ҳамаи ин ғамхориҳо ба хотири таъмини фаъолияти пурсамари шумо - омӯзгорону устодон ва таҳсили хуби мактаббачагону донишҷӯён мебошад ва мо ин равандро минбаъд низ идома медиҳем. 
Ҳозирини гиромӣ!
Дар вохӯрии имрӯзаи мо, ки дар он асосан намояндагони ҳайатҳои устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни мактабҳои олии мамлакат иштирок доранд, мехостам дар бораи баъзе масъалаҳои таълиму тарбияи мутахассисон ва кадрҳои ҷавон ибрози ақида намоям, ки ҳаллу фасли онҳо дар навбати аввал аз донишкадаву донишгоҳҳо вобаста аст.
Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки ҳоло дар мактабҳои олии кишварамон беш аз 156 ҳазор донишҷӯ таҳсил менамояд ва дар раванди таълиму тарбия ва донишандӯзии онҳо солҳои охир хеле беҳбудӣ ба мушоҳида мерасад, ки ин, албатта, падидаи нек аст. Алҳол дар байни ҷавонони мо донишҷӯёне кам нестанд, ки фаҳмишу дониши хуб ва истеъдоди баланд доранд.
Онҳо дар масъалаи сатҳи дониш, инчунин фарогирии илмҳои муосир ва навовариву ихтироот аз ҳамсолони худ аз давлатҳои пешрафта кам нестанд.                
Боиси ифтихор аст, ки мактабиёну донишҷӯёни мо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд ва бо медалу ҷоизаҳои ифтихорӣ ба Ватан бармегарданд. Чунончи, танҳо дар ибтидои соли ҷорӣ 10 нафар донишҷӯи беҳтарини донишгоҳҳои Тоҷикистон ба гирифтани стипендияи таъсисдодаи Хазинаи рушди Институти таҳсилоти Авруосиё ба номи Д. И. Менделеев ноил шуд. Инчунин, 15 нафар донишҷӯ ва 10 нафар аспирант сазовори стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд, ки ин, албатта, аз кӯшишу талошҳои ҷавонони мо дар роҳи ба даст овардани илм дарак медиҳад.
Вақтҳои охир бисёр донишҷӯён бо иштироки фаъоли худ дар чорабиниҳои байналмилалии илмӣ ва пешниҳоди ихтирооти ҷолиби хеш ба марказҳои бонуфузи илмии кишварҳои пешрафта Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври арзанда муаррифӣ карда истодаанд.
Онҳо инчунин тавассути сомонаҳои интернет дар мусобиқаҳои илмӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол карда, барои ширкат дар чорабиниҳои байналмилалии илмӣ даъватнома гирифтаанд. Баъзе ҷавонони боистеъдоди мо аллакай рисолаҳои илмӣ ва маҷмӯаи шеъру ҳикояҳои худро таҳия карда, дар байни ҳамсолони худ шинохта шудаанд, ки  ин ҳама нишонаи болоравии сатҳ ва сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварамон мебошад.
Бо дарназардошти ин ва бо мақсади дар оянда дар сохторҳои ҳукуматӣ ба кор ҷалб кардани чунин ҷавонони лаёқатманд ба вазоратҳои маориф, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо донишкадаву донишгоҳҳои кишвар рӯйхати ҷавонони донишҷӯи боистеъдодро ба сифати кадрҳои ҷавон таҳия карда, ба Ҳукумат ва вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод намоянд.             
Ҳамчунин ба роҳбарони донишкадаву донишгоҳҳои мамлакат зарур аст, ки барои донишҷӯёни болаёқате, ки бо таҳқиқоти илмӣ, корҳои эҷодӣ ва кашфиёту ихтироот машғуланд ё ба ин корҳо майлу рағбати зиёд доранд, шароит ва имконияти мусоид фароҳам оварда, ба пешрафти кори онҳо ҳамаҷониба кӯмак расонанд.
Дар баробари ин, аз курси якум ба қобилият ва зеҳни донишҷӯён диққат   дода, бо интихоби беҳтаринҳо онҳоро ба корҳои илмиву тадқиқотӣ ва озмоишиву лабораторӣ  ҷалб созанд. Зеро ҳамгироии илм бо истеҳсолот тавассути таҳсилот ва аз зинаҳои аввалини он амалӣ мегардад ва танҳо бо ташкили дурусти ин раванд мо метавонем барои оянда кадрҳои заруриро тарбия кунем.
Мо бояд аз нерӯи ақлонии ҷавонони кишвар ба таври зарурӣ истифода барем. Бинобар ин, ба роҳбарони Вазорати маориф, дигар вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ супориш дода мешавад, ки дар назди таълимгоҳҳои худ марказҳои илмӣ, маҳфилҳои мубоҳисавӣ, озмоишгоҳҳо ва нуқтаҳои маълумотдиҳӣ таъсис дода, фаъолияти кафедраҳо, кабинету лабораторияҳоро пурзӯр намоянд ва барои дастгирии донишҷӯёни лаёқатманд ва боистеъдод замина фароҳам оваранд.                          
Омили муҳими таъмини рушди соҳаи  маориф, инчунин баланд бардоштани сифати таълим ва мунтазам такмил додани стандартҳои давлатӣ, нақшаву барномаҳои таълимӣ, низоми арзёбии сифати таҳсилот ва сатҳи дониш мебошад.
Бинобар ин, ҳаллу фасли масоили вобаста ба ташкили мониторинги сифати таҳсилот, муайян кардани самтҳои афзалиятнок, баланд бардоштани самаранокии ҷараёни таҳсил ва сифати он, рушди муассисаҳои таълимӣ дар минтақаҳо, тарғиби таҷрибаи пешқадами педагогӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълиму тарбия, таҳия ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонидани маводи омӯзишӣ, китобу дастурҳои таълимиву методӣ ва таҷрибавӣ аз вазифаҳои умдаи Вазорати маориф аст.
Илова бар ин ва бо мақсади ҳамроҳ шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ супоришеро, ки дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ доир ба гузаштан ба таҳсилоти ҳатмии даҳсола аз соли 2010 ва ба низоми нави таҳсилоти умумӣ аз соли 2014 зикр гардида буд, бори дигар хотиррасон менамоям ва роҳбарони Вазорати маориф, дигар вазорату идораҳои дахлдор, инчунин раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор месозам, ки барои амалӣ намудани он ҳамаи чораҳои заруриро андешанд. 
Арзёбии дараҷаи дониш ва сифати таҳсилот аз ҷумлаи масъалаҳои ҷиддии системаи ҷаҳонии таҳсилот аст. Вале, мутаассифона, дар кишвари мо то ба ҳол оид ба ин масъала ва таҳқиқи илмию методии он тадбирҳои зарурӣ андешида нашудаанд.
Вобаста ба ин, бахусус дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ проблемаҳое мавҷуданд, ки ҳарчи зудтар бартараф кардани онҳо ба манфиати кор аст. Масалан, ҳарчанд ки нақшаву барномаҳои таълимии ихтисосҳои баъзе мактабҳои олӣ аз нав таҳия карда шудаанд, онҳо ҳанӯз ҳам ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нестанд.
Низоми таҳсилоти кредитӣ низ, ки доир ба афзалияти он борҳо изҳори назар шудааст, дар аксари мактабҳои олӣ пурра ҷорӣ нашудааст. 
Тавре ки аз таҳлилу мушоҳидаҳо бармеояд, дар донишгоҳҳое, ки ба низоми нав гузаштаанд, сифати таълим ва сатҳи дониш нисбатан беҳтар шуда, мустақилияти донишҷӯён афзудааст ва устодон ҳам дар пайи ҷустуҷӯи усулҳои нави таълим ва адабиёти илмиву таълимии муосир мебошанд.
Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорат, ки мо ҳоло дар он қарор дорем, бо татбиқи ин низом, ба як қатор дастовардҳо ноил шудаанд. Дар давоми панҷ соли охир дар донишгоҳи мазкур дигаргуниҳои куллӣ ба миён омадаанд. Аз ҷумла, робитаи донишгоҳ бо муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ вусъат ёфта, заминаи моддиву техникии он хеле беҳтар шудааст. Донишгоҳ барои гузаштан ба низоми нав мутахассисони хориҷиро ҷалб карда, ҳамзамон бо ин, барои таҷрибаомӯзии устодони донишгоҳ дар дигар кишварҳо имконият пайдо кардааст ва дар натиҷаи ҷорӣ кардани низоми мазкур ба баланд гардидани сифати таълим низ муваффақ шудааст.
Низоми кредитии таҳсил водор месозад, ки ҳам донишҷӯ ва ҳам муаллим ҳамеша дар ҷустуҷӯ бошанд ва ҳарчи бештар аз воситаҳои таълимию методӣ ва технологияи муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ истифода намоянд. Бояд гуфт, ки гузаштан ба низоми нав ва ҷорӣ кардани меъёрҳои он яке аз ҳадафҳои асосии мо дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ мебошад.
Дӯстони азиз!
Имрӯз дар ҷаҳон рушди илму технология ва ҷараёни корҳои инноватсионӣ суръати рӯзафзун пайдо карда истодааст. Ва табиист, ки мо низ аз ин раванди пешрафту тараққиёти ҷаҳони мутамаддин дар канор буда наметавонем. Аз ин рӯ, бо мақсади ба ҷараёни пешрафти илму техника ворид намудани ҷавонони донишҷӯ ва аз дастовардҳои навтарини илм, инчунин технологияи иттилоотӣ бархурдор гардонидани онҳо бояд донишкадаву донишгоҳҳои мамлакат тадбирҳои муассир андешанд.
Ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зарур аст, ки барои олимон ва донишҷӯёне, ки дар самти рушди истеҳсолот таҳқиқоти илмӣ мебаранд, шароити мусоиду созгор муҳайё намоянд.
Дар баробари ин, ба вазоратҳои маориф, саноат ва энергетика, инчунин Академияи илмҳо супориш дода мешавад, ки доир ба ҷалби олимон ва ҷавонони донишҷӯ ба корҳои илмиву техникӣ ва кашфиёту ихтироъкорӣ, инчунин фароҳам овардани шароиту имконияти зарурӣ барои фаъолияти илмии онҳо чораҷӯӣ намоянд.
Барои ин, пеш аз ҳама бояд заминаи моддиву техникӣ ва илмии муассисаҳои таълимиро мустаҳкам карда, лабораторияҳо ва озмоишгоҳҳоро бо таҷҳизоти нави замонавӣ таъмин намудан зарур аст.
Ҳамзамон бо ин, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф, академияҳои илмҳо зарур аст, ки доир ба таъсиси марказҳои биотехнологӣ ва дигар самтҳои муосири илму техника ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд. Ба Вазорати маориф супориш дода мешавад, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи марказҳои илмиву фанноварӣ» таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод созад.
Дар робита ба ин, мехоҳам махсус таъкид намоям, ки то ба ҳол на дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ истифодаи васеъ ва самараноки технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Ташкил ва истифодаи китобхонаҳои электронӣ, барқарор кардани робитаи иттилоотӣ бо китобхонаҳои ҷаҳонӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии дохиливу хориҷӣ, инчунин истифода аз имконоти шабакаи интернет қонеъкунанда нест.
Вобаста ба ин, аз технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ пурра истифода карда натавонистани на ҳамаи омӯзгорону донишҷӯён  боиси ташвиш мебошад. Дар замони ҷаҳонишавии технологияи иттилоотӣ дуруст ба роҳ монда нашудани таълими истифодаи он метавонад сабаби ҷиддии қафо мондани ҷавонони мо аз ин раванд гардад.
Бояд зикр кард, ки ҳоло зиёда аз 7 000 нафар ҷавони болаёқати Тоҷикистон, аз ҷумла беш аз ду ҳазор нафар дар доираи квотаҳои муқарраршуда ва аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ таҳсил дорад. Имсол бори аввал тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ 36 ҷой ҷудо карда шуд ва довталабон аз тариқи озмун қабул карда шуданд. Ба онҳо тамоми хароҷоти таҳсил, роҳпулӣ, маблағи хобгоҳ ва суғуртаи шахсӣ аз ҳисоби Фонди Президенти Тоҷикистон пардохта мешавад ва дар асоси шартномаи сеҷониба давлат онҳоро баъди таҳсил бо ҷойи кор низ таъмин мекунад. 
Бо мақсади фароҳам овардани имконияти ҳарчи бештар барои таҳсили ҷавонони соҳибистеъдоду қобилиятноки мамлакат дар муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олӣ соли ҷорӣ бо иқдоми Ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе филиали Донишгоҳи давлатии Москва таъсис дода шуд.
Мо ният дорем, ки дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон филиалҳои Донишкадаи энергетикии Москва, Донишгоҳи пӯлод ва хӯлаи Москва, Донишкадаи саноати маъдани Санкт-Петербург ва Донишгоҳи давлатии Харковро низ ташкил кунем ва бо истифода аз таҷрибаву усулҳои муосири таълими муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои пешрафта дар дохили кишварамон кадрҳои миллиро тарбия намоем. Имрӯз дар кишварамон 28 муассисаи таҳсилоти олӣ фаъолият мекунад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991, яъне то истиқлолияти давлатӣ, ки ҳамагӣ 13 донишгоҳу донишкада мавҷуд буд, беш аз ду баробар зиёд мебошад.  
Илова бар ин, ҳоло ба Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати маориф ва дигар вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти омода будани заминаҳои моддиву техникии як қатор филиалу шӯъбаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат масъалаи ба донишкадаҳои сохторӣ табдил додани онҳоро баррасӣ карда, хулосаҳои мушаххас манзур намоянд. Пешниҳод мегардад, ки филиалҳои Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи технологӣ дар шаҳри Хуҷанд ба Донишкадаи политехникӣ, инчунин Комплекси таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷорат ва шӯъбаи Донишкадаи иқтисодӣ ба Донишкадаи иқтисод ва савдо табдил дода шаванд.  
Вобаста ба ин ва бо мақсади такони тоза бахшидан ба рушди маориф,   тарғиби илмҳои дақиқ ва густариши донишу маърифати техникӣ, ки дар атрофи ин масъала борҳо изҳори ақида кардаем, пешниҳод мешавад, ки соли оянда, яъне 2010-ум соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон карда шавад.  
Дар баробари андешидани ҳамаи тадбирҳо дар самти маориф ва рушди таҳсилот бовар дорам, ки ҷавонони мо баъди хатми мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ ба Ватани азизи худ баргашта, дар ободиву пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии он саҳми арзанда мегузоранд.
Мо ҷавонони мамлакат, аз ҷумла шумо - донишҷӯёнро нерӯи созандаи Ватан медонем ва бовар дорем, ки шумо тақдири ояндаи давлату миллатро ба зиммаи худ мегиред ва онро боз ободтар мегардонед.
Ҳозирини гиромӣ! 
Дар баробари пешравиҳои муайян дар соҳаи маориф як қатор проблемаву мушкилоте мавҷуданд, ки сари вақт бартараф сохтан ва ҳаллу фасл намудани онҳо вазифаи роҳбарону масъулони кор мебошад.
Бояд зикр кард, ки дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ сифати таълим ҳанӯз қонеъкунанда нест ва сатҳи дониши донишҷӯён ба талаботи стандартҳои давлатӣ ҷавобгӯ намебошад. Сатҳи донишандӯзии ҷавонон аз рӯи баъзе ихтисосҳо 50-60 фоизро ташкил медиҳад ва аз рӯи ихтисосҳои табиатшиносӣ ва техникӣ боз ҳам пасттар аст. Агар яке аз сабабҳои паст будани сатҳи дониши донишҷӯён дар фаъолияти сусти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бе дониши мукаммал ба мактаби олӣ омадани шогирдон бошад, аз тарафи дигар дар паст будани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад.
Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олиро зарур аст, ки ба масъалаи сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ дода, дар ин самт, пеш аз ҳама таваҷҷӯҳи падару модаронро ба кори торафт беҳтар гардонидани таълиму тарбия ҷалб намоянд. Падару модарон бояд як нуктаро ба инобат гиранд, ки фарзандони хуб ва таълиму тарбиятдида давоми умри онҳо мебошанд. Бинобар ин, барои таълиму тарбияи фарзандони худ ҳеҷ чизро набояд дареғ доранд.       
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти марказҳои назорати сифати таълим ба сатҳи донишандӯзии донишҷӯён таъсири амиқ расонида натавониста истодааст. Аз ин рӯ, ба роҳбарони мактабҳои олӣ ва сохторҳои дахлдори Вазорати маориф зарур аст, ки дар ҳар шаш моҳ сифати таҳсилотро санҷида, барои беҳтар намудани он чораҳои таъхирнопазир андешанд. Яке аз роҳҳои ҷорӣ намудани низоми ҷаҳонии таҳсилот таъсиси Маркази миллии тестӣ буд, ки чунин сохтор бо қарори Ҳукумати мамлакат моҳи майи соли равон ташкил карда шуд ва ба фаъолият оғоз намуд. Акнун зарур аст, ки маркази мазкур бо истифода аз тамоми имкониятҳои худ ба беҳтар шудани сифати таълим ва баланд бардоштани сатҳи он мусоидат намояд.
Дигар масъалаи муҳими фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамгироии илм бо истеҳсолот мебошад, ки ба он то ҳанӯз аз тарафи роҳбарону масъулони соҳа таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда намешавад.
Бо вуҷуди назаррас будани дастовардҳои илмии олимони донишкадаву донишгоҳҳои мамлакат татбиқи онҳо дар истеҳсолот қонеъкунанда нест ва ҳамкории сохторҳои илмию озмоишии макотиби олӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва ташкилоту муассисаҳои кишвар дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Бинобар ин, ба Вазорати маориф ва роҳбарони мактабҳои олӣ супориш дода мешавад, ки дар робита ба масъалаҳои рушди илм ва пайванди он бо истеҳсолот, инчунин чопи китобҳои дарсӣ, ки яке аз мушкилоти ин зинаи таҳсилот мебошад, чораҳои мушаххас андешида, барои интишори китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ маблағҳои махсус пешбинӣ намоянд.
Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки тарбияи олимони ҷавони даврони истиқлолият, яъне интеллигенсияи дорои ҳисси баланди миллии замони нав аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини Вазорати маориф, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, Академияи илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва зиёиёни мамлакат мебошад. 
Ҳамчунин, шояд вақти он расидааст, ки бо мақсади рушди робитаи илм бо истеҳсолот дар назди муассисаҳои давлатии илмӣ ва мактабҳои олӣ корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ташкил карда шаванд. 
Дигар масъалаи ташвишовар дар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ҳанӯз ҳам ҷой доштани ҳодисаҳои бо мошинҳои шахсӣ, телефонҳои мобилӣ ва бо либоси ғайримактабӣ ба муассисаҳои таълимӣ омадани хонандагону донишҷӯён мебошад, ки ба ҷараёни дарсҳо, сифати таълим ва донишандӯзии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Аз ин лиҳоз, роҳбарони Вазорати маориф ва ҳамаи муассисаҳои тобеи он бори дигар вазифадор карда мешаванд, ки доир ба иҷрои супориши Президент тадбирҳои ҷиддии иловагӣ андешанд.
Ҳамчунин, ба ҷавонон бояд риояи қатъӣ ва ҳатмии қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»-ро фаҳмонидан зарур аст, зеро зиндагии онҳо ҳоло дар пеш аст ва муқаррароти қонуни зикршуда бевосита ба ҳаёту рӯзгори ояндаи онҳо дахл доранд. 
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Консепсияи миллии тарбия дар муассисаҳои таълимии кишвар то ҳанӯз дар сатҳи зарурӣ иҷро намегардад, дар ҳоле ки ин санад сиёсати имрӯза ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ муайян месозад. 
Вобаста ба ин, дар аксарияти вохӯриву суханрониҳои худ таъкид месозам, ки коста гардидани ахлоқи қисме аз ҷавонон, гаравидани онҳо ба ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегонаи диниву мазҳабӣ ва ба ҷинояткорӣ даст задани иддае аз онҳо моро набояд бетараф гузорад. Фаромӯш набояд кард, ки таълиму тарбия дар баробари ин, ки самти муҳими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мебошад, он ҳамчунин вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд, падару модарон, созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва умуман аҳли ҷомеа низ ба шумор меравад.
Дар ин марҳалаи басо ҳассос ва муборизаҳои ошкору ниҳон рисолати мо - калонсолон тарбия намудани наврасону ҷавонон, ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо ва сазовори гузаштагони баору номуси миллатамон гардонидани наслҳои имрӯза мебошад. Мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия карда, дар муҳити оила, ҷомеа ва дарсҳои тарбиявӣ бо онҳо доир ба ахлоқу одоби ҳамида, маърифати инсонӣ ва шаҳрвандӣ, риояи қоидаҳои сару либос ва дигар масъалаҳои марбут ба таълиму тарбия сӯҳбат кунем. Дар ин раванд ҳамеша як ҳикмати пурмӯҳтавои халқамонро дар хотир бояд дошт, ки “фарзанд азиз, вале одобаш аз вай азизтар аст”. 
Имрӯз дар минтақаҳои гуногуни мамлакатамон баъзе гурӯҳҳои экстремистии диние пайдо шудаанд, ки ҳадафи фаъолияти онҳо  ҷудоиандозӣ дар байни мусулмонон мебошад. Ин масъала низ набояд аз мадди назари ҳар яки мову шумо дур бошад. Зеро мақсади ин гурӯҳҳо ба сари ҷомеа, алалхусус ҷавонони мо таҳмил кардани ақидаҳои носолим мебошад.
Бо Фармони Президенти кишвар соли 2009 Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон карда шуд. Ин иқдом, пеш аз ҳама, ба хотири он аст, ки мардуми кишвар, хусусан ҷавонон бори дигар ба хотираи таърихии миллат ва арзишҳои милливу маънавӣ рӯ оранд ва аз дасисаи ҳар гуна гурӯҳҳои тафриқаандоз ва бегонапараст дар канор бошанд. Ҳадаф аз ҷорӣ кардани фанни “Маърифати ислом” дар барномаи таълимии мактабҳои таҳсилоти миёна низ, пеш аз ҳама, дар ҳамин аст.
Бо ин роҳ мо ҳамчунин метавонем хонандагону донишҷӯёнро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва одобу ахлоқи ҳамида тарбия намоем.
Аз ин лиҳоз, ба Вазорати маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои дигари марбута супориш дода мешавад, ки барои баланд бардоштани тарбияи шахсиятҳои дорои сатҳи баланди ахлоқӣ тадбирҳои иловагии мушаххас андешида, ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намудани хонандагону донишҷӯён аз тамоми имконот истифода намоянд.
Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки миллати мо ҳамчун вориси тамаддуни ориёӣ аз қадим соҳибфарҳанг, соҳибтамаддун ва соҳибдавлат буд. Мо чеҳраи хоси миллӣ, забони шевои гуфтор, таърих ва адабиёту фарҳанги ғановатманд, мазҳаби таҳаммулгаро, расму оин, сару либоси миллӣ, хулоса аз муҳити хонаводагӣ то шаҳрдориву давлатдории миллӣ тамоми арзишҳои миллиро дорем ва бо онҳо ифтихор мекунем. Бинобар ин, миллати тоҷик ғайр аз арзишҳои волои умумибашарӣ ба ягон арзиши дигар, инчунин идеологияи бегона ниёз надорад.              
Ягона орзуву омоли деринаи миллати мо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ буд, ки баъди ҳазор сол ба он соҳиб шудем ва баъди ду сол 20-солагиашро ҷашн мегирем.
Аз ин рӯ, ба шумо – ҷавонони кишвар муроҷиат карда, бори дигар таъкид месозам, ки бо ифтихор аз арзишҳои ҷовидонии Ватан, модар, давлати соҳибистиқлол, фарҳангу суннатҳои милливу мазҳабии тоҷикон ҳамеша дар ҳифзи аслу насаби худ бошед. Бегонапарастӣ ва аслу насаби худро фурӯхтан хиёнат ба модар, Ватан, давлат, миллат ва мазҳаби худ аст, ки ин гуноҳи нобахшиданист.
Фаромӯш набояд кард, ки мо таҳкими истиқлолият ва давлатдории миллии худро танҳо бо худшиносӣ, худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, дониши комил ва одобу ахлоқи ҳамида таъмин карда метавонем ва дар ин кор шумо – устодону омӯзгорон ва ҷавонони мамлакат бояд намунаи ибрати дигарон бошед.
Бо ҳамин орзуҳои нек ҳамаи шумо ва аҳли маорифи Тоҷикистони соҳибистиқлолро бори дигар бо Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил, инчунин 18-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки онро баъди якчанд рӯз таҷлил мекунем, табрик гуфта, дар роҳи таълиму тарбияи насли ҷавон, таҳқиқоти илмӣ ва донишандӯзиву касбомӯзӣ барору комёбиҳо орзумандам.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1161

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед