logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

АВТОМОБИЛИ ШУМПАЙ
(Детектив)
Автомобиле, ки ҳоло дар борааш нақл мекунем, дар қатли 20 миллион нафар аз мардуми ҷаҳон «гунаҳкор» дониста мешавад. Ин сабукрави сурхранг махсус барои аҳли салтанати Австрия сохта шуда буд.
28 июни соли 1914 авзои сиёсии Аврупо гӯё таркишеро интизор буд. Хурдтарин шарора кифоя буд, то оташи ҷанг ин қитъаро фаро гирад. Арч дюк Франс валиаҳди Австрия ва ҳамсараш савори автомобил хостанд хиёбонҳои Сараеворо давр зананд. Ин замон аз фазо бомбае сӯи автомобил партоб гардид. Он чанд лаҳза «таъхир намуд». Ин вақт аллакай валиаҳду ҳамсараш ҷон ба саломат бурда буданд. Аспсаворони салтанат, ки аз қафои автомобил меомаданд, туъмаи бомба шуданд.
Ронандаи автомобил, ки огоҳии комил аз шебу фарози роҳу хиёбонҳои шаҳрро дошт, ногоҳ дар хиёбони тангу борик раҳгум зад. Ин замон ҷавоне аз дохили яке аз хонаҳои сари раҳ берун ҷасту чанд тир сӯи мусофирони автомобил холӣ кард. Ин бор ҷуфти оилаи шоҳӣ ҷон ба ҷонофарин супурд. Ҷавони қотил аз дасти муҳофизон дар ҷои ҳодиса ба қатл расонда шуд.
Куштори ҷуфти салтанат боиси оғоз гардидани ҷанги якуми ҷаҳон гашт. Дере нагузашта оташи ҷанг ба саросари Аврупо сироят кард. Генерал Потюрк, фармондеҳи лашкари панҷуми Австрия хонаи ҳокими Сараеворо мусодира карду автомобили сурхи балоофарро соҳиб гашт. Баъди 21 рӯзи ин ҳодиса лашкараш дар Волево шикаст хӯрда, худи Потюрк фармондеҳиро аз даст дод, ба Вена бадарға гардиду он ҷо дар фақру бенавоӣ ҷон бохт.
Минбаъд капитани дигар аз лашкари шикастхӯрдаи Потюрк сабукравро соҳибӣ кард. Рӯзе нуҳум буд, ки босуръат ин автомобилро меронд. Ногаҳ ду рустоиро пахш намуда, худ ба дарахт бархӯрд ва ҳалок гашт.
Пас аз хотимаи ҷанг фармондеҳи югославӣ автомобилро тасарруф карду супориш дод, то таъмиру таҷдид намоянд. Давоми чор моҳ чор маротиба ин сабукрав ба садама дучор шуд ва бори чорум марди югославӣ дасти рости худро аз даст дод. Баъди ин ҳодиса фармон содир намуд, ки автомобил нест карда шавад. Аммо шахсе бо номи доктор Саркис онро бо пули ночиз харида, аз нестшавӣ «халос» кард. Дере нагузашта автомобили вожгун бо доктор Саркис дар паҳлуи ҷодае ёфт шуд, ки ронанда ҳангоми чапа шудан зери он монда буд.
Ҳамсари Саркис сабукравро ба як ҷавоҳирфурӯш фурӯхт. Чанде гузашту ҷавоҳирфурӯш бедалел даст ба худкушӣ зад. Бо гардиши айём сабукрав ба дасти ронандаи шведии мусобиқоти автомобилронӣ расид ва ӯ низ ҳангоми машқ ба деворе бархӯрда, дар ҳамон ҷо ҳалок шуд.
Ин автомобил боз ба баромадгоҳаш – Сараево баргашт. Он ҷо кишоварзе онро чанде савор шуд. Ногаҳон рӯзе муҳаррикаш аз кор монд. Вақти бо ёрии чорчарха буксиркунон ба таъмиргоҳ бурдани он худ аз худ ба ҳаракат даромаду кишоварзро пахш карда кушт.
Соҳиби охирини сабук-рави сурхранг механике буд аз Австрия. Ӯ нахуст онро таъмир карда, ранги обӣ дод. Аммо азбаски автомобилро ҳама бехосияту шум медонистанд, ба касе фурӯхта натавонист ва маҷбур худаш савор шуд. Рӯзе ҳамроҳи панҷ нафар аз дӯстонаш ба тӯйи арӯсӣ мерафт. Дар сари механик ногоҳ ҳаваси сабқатварзӣ бо дигар автомобилҳои ҷашн афтод. Ҳамин тавр механик ва ёронаш «ба қатл расиданд».
Автомобили шумпай аз Австрия баъди бозсозӣ ба осорхонаи Вена фиристода шуд, то ки ба таври ҳамешагӣ зиндонӣ бошад. Саранҷом дар замони ҷанги дуюми ҷаҳон бар асари бомбае, ки аз тарафи иттифоқчиён ба рӯи осорхонаи Вена партофта шуд, автомобил низ таркида пора - пора гардид.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


АРДАФАР ВА ПИРАМАРД
Ардафар ба 30 даромада бошад ҳам, ҳеҷ кораш омад намекард. Маълумот гирифту кор наёфт, машғулият пайдо карду ба касбаш рост наомад. Аз ҳама аҷибаш, дар зиндагӣ ҳеҷ бо духтаре вонахӯрд, ки тавонад бо ӯ оила барпо намояд.
Рӯзе дар хиёбони марказии шаҳр асабониву рӯҳафтода қадам мезад. Чашмаш ба марди мӯйҳои дарози ба китфонаш рехта, дар даст асои дароз ва дар китф кӯлвори вазнине дошта афтод. Бо истеҳзо «Ана сӯфии замони мо» гуфт. Мард ин суханони ӯро ношунида гирифту пурсид: «Оё мушкиле доред?».
Ардафар бе риё ва ҳавобаландона  гуфт: «Ҳеҷ духтари хуберо намеёбам, ки бо ӯ издивоҷ кунам. Оне, ки зебо менамояд, фаросаташ камтар аст, фаросат дошта бошад, ҳусн надорад, чӣ кунам?» Марди оқил аз модараш пурсид. Ҷавон шӯриду гуфт: «Модарам ин ҷо чӣ дахл дорад?» Бо пиракӣ бозӣ карданӣ шуда, бо нафрат қоил шуд, ки модараш як аҷузаро мемонад: сергап, инҷиқ, дилнокаш. 
- Пас чӣ гуна духтарони дигар ба ту маъқул шаванд? – зуд посух дод пирамард.
«Вақте ту бо муҳаббати нахустинат чунин рафтор мекунӣ, чӣ гуна метавони зебоӣ, ақлу заковат ва садоқати дигаронро дарк намоӣ?
Замоне модарат зеботарин зани дунё буд, ту инро фаромӯш кардаӣ. Ӯ  туро бо меҳр ва гарм ба оғӯш мегирифт, чӣ гуна ин ҳис дар вуҷуди ту ба нафрат бадал гаштааст? Бароят шабҳо то саҳар хоб намерафт. Ҳоло аз дасташ ин кор наояд ҳам, барои туро аз ҳодисаҳои нохуш нигоҳ доштан беист маслиҳат медиҳад, ки дар назарат пургӯӣ менамояд. Бо ин ҳол оё метавон, зебоиву нафосат, фаросату садоқатро ҳис кард?»
Ҷавон моту маҳбут гашта, чӣ тавр рӯйи харак нишастан, рӯзгори ширини бо модар доштаашро якояк пеши назар овардан ва аз эҳсоси шарм бемадор гаштанашро надониста монд.
Рӯз бегоҳ шуд, офтоб паси қуллаи қӯҳҳо пинҳон гашт. Ҷойи он кӯчаҳои шаҳрро чароғҳо мунаввар карданд. Замоне ба худ омад, ки духтари париваше модари дар суроғи фарзанд саргардони ӯро аз дастонаш дошта меовард.
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ


БИСЁР МЕНИШИНӢ? ЗУД ПИР МЕШАВӢ
Мутахассисони Донишгоҳи Калифорния дар Сан-Диего пайвастагӣ байни тарзи нишастаи ҳаёт ва пиршавии зуди ҳуҷайраҳои инсонро муайян карданд. Ба ақидаи олимон, камфаъолиятӣ раванди пажмурдашавии организмро фаъол мегардонад, - иттилоъ медиҳанд ВАО - и хориҷӣ.
Дар тадқиқот 1,5 ҳазор занҳои аз 64 то 95 - сола иштирок карданд. Баъди омӯзиши тартиби рӯз ва хӯрокхӯрӣ, таърихи бемориҳо, индекси вазни бадан ва одатҳои зарарнок мутахассисон ба хулоса омаданд, ки синни биологии ҳуҷайраҳои занҳои беш аз 10 соат дар як рӯз менишаста ва зиндагии камфаъол дошта, нисбат ба занҳое, ки бештар ҳаракат карданро авло медонанд, ҳашт сол «калонтаранд».
«Агар шумо хоҳед, ҳар чи бештар ҷавонтар тобед, ҳамчунин, умри бардавом ва пурсаодат дошта бошед, пас бадани худро ба ҳаракат кардан маҷбур созед»,- таъкид доштааст роҳбари гурӯҳ Аладдин Шадяб.
Ӯ қайд кардааст, занҳое, ки зиндагии камфаъол доранд, вале лоаққал 30 дақиқа дар як рӯз ба сарбории ҷисмонӣ вақт ҷудо мекунанд, бо пиршавии суръатноки ҳуҷайраҳо ҷиддӣ рӯ ба рӯ намешаванд. Ғайр аз ин, занҳои камфаъол бештар хавфи гирифторӣ ба бемориҳои системаи дилу рагҳо, диабети қанд ва ҳатто саратонро доранд.  
Дар охир мутахассисон изҳор доштанд, ки хулосаҳои баровардашуда на танҳо ба занҳо, балки ба мардҳо ҳам тааллуқ доранд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


ТЕЛЕГРАММА
Аз ёддоштҳои Борис Полевой:
– Як вақт телефони хонагии Валентин Катаев ончунон тӯлонӣ банд шуд, ки маҷбур аз хона баромада, бо троллейбус ду истгоҳро тай намуда, ба ӯ бо чунин мазмун телеграмма навиштам: “Гӯширо гузоред. Наметавонам бо шумо тамос гирам». Телеграммаро ирсол намуда, аз пайи корҳоям ба  маҷаллаи “Юность” омадам. Аҷиб ин аст, ки вақте баъди ду соат ба хона расидам, маро бо чунин мазмун телеграмма интизор буд:
- Аллакай панҷ дақиқа шуд, ки гӯширо гузоштаам, чаро занг намезанед?-  Катаев.
Тарҷумаи М. ЗУВАЙДОВА


247 РӮЗ УМРИ ЯК БОРОН
Аз рӯйи маълумоти «Китоби рекордҳои Гиннес» дарозмуддаттарин рӯзҳои боронӣ дар яке аз ҷазираҳои Гавай ба қайд гирифта шудааст. Ин ҳодиса 27 августи соли 1993 оғоз гардида то 30 апрели соли оянда тӯл кашид. Яъне 247 рӯз бетанаффус борон борид. Аммо тааҷҷубовараш ин буд, ки бошандагони ин минтақаро борони фавқулода ба ҳайрат наовард. Зеро дар ин минтақа мувофиқи ҳисоботи оморӣ дар 1 сол ҳамагӣ 20 рӯз ҳавои бебориш ба қайд гирифта мешавад.
Каме пештар аз оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон дар шаҳри Мешерии Русия боришоти аҷибе шуд. Ин борон ба сари мардум тангаҳои қадимае, ки ба асри 16 мансуб буданд, фурӯ мерехт. Мутаассифона ин тангаҳо он замон қурбашонро гум намуда буданд. Маълум шуд, ки борони бошиддат хазинаеро ошкор намудааст.
Боришоти дигаре, ки тамоми замину осмонро бо резондани моҳӣ пур намуда, ҳамагонро ба ҳайрат овард,  соли 1892 дар Амрико  ва соли 1918 дар Англия ба қайд гирифта шуд. Умуман, ин гуна боришоти фавқулода дар тамоми олам бо боридани тимсоҳу парандагони мурдаву зинда ва ҳашароти гуногун хеле зиёд сар задааст… 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ЛУТФИ САРА
Сара Адлер, яке аз маъруфтарин ҳунармандони театри Аврупо, ҳамеша кӯшиш мекард, ки синну соли худро ниҳон дорад. Як вақт журналисте аз ӯ мепурсад:
– Хонум Адлер, ман намехоҳам ба иззати нафси шумо расам, вале ба ҳар ҳол, лутфан, бигӯед, ки чандсолаед?
– Шасту ҳаштсола, – мижа хам накарда, - посух медиҳад ҳунарманд.
– Аҷиб,- эътироз намуд журналист, - ман навакак бо писаратон суҳбат доштам ва ӯ гуфт, ки шастсола аст, ин чӣ хел мешавад?!
– Чӣ хел,  чӣ хел мешавад! – ҳамчунон ҷиддӣ мегӯяд Адлер. – Ҳар кас зиндагӣ ва синну соли худашро дорад.
Тарҷумаи Л. РИЗОЕВА


400 000 СОЛ МАҲРУМИЯТ АЗ ОЗОДӢ
Хаткашони 22 – сола Габриэл Марч Грандос беэътиноӣ карда, дар корномаи хаткашонии хеш қариб 43 000 номаро ба соҳибонаш нарасондааст. Барои ин саҳлангории хунукназарона суди Палма-де-Майорк Грандосро ба муҳлати рекордӣ, тақрибан  чорсад ҳазор сол (ба  ҳар мактуби дастраснагардида 9 сол) аз озодӣ маҳрум намуда, пушти панҷара шинонд.
Хаткашон аз соли 1972 то имрӯз дар маҳбас аст. Ҳамин тавр,  Габриэл Марч Грандос шахсест, ки тӯлонитарин муҳлати аз озодӣ маҳрум гардиданро дорост ва номаш низ дар «Китоби рекордҳои Гиннес» сабт шудааст.
«Қонунгузории Испания барои амдан маҳв кардани ҳуҷҷатҳо 9 сол маҳрум шудан аз озодиро пешбинӣ менамояд. Бо вуҷуди ин, боз ҳам мутобиқи қонунгузории маҳаллӣ Грандосро пас аз 40 соли зиндонӣ бояд озод менамуданд. Ҳамин чиз иҷро шуд ё не дақиқан мушаххас нест, зеро то ҳол дар бораи хаткашон Грандос ягон хабари тозае вуҷуд надорад», -  менависад АиФ ru.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


17 СОЛИ БЕКӮДАКӢ ВА 6 КӮДАК ДАР ЯК СОЛ
Аҷибола ва Адебоя Тайвоҳо давоми 17 сол тавлиди фарзандро интизор буданд. Бахт ба рӯяшон хандиду якбора соҳиби шаш фарзанд гардиданд.
Аҷибола ва Адебоя нигеритабор буда, дар иёлати Вирҷинияи ИМА ба сар мебаранд. Орзуи бисёрсолаи онҳо соҳиби фарзанд шудан буд. Якбора 3 писар ва 3 духтари онҳо ба дунё омаданд. Кӯдаконро бо роҳи чоки қайсарӣ ба дунё оварданд. Дар рафти он 40 корманди тиб иштирок намуд. Ба гуфтаи табибон, айни ҳол авзои кӯдакон хуб аст.
Ҳодисаи таваллуд шудани шашгоник хеле кам ба мушоҳида мерасад. Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2015 дар ИМА 4 миллион кӯдак таваллуд шуда, аз ин ҳамагӣ дар 24 ҳолат ба дунё омадани 4 ва зиёда аз он кӯдакон мушоҳида гардидааст.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


ОСОРХОНАИ ЗЕРИОБӢ
Дар шаҳри Канкуни Мексика  аз рӯйи лоиҳаи  Джейсон Тейлер осорхонаи зериобӣ сохта шуд. Номи онро «Муза» гузоштанд. Коршиносон «Муза» - ро аз пурэҷозтарин ва гаронарзиштарин осорхонаҳои дунё  арзёбӣ намуданд. Ҳоло  он аз мавзеъҳои дӯстдоштатарини сайёҳони ҷаҳон аст.
Экспонатҳои осорхонаи зериобиро зиёда аз 400 ҳайкали одамони қабилаву миллатҳои гуногун  ташкил медиҳад. Мавзеи ҷойгиршавии намояҳо 400 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Тамоми композитсия 180 тонна вазн дорад.
Маҳсулоти  сохтмонии муҷассамаҳо хеле  босифат буда, барои дар об нигоҳ доштан мутобиқ мебошанд.  Аз ин рӯ, ягон махлуқи обӣ ва мавҷҳои пуртуғён наметавонанд ба  муҷассамаҳо осеб расонанд.
Намояҳо ба он хотир дар об  нигоҳ дошта мешаванд, ки инсонҳо  бо тамошои осорхона  дарк намоянд, ки инсон дар ҳақиқат бо  табиат робитаи ногусастанӣ дорад ва онҳо наметавонанд бе таъсири ҳамдигар вуҷуд дошта бошанд.
Таҳияи Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ


СЕРДАРОМАДТАРИН ФУТБОЛБОЗИ ҶАҲОН
Тибқи раддабандии маҷаллаи «France Football» Криштиану Роналду, ҳамлагари мунтахаби Португалия ва клуби «Реал» - и Мадрид, сердаромадтарин футболбоз дар мавсими 2016 - 2017 шинохта шудааст.
 Даромади Роналду ин мавсим 87,7 миллион евроро ташкил додааст. Зимни раддабандӣ маош, мукофотпулӣ ва даромад аз рекламаи футболбозон ба назар гирифта шудааст.
Дар ҷойи дувум Леонел Мессӣ, ҳамлагарӣ яккачини Аргентина  ва клуби «Барселона», қарор дорад. Даромади солонаи ӯ 75,5 миллион евро  ҳисоб шудааст. Бо 55,5 миллион евро даромади солонаи Неймар, футболбози бразилиягӣ, дар зинаи сеюм қарор дорад.
Роналду, ки қаблан дар «Манчестер Юнайтед» бозӣ мекард, соли 2009 ба «Реал» гузашт. Ӯ солҳои 2008, 2013, 2014 ва 2016 ҷоизаи маъруфи «Тӯби тиллоӣ» - ро соҳиб шуда буд. Роналду дар мавсими футболи соли 2016 дар ҳайати «Реал» 38 гол ва мунтахаби Португалия 13 гол задааст.
Соли 2016 Роналду, ҳамчунин, дар ҳайати «Реал» Ҷоми олии УЕФА ва дар ҳайати мунтахаби кишвараш Ҷоми Аврупоро ба даст овардааст.
Таҳияи Л. ШАРИФ


КИШТИИ НУҲ (а)  ДАР КӮҲҲОИ АРАРАТ
Дар шарқи Туркия, дар соҳилҳои Анатолий, дар наздикии сарҳад бо Эрону Арманистон қаторкӯҳе зери барфҳои миллионсола қад кашидааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 5165 метр аст, яъне нисбат ба кӯҳҳои Тоҷикистон пасттар, вале яке аз кӯҳҳои он Арарат ном дорад ва он ин қаторкӯҳро машҳури ҷаҳон намудааст.
Дар ҳавои шаффофи субҳ, пеш аз он ки абрҳо рӯи кӯҳро пӯшонанд ва ҳамчунин, ҳангоми шом, вақте ки пардаи абр медараду симои боҳашамати кӯҳ намоён мегардад, бисёриҳо дар бағали баланди Арарат зери пиряхҳо шабеҳи киштии бузургеро ба мушоҳида мегиранд. Кӯҳи Арарат, ки дар баландии он гӯиё киштии паёмбар Нуҳ (а) лангар партофта бошад, дар бисёр китобҳои динии давраи шоҳигарии Вавилон ва давлатдории шумерҳо нақл шудааст. Дар ин китобҳо танҳо ба ҷои Нуҳ (а) номи Ут – Напиштим сабт ёфтааст. Дар китобҳои исломӣ, аз ҷумла «Қасас - ул – анбиё» кӯҳе, ки киштӣ лангар задааст, Ал – Ҷуд (қулла) ном дорад ва баъзе олимону коршиносон мегӯянд, ки зери ин ном Арарат ва ҳам ду кӯҳи дигар дар ҳудуди Шарқи Наздик фаҳмида мешаванд. Дар «Инҷил» омадааст: «Киштӣ дар кӯҳҳои Арарат таваққуф кард». Сайёҳоне, ки садсолаҳо бо корвонҳо ба Осиёи Марказӣ омадурафт доштанд, баъд нақл мекарданд, ки дар баландии Арарат киштии дар кӯҳ часпидаеро диданд ва баъзеи дигар мегуфт, ки киштӣ зери яхҳо санг гаштааст ва одамон аз тахтаҳои он ҳар гуна давою туморҳо тайёр менамоянд.  
Тахминан аз соли 1800 гурӯҳи кӯҳнавардон бо асбобҳои ченакгириву ҳисоббарорӣ ва аксбардорӣ озими Арарат шуданд, то ки воқеияти киштии Нуҳ (а) - ро дақиқ намоянд. Аммо натавонистанд ба чизе ноил шаванд. Танҳо пайи лағжиши киштии бузургеро дарёфтанд ва ба қароре омаданд, ки дар тӯли садсолаҳо киштӣ хеле поин фаромада зери пиряхҳо мондааст.
Аз сабаби он ки қитъаҳои ҷудогонаи Арарат тамоми сол зери барфу ях қарор доранд, ҷӯяндагони киштӣ онро аз наздик дида наметавонанд.
Дар бораи киштии Нуҳ (а), ки мегӯянд дар Арарат лангар партофтааст, ҳанӯз дар соли 275 пеш аз мелод воқеанигори вавилонӣ Бероес иттилоъ дода будааст. Пас аз Бероес солноманависи аҳди қадим  Иосиф Флавий низ саргузашти Нуҳ (а) – ро пурра нақл намуда, сипас чунин нигоштааст: «Як қисми киштиро имрӯз низ дар Арманистон дидан мумкин аст… Дар он ҷо мардум аз тахтаҳои киштӣ ҳар гуна тумор месозанд. Одамони маҳаллӣ ин маконро «бандар» меноманд ва ба ҳар хоҳишманд қисмҳои боқимондаи киштиро нишон медиҳанд».
Муаллифи «Ахбори ҷаҳон» Николайи димишқӣ дар асри I мелодӣ ин кӯҳро Барис номида, нигоштааст: «Дар ин кӯҳ одамон аз тӯфон наҷот ёфтаанд». Барисро дар Арманистон Масис низ меномидаанд. Марко Поло, сайёҳи асри XV, дар хотираҳояш сабт намудааст, ки ҳангоми рафтан ба Чин дар Арарат чашмаш ба сурати киштии Нуҳ (а) афтодааст.
Ин гуфтаву навиштаҳо ва тавсифи Арарат то ба имрӯз чун мавзӯи муҳим мондаанд, танҳо ҳаминаш аҷиб, ки то ҳол касе ба ин кӯҳ баромада наметавонад, на пиёда, на савори аспу хар ва на ба воситаи тайёраву чархболҳо. Бояд ҳаминро махсус зикр кард, ки тадқиқгарони замони муосир дар тарқишҳои пиряхҳо шоҳтиру болору сутунҳои чӯбинро дидаанд, ки бо дасти одам сохта шудаанд. Аммо кай киштӣ пурра таҳқиқ мегардад, маълум нест. Шояд ягон вақт ҳукумати Туркия ба ин кор иҷозат диҳад.
Қурбон МАДАЛИЕВ,  тарҷума аз русӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.06.2017    №: 121    Мутолиа карданд: 631

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед