logo

ҳуқуқ

ПОРА. БОЗ ДУ НАФАР БА ДАСТ АФТОД

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти ду нафар бо ҷурми гирифтани пора иттилоъ дод.
Тибқи иттилои агентӣ, Хосият Муродалиева аз моҳи майи соли 2013 дар вазифаи нозир, хазинадор оид ба мубодилаи асъори филиали № 75 БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ноҳияи Балҷувон кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш ба номи нафақахӯрон дар ҳудуди ноҳия расидҳои қалбакӣ тайёр намудааст. Аз ҷумла, моҳи август 1454 сомонӣ, сентябр 1221,20 сомонӣ, октябр 5263,8 сомонӣ, ноябри соли 2016 ба маблағи 9881,94 сомонӣ ва дар якчанд ҳолати дигар дар маҷмӯъ 71862,15 сомониро бо тартиб додани расидҳои қалбакӣ аз филиали бонки мазкур, тасарруф карда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Вобаста ба ҳолати зикршуда нисбат ба Хосият Муродалиева бо аломатҳои моддаи 245 қисми 3 банди «а» ва 323 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Ҳамчунин, Қаюм Султонов, бародари тиббии ҳуҷраи наврасони Маркази саломатии № 1 -  и шаҳри Истаравшан, ҳамчун котиби комиссияи тиббии даъвати соли 2017, барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани шаҳрванд «А» 1000 доллари ИМА талаб намуда, 15 марти соли 2017 аз ин маблағ 1790 сомонӣ баробар ба 200 доллари ИМА-ро гирифта, овардани 800 доллари боқимондаро талаб намудааст.
Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Қаюм Султонов баъд аз гирифтани маблағ дар ҷойи ҳодиса дастгир шуда, аз ӯ далелҳои шайъӣ ба миқдори 5340 сомонӣ ва 200 доллари ИМА, ки бо назардошти қурби асъори хориҷӣ ҷамъ маблағи 800 доллари ИМА-ро ташкил медод, ёфта гирифта шуд.
Вобаста ба ин ҳолат нисбати Қаюм Султонов низ бо моддаи 247 қисми 3 банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.06.2017    №: 121    Мутолиа карданд: 617

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед