logo

ҳуқуқ

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ТАБЛИҒГАРОНИ ИФРОТИРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

Минбаъд корбарони интернет ҳангоми мушоҳида намудани фаъолияти таблиғгарони гурӯҳҳои ифротгаро муваззафанд, то ба мақомоти марбута дар ин бора хабар диҳанд.

Ҷӯрахон Маҷидзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дар ин хусус зимни баррасии лоиҳаи қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ» дар ҳузури вакилон иттилоъ дод. Номбурда изҳор дошт, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мавриди назар тақвияти амалиёти фаврӣ - ҷустуҷӯӣ бар зидди гурӯҳҳои ифротгаро дар шабакаи интернет ва баланд бардоштани сатҳи ошкорсозии ҷиноятҳои марбут ба ҷалби шаҳрвандон ба  созмону гурӯҳҳои ифротгаро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Зикр шуд, ки ҳоло теъдоди корбарони интернет дар Тоҷикистон ба 3 миллион нафар мерасад, ки аз он 80 фисадаш ҳадафмандона ё ғайриихтиёр метавонад ба манбаъҳои ифротӣ дар интернет дастрасӣ дошта бошад. Ҷӯрахон Маҷидзода афзуд, ки  ҳамарӯза дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ барои ҷалби ҷавонон ба сафи худ 90 ҳазор паёмак ирсол мешавад. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар асоси яке аз бандҳои тарҳи мазкур ба мақомоти марбута иҷозат дода мешавад, то дар бораи шахсон ва гурӯҳҳое, ки дар интернет ба ҷалби шаҳрвандон ба созмону ҳаракатҳои ифротӣ машғуланд, иттилоъ ҷамъоварӣ намоянд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.06.2017    №: 121    Мутолиа карданд: 414

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед