logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МУҲАММАД АШРАФ ҒАНӢ

8 июн дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштанд, ки Тоҷикистон аз ташаббусҳои созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳи пойдору рушди иқтисодии Афғонистон ва мавқеи ин давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ пуштибонӣ намуда, самтҳои ҳамкориро бо Афғонистон дар феҳристи афзалиятҳои сиёсати хориҷии худ қарор додааст.
Зимни мулоқоти созандаи ҷонибҳо масоили ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният ва иқтисодиёт баррасӣ шуда, доир ба масоили муҳими ҳамкориҳои наздисарҳадӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги минтақавӣ дар соҳаи тиҷорату сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт ва инфрасохтор табодули афкори судманд сурат гирифт.
Ҳамкориҳои амниятӣ, аз ҷумла дар соҳаи ҳифзи сарҳадот самти ниҳоят муҳими ҳамёрии Тоҷикистону Афғонистон арзёбӣ гардид ва ҳар ду ҷониб зарурати тақвияти ҳамдастии муштаракро дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва зуҳури ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд.
Барои тақвияти бештари муносибатҳои байнидавлатӣ фаъолгардонии кори комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, пайгирии барномаҳои афзалиятноки энергетикӣ ва инфрасохторӣ, аз ҷумла сохтмони роҳи оҳан, созмондиҳии намоишгоҳҳо ва сафарҳои мутақобилаи тоҷирону сармоягузорон ба кишварҳои ҳамдигар зарур шумурда шуд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, масоили дигари минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамгироии байнидавлатӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкории Шанхай баррасӣ гардиданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.06.2017    №: 121    Мутолиа карданд: 948

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед